18:42:29 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Ошибка
  • Копирование не удалось

ДОКТОР АХТАРИ ҲАСАНХОН: «ДОЛЛАРҲОИ ҚАЛБАКИИ АМРИКО ДАР ХИДМАТИ НИЗОМИЁНИ ПОКИСТОН»

Собиқ муовини вазорати дороии Покистон гуфт, ки низомиёни кишвараш барои анҷоми амалиёти зиддитеррористӣ аз долларҳои тақаллубии Амрико истифода мекунанд, хабар медиҳад хабаргузории «Ирно».

/images/stories/2011/07/29_akhtari_29.07.2011.jpgДоктор Ахтари Ҳасанхон, рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории «Ирно» дар бораи вуруди долларҳои қалбакии Амрико ва таъсироти он ба рӯи иқтисоди кишварҳо изҳор дошт: «Давлати Покистон бояд аз қочоқи вуруди пулҳои қалбакӣ аз ҷумла долларҳои амрикоии чопшуда ба далели таъсири манфии он дар кишвар ҷилавгирӣ кунад».

Ӯ бо баёни ин ки ҳеҷ иттилое дар бораи мизони вуруди фаровони долларҳои қалбакии амрикоӣ дар ихтиёр надорад, гуфт: «Ҳеҷ шакке нест, ки ин долларҳои тақаллубӣ дар фаъолияти ғайриқонунӣ ва террористӣ шабеҳнизомиён хазина мешавад. Террористон дар манотиқи марзӣ дар Покистон имкони инро доранд, ки арзҳои тақаллубиро дар ихтиёри касоне, ки амалиёти интиҳорӣ алайҳи мардум анҷом медиҳанд, қарор диҳанд».

Муовини собиқи Вазорати дороии Покистон афзуд: «Вуҷуди долларҳои бидуни пуштибонӣ дар Покистон боис мешавад, ки иқтисод ва тиҷорати ин кишвар ба таври ҷиддӣ дар маърази хатар қарор бигирад. Ин иқдом дар кишвар боиси ноумед шудани мардум нисбат ба беҳбуди вазъи иқтисоди кишварашон мешаванд».

Вай бо таъкид бар ин ки арзҳои қалбакӣ дар тамоми дунё, ҳатто дар Амрико, мавриди истифода қарор мегирад, гуфт: «Давлатҳо бояд нисбат ба кашфи маҳалли чопи ин арзҳои қалбакӣ, ба вижа долларҳои Амрико бикушанд ва иҷоза надиҳанд як идда афрод ва ё қудратҳои манфиатҷӯ ба иқтисоди кишварҳои дигар латма ворид намоянд».

Доктор Ахтарӣ бо баёни ин ки долларҳои қалбакӣ таъсири манфӣ ба иқтисоди кишвар ворид месозад, афзуд: «Ворид шудани долларҳои қалбакӣ ба кишвари Покистнон ин кори дасти Амрико мебошад, ки тавассути ин кор битавонад иқтисоди Покистонро маҳдуд созад ва битавонад кишвари Покистонро таҳти контроли худ қарор бидиҳад».

Ахтари Ҳасанхон дар поёни суханаш гуфт, ки: «Дар сурати ҷилавгирӣ аз вуруди долларҳо ва арзаҳои қалбакӣ ба кишвар метавон шоҳиди поён ёфтани фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро дар Покистон шуд».

Манбаъ: Хабаргузории «Ирно»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi