03:42:59 03-уми Июни 2025 сол

КЛИП-ВИДЕОИ КУШТА ШУДАНИ 16 ПУЛИСИ ПОКИСТОНӢ "АСЛ" АСТ

Артиши Покистон мегӯяд, ки як клип-видиое, ки дар он кушта шудани 16 пулиси ин кишвар ба дасти Толибон нишон дода мешавад, зоҳиран асл аст. Ин видию нишон медиҳад, ки нерӯҳои пулис дар ҳоле, ки дастҳояшон аз пушт басташуда ба рӯйи теппае саф кашидаанд, мавриди дашном қарор мегиранд ва баъд бо гулӯла кушта мешаванд.

/images/stories/2011/07/19_taliban_30555544.jpg

Гуфта мешавад ин ҳодиса дар июни гузашта рух дод, ки тайи амалиёте аз марзи Афғонистон гузашта ин пулисҳоро рабуданд. Сухангӯйи артиши Покистон ба Би-би-сӣ гуфт, ки ба назар мерасад, ки ин тасовир асл бошад. Аҷсоди онҳо муддате баъд тавассути мардуми маҳаллии минтақаи Дайр кашф шуд.

Пулис ин клип-видиюро аз як пулис ба даст овардааст, ки нишон медиҳад мардуми маҳаллӣ дар ҳоли шиносоии аҷсод ҳастанд. Дар даргириҳои ахир дар ин минтақа то кунун 25 пулиси дигар низ кушта шудаанд. Толибони Покистон масъулияти ин ҳамалотро бар уҳда гирифтааст.

Ин тасовир, ки тавассути Толибон мунташир шуда, бисёр дилхарош аст. Ин килип охирин лаҳазоти зиндагии нерӯҳои пулисро нишон медиҳад. Дар самти рост як фармондеҳи Толибон онҳоро муттаҳам мекунад, ки душмани ислом ҳастанд ва худо аз ӯ мехоҳад, ки онҳоро танбеҳ кунад.

Ӯ ҳамчунин бо ишора ба як клип-видиюе, ки соли гузашта мунташир шуд, гуфт сарбозони покистонӣ шаш писаре ҷавоне, ки мазнун ба узвият дар Толибон будандро куштанд. Аммо артиши Покистон мегӯяд ин тасовири видиоӣ ҷаълӣ будааст.

Лаҳазоте баъд мардони мусаллаҳ ба рӯи ин 16 нерӯи пулис оташ мегӯшоянд ва онҳо рӯйи замин меафтанд. Толибон ба сари ҳамаи онҳо тири халос мезананд, то мутмаъин шаванд ҳамагӣ кушта шудаанд. Алим Мақбул, хабарнигори Би-би-сӣ дар Исломобод, мегӯяд ин тасовир боъис мешавад, ки артиши Покистон аз шунидани ин иттиҳом, ки дар мубориза бо Толибон кӯтоҳӣ мекунад ба хашм ояд.

Ӯ меафзояд аммо низомиёни покистонӣ низ муттаҳам ба эъдомҳои худсаронаи мазнунин ба узвият дар Толибон ҳастанд. Артиши Покистон ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд худ бузургтарин қурбонии хушунатҳои Алқоъида ва гурӯҳҳои вобаст ба он будааст.

Ба гуфтаи сухангӯйи артиши Покистон, ин ҳамла тавассути аъзои Толибон, ки аҳли минтақаи Сувоти Покистон ҳастанд, анҷом шуд. Онҳо ду сол пеш ба дунболи амалиёти артиш ба Афғонистон гурехтанд. Аз он ҳангом ба баъд онҳо ҳар аз чанд гоҳ ба ин сӯйи марз ҳамла мекунанд ва амалиёте назири ҳодисаи минтақаи Дайрро анҷом медиҳанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854