01:41:23 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

САРНАВИШТИ ДИКТАТОРИ МИСР: АЗ МУШТИ ОҲАНИН, ТО ҚАФАСИ ОҲАНИН

Фардо муҳокимаи Ҳусни Муборак дар ҷамъи мардуми Миср оғоз мешавад. Диктаторе, ки 30 сол бо мушти оҳанин ба мардуми Миср ҳукумат кард, дар қафаси оҳанин муҳокима мешавад, то ибрате барои ҳамқаторони араби худ бошад.

/images/stories/2011/08/02_hosni_mubarak_2.8.11.jpgБа гузориши хабаргузории «Форс» мардуми ҷаҳони араб, ба вижа мардуми Миср, ин рӯзҳоро интизорӣ мекашанд, то баррасии муҳокимаи Ҳусни Муборак, касе ки акнун вайро диктатори Миср меноманд, фаро бирасад. Аввалин баррасии додгоҳ ва муҳокимаи вай фардо чаҳоршанбе 3-юми августи соли 2011 эълон шудааст. Ин муҳокима дар навъи худ на танҳо дар Миср, балки дар ҷаҳони араб бесобиқа аст. Муҳокимаи як раисҷумҳури араб ба дасти мардуми ҳамон кишвар. Бесобиқатар аз он қафаси оҳанӣ аст, ки барои муҳокимаи вай омода кардаанд ва қарор аст вай ба ҳангоми муҳокима дар он ҳозир бошад.

Фардо Мубораки 83-сола, ки 30 сол бо сиёсати мушти оҳанин бар мардуми худ ҳукумат кард, ба гуфти коршиносони мисрӣ, Исроил ва Амрикоро ба мардуми худ тарҷеҳ дод, дар қафаси оҳанин, дар ҷойгоҳи муттаҳам, муқобили қозии додгоҳи кишвари худ меистад. Ҳарчанд бархе аз хабарҳо аз адами ҳузури вай дар додгоҳ ҳикоят мекунанд. Дар зикр кӯчактарин намуна аз иродати вай ба Исроил бояд фурӯши Гази Миср ба Исроилро зикр кард, ки ҳатто ба қиммати камтар аз баҳои тамомшудаи истихроҷ ва тавлиди газ ба Тел-Авив фурӯхта мешавад.

Муборак, имрӯзҳо бо иттиҳомоте рӯ ба рӯст, ки ба гуфти афроди ҳуқуқдон, кайфари он ба ҳадди эъдом низ хоҳад расид. Иттиҳомоти монанди судури дастури кушодани оташ ва қатли мардуми тазоҳуроткунанда дар рӯзҳои инқилоби 23 январ, ки мунҷар ба суқути давлати вай шуд. Иттиҳомҳои дар бораи фасоди густардаи молӣ ва сӯистифода аз нуфуз ва қудрати худ.

Бо ин муҳокима мардуми Миср аввалин мазаи ширини инқилоби худро хоҳанд чашид ва метавонанд онро аввалин дастоварди малмуси инқилоби худ бидонанд.

Барои Шӯрои олии низомии Миср, ки акнун ҳоким бар Миср аст, навъи чолиш аст. Ин чолиши худро дар раванди муҳокимаи Муборак нишон дод. Таъхире, ки сабаб шуд, мардуми Миср дар як моҳи ахир бори дигар дар майдони «Таҳрир» таҷаммуъ кунанд ва Шӯрои низомии ҳоким бар кишвари худро ба ҳамдастӣ бо Муборак, бо ансори вай муттаҳам кунанд. Аммо Шӯрои низомӣ барои рафъи ин иттиҳом саранҷом ваъда кард, ки муҳокимаи Муборак ба суръат оғоз хоҳад шуд.

Кор то ҷое пеш рафт, ки Аҳмад Рафъат, раиси додгоҳи ҷиноии Қоҳира эълон кард, ки муҳокима ба суръат анҷом мешавад, ҳатто ҷаласаи додгоҳӣ ба сурати мустақим аз телевизионҳои ин кишвар пахш хоҳад шуд, то ба мардуми Миср итминон бахшӣ карда бошанд.

Фардо Муборак, дар муҳокимаи додгоҳии худ, ки қарор аст дар шаҳри Қоҳира баргузор гардад, иштирок мекунад. Аммо ҳанӯз бисёре аз мардуми Миср муҳокимаи вайро бовар надоранд, магар ин ки ин иттифоқ рӯх дихад, то бадин васила ба аввалин дарстоварди инқилоби худ бирасанд.  

Манбаъ: Хабаргузории «Форс»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi