08:59:59 29-уми Апрели 2025 сол

НАМОИШИ ТАРРОҲИҲОИ ГУЛНОРА КАРИМОВА ДАР НЮ-ЙОРК ЛАҒВ ШУД

Ширкати IMG, ки намоишҳои Ҳафтаи мудро дар Амрико баргузор мекунад, аз намоиши маҷмӯъе аз тарҳҳои ҷадиди Гулнора Каримова дар Ню-Йорк худдорӣ кардааст. Ин ширкат баъд аз пофишориҳои созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар водор ба ин иқдом шудааст.

/images/stories/2011/09/13_karimova_13.9.2011.jpgГулнора Каримова, духтари Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон аст. Қарор буд вай бо тарҳҳои либоси офаридааш дар Ҳафтаи намоиши муд дар шаҳри Ню-Йорк ширкат кунад. Аммо дастандаркорони ин намоиш дар охирин фурсат анҷоми ин тадбирро лағв кардаанд. Дидбони Ҳуқуқи Башар яке аз созмонҳоест, ки алайҳи ширкати духтари раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон дар ин намоиш садо баланд кардааст. Ин созмон мегӯяд, ки дар Ӯзбакистон мавориди зиёди нақзи ҳуқуқи башар сабт шудааст.

Ин созмон дар баёнияе, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта интишор дод, навиштааст: “Тасмими масъулони Ҳафтаи муд дар Ню-Йорк ба лағви намоиши тарроҳиҳои Гулнора Каримова ҳушдоре ба мақомоти ӯзбак хоҳад буд, ки вазъияти ҳуқуқи башар дар он кишвар нигаронкунанда аст.”

Гулнора Каримова, яке аз ду духтари Ислом Каримов, ба унвони як тоҷири пуштибони ҳунар ва ҳунармандон шӯҳрат дорад. Вай соли гузашта дар Ҳафтаи намоиши муд дар шаҳри Ню-Йорк ширкат карда буд. Аммо баъд аз пахши номае аз сафири Амрико дар Ӯзбакистон дар сойти “Wikileaks", ки дар он хонуми Каримова “ғоратгар”, “муҳоҷим” ва “шахсияти аз ҳама мутанаффир дар кишвар” унвон шуда буд, эътибори Гулнора Каримова зери суол рафт.

Бисёре аз мудофеъони ҳуқуқи башар ӯро ба ҳамдастӣ дар мавориди густардаи нақзи ҳуқуқи инсон тавассути давлати худкомаи падараш муттаҳам мекунанд. Ҳамчунин, хонуми Каримова ба он муттаҳам шудааст, ки куллексиюни либосҳои ҷадиди вай зери унвони “Гулӣ”, ки ба намоиши Ҳафтаи муди Ню-Йорк пешниҳод карда буд, аз пахтае омода шудааст, ки кӯдакон дар Ӯзбакистон онро ҷамъоварӣ мекунанд.

То ҳол Гулнора Каримова ва ҳеҷ касе аз мақомоти Ӯзбакистон ба ин иттиҳомот посух надодаанд. Ин дар ҳолест, ки бар асоси иттилоъи рӯзномаи “New York Post”, мудофеъони ҳуқуқи башар дар Ню-Йорк қасд доранд ин ҳафта алайҳи режими Ислом Каримов роҳпаймоие доир кунанд. Яке аз авомиле, ки мӯҷиби хашми онҳо шудааст, басиҷи иҷбории мардуми Ӯзбакистон ба ҷамъоварии пахта будааст. Гуфта мешавад, ҳамасола беш аз як милюну 500 ҳазор нафар аз сокинон, аз ҷумла кӯдакону ҷавонони зери 18-сола, ба ҷамъоварии пахта дар Ӯзбакистон водошта мешаванд.

Елена Муравина, яке аз атбоъи собиқи Ӯзбакистон, ки ҳоло дар Амрико ба сар мебарад, дар мусоҳиба бо ин рӯзнома гуфтааст: “Мо ҳама маҷбур будем, ки ба ҷамъоварии пахта равем, дар ғайри ин сурат моро ҷарима мекарданд. Падари ман ҳаргиз наметавонист барномаи ҷамъоварии панбаро иҷро кунад ва аз ин рӯ, мо ба вай кумак мекардем.”

Аз сӯйи дигар, бисёре аз фурӯшгоҳҳои бузурги Амрико, аз ҷумла Gap, Walmart и Macy, ба нишони эътироз колои пахтагии ворида аз Ӯзбакистонро таҳрим кардаанд. Гулнора Каримова, ки бо Хулию Иглесиос, овозхони шӯҳратёр, дар соли 2009 барномае кунсертӣ иҷро кард ва гурӯҳи Стингро барои иҷрои барномае ҳунарӣ ба Тошканд, пойтахти Ӯзбакистон, овард.

Вай ҳамчунин симатҳои мухталиферо дар кишвараш соҳиб шудааст. Хонуми Каримова муддате намояндаи доимии Ӯзбакистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женев буд. Нокомии вай дар ширкат дар Ҳафтаи муди Ню-Йорк барои режими Ислом Каримов чандон хушоянд нест.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ