АФҒОНИСТОН: ҚОТИЛИ РАББОНӢ ПОКИСТОНӢ БУД
Кумитаи таҳқиқ дар бораи террори Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шурои Олии Сулҳ ва раиси ҷумҳури пешини Афғонистон эълом карда, ки қотили ӯ як шаҳрванди покистонӣ будааст. Оқои Раббонӣ рӯзи 20 сентябр дар асари ҳамлаи интиҳорӣ дар хонаи худ дар Кобул кушта шуд. Фарди бумбгузор худро ҳомили паёми сулҳ аз ҷониби Шурои раҳбарии гурӯҳи Толибон, ки ба Шурои Квета маъруф аст, муаррифӣ карда буд.
Ба дунболи терури ӯ Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон кумитаи вижаеро ба раёсати Абдулраҳим Вардак, вазири дифоъ, Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, вазири кишвар, Исҳоқ Алку, додситони кулл ва Раҳматуллоҳ Набил, сарпарасти Амнияти Миллӣ барои таҳқиқ дар ин маврид таъин кард. Ин кумита рӯзи якшанбеи 2 октябр дар нишасти Шурои Амнияти Миллӣ ба Ҳомид Карзай гузориш дод, ки тарҳи терури Бурҳониддин Раббонӣ дар шаҳри Кветаи Покистон барномарезӣ шуда буд.
Дафтари оқои Карзай дар иттилоъияе аз қавли аъзои ин кумита навиштааст: "Шахсе, ки даст ба амали интиҳорӣ алайҳи шаҳиди сулҳи Афғонистон устод Бурҳониддин Раббонӣ зад, табаъаи кишвари Покистон буд ва дар шаҳри Чаман зиндагӣ мекард."
Раиси ҷумҳурии Афғонистон дар рӯзи маросими ташйеъи ҷанозаи Бурҳониддин Раббонӣ ба ӯ лақаби "шаҳиди сулҳ" дод ва таъкид кард, ки барои шиносоии омилони терури ӯ талош хоҳад кард. Аъзои кумитаи таҳқиқ ҳамчунин гуфтаанд, ки аснод ва шавоҳиди бадастомада дар ҷараёни таҳқиқотро ҳамроҳ бо ном, нишонӣ ва шумораи телефунҳои муттаҳамон ба терури оқои Раббонӣ барои дастгирӣ ва таҳвил додани онон ба Афғонистон ба давлати Покистон додаанд.
Пеш аз ин Ҳомид Карзай ва бархе дигар аз мақомҳои ҳукумати Афғонистон гуфтаанд, ки Шурои раҳбарии гурӯҳи Толибон мавсум ба "Шурои Квета" дар тарроҳии қатли оқои Раббонӣ даст доштааст. Ин мақомҳо хостори иқдоми ҳукумати Покистон алайҳи ин шуро шудаанд.
Рӯзи шанбеи 1 октябр Лутфуллоҳ Машъал, сухангӯи Идораи амнияти миллии Афғонистон ба хабарнигорон гуфт, ки агар Покистон ба ин дархости ҳукумати Афғонистон посухи мусбат надиҳад, ин идора ба равиши худ дар ин маврид амал хоҳад кард, аммо тавзеҳи бештаре ироа накард.
Дар пайи терури раиси Шурои Олии Сулҳи Афғонистон равобити миёни Афғонистон ва Покистон тира шуда ва рӯзи шанбе ҳукумати Афғонистон фаъолиятҳои ситоди муштараки ду кишвар барои сулҳро ба ҳолати таълиқ даровард ва сафари барномарезишудаи Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон ба Кобулро ҳам лағв кард.
Қарор буд ситод дувумин нишасти худро дар ҷараёни моҳи ҷории мелодӣ дар Кобул баргузор кунад ва оқоён Гелонӣ ва Карзай ҳам қарор буд дар ин нишаст ширкат кунанд. Вазорати хориҷаи Афғонистон гуфтааст, ки давлати Покистон ба тааҳҳудоти худ дар қиболи таъмини сулҳ амал накарда ва ба ҳамин дигар ниёзе ба идомаи кори кумисюни муштараки сулҳ ва сафари оқои Гелонӣ дар ин маврид ба Кобул нест.
Мавзуъи Покистон дар маҷлиси Сено
Дар ҳамин ҳол маҷлиси Сенои Афғонистон ҳам дар нишасти рӯзи якшанбеи 2 октябри худ гуфтааст, ки Покистон аз терурисм ҳимоят мекунад ва давлати Афғонистон бояд дар мавриди равобити худ бо Покистон таҷдиди назар кунад.
Муҳаммад Алам Эзадёр, ноиби раиси ин маҷлис, ки иҷлоси рӯзи якшанбеи маҷлисро раёсат мекард, гуфт, ки давлати Афғонистон мукаллафият дорад, ки сиёсатҳои худ дар қиболи Покистонро бознигарӣ кунад.
Би-Би-Си