04:06:28 02-уми Июли 2025 сол

ҲАМЛАИ ТОЛИБОН БА МАРКАЗИ УРУЗГОН 21 КУШТА ВА 37 МАҶРУҲ ГУЗОШТ

Дастикам бист нафар дар ҳамлаи гуруҳе аз шӯришиёни афғон ба шаҳри Таринкут, маркази вилояти Урузгон кушта шудаанд. Бар асоси иттилоъияи вазорати кишвари Афғонистон 37 тани дигар дар ин ҳодиса маҷруҳ шудаанд.

/images/stories/2011/07/29_taliban_29.07.2011.jpgАҳмад Умед Хупулвок, ҳамкори бахши паштуи Би-би-сӣ дар Урузгон, ки ҳамзамон барои хабаргузории "Пажвок" ва родию ва талевизиюни маҳаллӣ низ кор мекард, яке аз кушташудагони ин ҳодиса аст. Ҳамкорони оқои Хупулвок гуфтаанд ӯ замоне кушта шуд, ки саргарми таҳияи як гузориш дар мавриди тавоноиҳои пулис буд.

Ҷасади оқои Хупулвок дар истудиюи родию ва телевизиюни маҳаллӣ пайдо шуд. Мақомҳои амниятии афғон мегӯянд муҳоҷимони интиҳорӣ, ки бо силоҳи сабук низ мусаллаҳ буданд, ба таъсисоти давлатӣ дар маркази вилояти Урузгон дар ҷануби Афғонистон ҳамла карданд ва яке аз муҳоҷимон худро дар наздикии дафтари устондори вилоят мунфаҷир кардааст.

Вазорати дохилаи Афғонистон ба Би-би-сӣ гуфт дар ин ҳодиса се пулис кушта ва се пулиси дигар маҷруҳ шудаанд. Бештари кушташудагон афроди ғайринизомӣ ҳастанд. Мақомот мегӯянд даргирӣ замоне оғоз шуд, ки ду фарди муҳоҷим бумбҳои худро дар ин шаҳр мунфаҷир карданд. Ба дунболи ин инфиҷорҳо даргирии сангин миёни нерӯҳои амниятӣ ва шуришиёни муҳоҷим оғоз шуда ва он гуна ки мақомҳои амниятӣ мегӯянд панҷ тан аз муҳоҷимон дар даргирӣ бо пулис кушта шудаанд.

Ҳамалоти шуришиён дар Афғонистон ҳамзамон бо оғози раванди интиқоли масъулиятҳои амниятӣ аз нерӯҳои хориҷӣ ба нерӯҳои афғон дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар шиддат гирифтааст. Рӯзи гузашта шаҳрдори Қандаҳор дар дафтари кораш ҳадафи як ҳамлаи интиҳорӣ қарор гирифт ва кушта шуд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ