07:11:07 29-уми Апрели 2025 сол

87 КУШТА ДАР ТАРКИШИ БОМБА ВА ТИРАНДОЗӢ ДАР НОРВЕГИЯ

Дар ҷараёни тирандозии як фарди мусаллаҳ дар урдугоҳи ҷавонони Ҳизби коргар, дастикам 80 нафар кушта шудаанд. Каме пеш аз он низ дар таркиши бомба дар наздикии дафтари нахуствазири Норвегия, дастикам 7 нафари кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

/images/stories/2011/07/23_tarkish_oslo_5454514.jpgДар пайи инфиҷори бомбаи қавие, ки дар Осло рух дод, ба чандин сохтмони давлатӣ, аз ҷумла ба дафтари нахуствазири ин кишвар осеб ворид шуд. Бар пояи охирин гузоришҳо, дастикам ҳафт нафар дар ин инфиҷор кушта шудаанд, аммо ба нахуствазири ин кишвар осеб ворид нашудаст.

Нахуствазири Норвегияи, ки дафтараш сахт осеб дидааст, авзоъро «бисёр ҷиддӣ» тавсиф кардааст. Соате қабл аз нимашаб, нахуствазир ва вазири додгустарӣ дар як нишасти хабарӣ  ширкат карданд.

Нахуствазири Норвегия ин ҳамларо ҳамла ба демократия дар ин кишвараш дониста ва қавл додааст ҳама имконоти кишварро барои пайдо кардани омилони ин ҳамлаҳо сафарбар хоҳад кард. Вай аз мардум хостааст телефонҳои худро рӯшан накунанд то бори шабака сангин нашавад.

ҲАМЛА БА УРДУГОҲИ ҶАВОНОНИ ҲИЗБИ КОРГАР

Расонаҳои Норвегия гузориш кардаанд марде, ки либоси пулис бар тан дошт, ба як гирдиҳамоии ҷавонон дар наздикиҳои Осло оташ кушуда ва дастакам 80 нафарро куштаааст. Ин дар ҳолест, ки пештар шумори талафот дар ин ҷазира даҳ нафар эълом шуда буд. Бар пояи охирин гузоришҳо, полис ба ин минтақа нерӯҳои зиддитеррорро фиристодааст.

Ин гирдиҳамоӣ марбут ба ҷавонони Ҳизби коргар, ҳизби нахуствазири Норвегия будааст. Хабаргузории Фаронса гузориш додааст, ки қарор буд нахуствазири Норвегия ба ин гириҳамоӣ биравад.

Ин урдугоҳ дар ҷазираи хурде дар атрофи Осло баргузор шуда буд ва пас аз ҳамла бисёре бо шино кардан аз минтақа фирор карданд. Як шоҳиди айнӣ ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки худ шоҳиди 20 ҷасад дар кампи ҷавонони Ҳизби коргар будааст.

Пулис мегӯяд ин ду ҳамлаҳо ба якдигар пайванд доранд ва як нафарро дар робита бо тирандозӣ ба сӯи урдугоҳи ҷавонон дастгир кардааст.

Пулиси Норвегия эълом кард, ки омили инфиҷор дар маркази Осло ва ҳамчунин тирандозӣ ба сӯи ҷавонони Ҳизби коргар яке аз шаҳрвандони ин кишвар аст. Пулис ҳувияти шахси боздоштшударо эълом накардааст. Аммо шабакаи хабарии давлати Норвегия ин шахсро Андерс Беҳринг Брейвики 32-сола эълом кардааст ва бархе аз расонаҳои ин кишвар аксе аз ин фардро мунташир кардаанд.

Бар пояи тасовир ва гузоришҳои мунташиршуда, дар маҳалли инфиҷор бештари шишаҳо то табақаи бистум шикастаанд. Нахуствазири Норвегия, ки маҳалли иқоматаш дар лаҳзаҳои аввали баъд аз инфиҷор эълом нашуда буд, дар мусоҳиба бо телевизиони ин кишвар эълон кард, ки ҳама вазирони кобина саломат ҳастанд.

Пас аз инфиҷор фазои тарсу ҳарос ва ваҳшат  дар Норвегия ҳоким шудааст. ИМА зимни изҳори ҳамдардӣ ба қурбониён, барои кӯмак ба давлати Норвегия эъломи омодагӣ кардааст. Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО низ амалро ба шиддат маҳкум карданд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ