21:29:00 04-уми Июни 2025 сол

САФАРИ ҒАЙРИМУНТАЗИРАИ ЛЕОН ПАНЕТТА БА АФҒОНИСТОН

Вазири дифои ҷадиди ИМА Леон Пенетто дар як сафари аз қабл эълом нашуда, рӯзи шанбе ворид Кобул шудааст. Леон Панетта даҳ рӯз пеш ба ҳайси вазири дифои Амрико таъйин ва ҷойгузини Робет Гетс шуд. Ин нахустин сафари вай ба унвони вазири дифои Амрико ба Афғонистон аст.

leon-panetta-5456.jpgТибқи гузоришҳо қарор аст ҷаноби Панетта бо мақомҳои баландпояи афғон ба шумули раиси ҷумҳури ин кишвар Ҳомид Карзай дар бораи супурдани масъулиятҳои амниятии Афғонистон ба нерӯҳои афғон гуфтугӯ кунад. Қарор аст раванди интиқоли масъулиятҳо ба нерӯҳои афғон дар миёнаҳои моҳи ҷорӣ оғоз шавад.

Хабаргузории RDP-и Олмон гузориш медиҳад, ки дар ин сафари аз қабл эъломнашуда, Леон Панетта бо генерла Девид Петреус, фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон мулоқот кард. Девид Петреус ба зуди мақоми қаблии Леон Панеттаро ишғол карда ва раиси CIA ё идораи истихбороти марказии Амрико хоҳад шуд.

Оқои Панетта пеш аз сафараш ба Афғонистон ба хабарнигорон гуфт, пас аз марги Усома бин Лодин мавқеияти шуморе аз раҳбарони Ал-Қоида шиносоӣ шудааст. Вай афзуд: «Ҳудуди даҳ то бист раҳбари Ал-Қоида дар Покистон, Яман, Сомалӣ ва Африқои шимолӣ ҳузур доранд. Агар мо онҳоро таъқиб кунем, аз лиҳози стратегӣ метавонем Ал-Қоидаро шикаст диҳем. Мо нерӯи онҳоро коҳиш додааем ва онҳо акнун наметавонанд ҳамалотеро чун ёздаҳуми сентябри соли 2001-ро анҷом диҳанд. Онҳо дар ҳолати фирор қарор доранд.»

Леон Панетта афзуд, пас аз марги Усома бин Лодин акнун замони он фаро расидааст то бар Ал-Қоида фишор биёварем. Вазири дифои Амрико ҳамчунон гуфт, бовар дорад, ки агар фишорҳо болои Ал-Қоида бештар шаванд ва идома ёбанд, Ал-Қоида аз ҳам хоҳад пошид.

Леон  Панетта, ки ду сол пеш раиси идораи истихбороти марказии Амрико буд, марги Усома бин Лодинро оғози муҳиме барои шикаст додани Ал-Қоида хонд. Ӯ аз Покистон хост то дар мубориза алайҳи шабакаи Ал-Қоида кӯмак кунад.

Панетто ба хабарнигорон гуфт, Амрико ба таври хос аз Покистон мехоҳад ба зидди раҳбари ҷадиди Ал-Қоида Айман Аз-Завоҳирӣ, ки ғолибан дар манотиқи қаболии Покистон пинҳон аст, иқдом кунад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854