01:59:25 01-уми Июли 2025 сол

СОЗМОНИ МИЛАЛ ХОҲОНИ ПОЁНИ ДАРГИРИҲО ДАР ЛИБӢ ШУД

Шӯришиёни Либӣ мегӯянд дар ҳоли ҳозир тақрибан кунтрули комили Таробулус, пойтахти Либиро дар ихтиёр дорад ва танҳо дар чанд минтақа бо муқовимати тарафдорони сарҳанг Қаззофӣ рӯбарӯ шудаанд. Даргириҳои парокандае дар атрофи фурудгоҳи байналмилалии Таробулус миёни тарафайн рӯй дода, аммо маркази шаҳр умдатан ором аст.

/images/stories/2011/08/28_game-over-28.8.2011.jpgДар нуқоти дигари кишвар низ мухолифони мусаллаҳ бо муқовимати ҷиддӣ дар бархе манотиқ рӯбарӯ шудааст. Дар Рос Лонуф шаҳри бандарии нефтхез, ҳаводорони сарҳанг Қаззофӣ дар баробари ҳамалоти мухолифон муқовимат кардаанд. Шӯришиён дар ҳоли омода шудан барои ҳамла ба шаҳри Сирт, зодгоҳи сарҳанг Қаззофӣ ҳастанд. Ин шаҳр, охирин пойгоҳи умдаи раҳбари Либӣ ба шумор меравад.

Дархости дабири кулли Созмони Милал

Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милал, аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хоста то бо ҳамкорӣ бо якдигар назмро дар Либӣ барқарор карда ва ба даргирӣ поён диҳанд. Оқои Бон гуфт буҳрони Либӣ вориди марҳилаи ҷадиде шуда ва дар он марҳила таъкид бояд бар интиқоли нарм ва ороми қудрат бошад.

Ӯ гуфтааст раҳбарони кишварҳо бояд ба Либӣ барои муқобила бо буҳрони инсонии мавҷуд кумак кунанд. Дабири кулли Созмони Милал, ки пас аз нишасте дар Созмони Милал сухан мегуфт, афзуд ниёзи фаврӣ барои поён додан ба даргириҳо ва барқарории субот вуҷуд дорад.

Созмони Милали Муттаҳид аз ҳама тарафҳо дар муноқишаи Либӣ хоста гомҳое барои итминон аз парҳез аз хушунат ва интиқомҷӯйӣ бардоранд Ӯ гуфт: "Мо хоҳони кумакҳои фаврӣ, бахусус кумакҳои пизишкӣ, омӯзишӣ ва хадамоти умумӣ монанди оби ошомиданӣ шудаем."

Либӣ дар ҳоли ҳозир бо камбуди оби ошомиданӣ, маводди ғизоӣ, сӯхт ва таҷҳизоти пизишкӣ рӯбарӯ аст ва ин масъала ҷони милюнҳо нафарро ба хатар андохтааст. Созмони Милал ахиран бо озод кардани 1.5 милёрд дулор дороиҳои масдудшудаи давлати Либӣ барои рафъи ниёзҳои инсондӯстона мувофиқат кард.

Давлати Бритониё эълом карда, ки дору ва маводди ғизоӣ ба Либӣ мефиристад. Давлати Бритониё эълом кард, ки бо таваҷҷуҳ ба ин ки кумакҳои инсонӣ дар Либӣ зарурӣ аст, буҷетеро барои Салиби Сурх ихтисос дода, ки бо он панҷ ҳазор захмии даргириҳои Либиро дармон карда ва барои ҳазорон нафар маводди ғизоӣ таҳия кунад.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин хоҳони робитаи беҳтари Шӯрои Миллии Интиқолии Либӣ ва Иттиҳодияи Офриқо шуд. Ин иттиҳодия то кунун аз ба расмият шинотани ин шӯро ба унвони давлати қонунӣ ва машрӯъи Либӣ худдорӣ кардааст.

Пештар Созмони Милали Муттаҳид аз ҳама тарафҳо дар муноқишаи Либӣ хоста буд гомҳое барои итминон аз парҳез аз хушунат ва интиқомҷӯйӣ бардоранд. Ин дар ҳоле аст, ки гузоришҳое аз бадрафторӣ ва эъдомҳое зоҳиран бидуни муҳокима тавассути нерӯҳои мухолиф ва нерӯҳои вафодор ба сарҳанг Қаззофӣ мунташир шудааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ