ТАРҲИ ТЕРРОРИ ҲОМИД КАРЗАЙ ХУНСО ШУД
Давлати Афғонистон эълом кардааст, ки мақомоти амниятии ин кишвар тарҳи тавтаъаи террори Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистонро хунсо кардаанд. Мақомоти афғон мегӯянд, ки дастгоҳҳои амниятии ин кишвар шаш нафарро дастгир кардаанд. Гуфта шудааст, ки бархе аз дастгиршудагон дорои иртибототе бо шабакаи Ҳаққонӣ будаанд.
Сухангӯи идораи амнияти миллии Афғонистон гуфта, ки аз байни ин шаш нафар яке корманди раёсати ҷумҳурӣ аст ва панҷ тани дигар умдатан ё устодони донишгоҳи тиббии Кобул ҳастанд ва ё аз донишҷӯёни ин донишгоҳ. Гуфта шудааст, ки ба кумаки шабакаи Алқоъида барои ин афрод дар яке аз бонкҳои хусусии Афғонистон як ҳисоби бонкӣ боз шуда буда ва маблағи 15 ҳазор дулор ба ин ҳисоб рехта шуда буд.
Идораи амнияти миллӣ мегӯяд, ки ин афрод аз суи ду шӯришии араб ва банглодешӣ дар минтақаи Мироншоҳ аз манотиқи қабоилии Покистон омӯзиш дида буданд. Таҳқиқоти аввалияи афғон нишон дода, ки ин афрод ҳамчунин дар назар доштанд ҳамалотеро алайҳи шуморе аз меҳмонхонаҳои мавриди истифодаи хориҷиҳо ва бархе дафотири созмонҳои байналмилалӣ дар Кобул роҳандозӣ кунанд.
Эъломи ин хабар соъате пас аз он сурат гирифтааст, ки нерӯҳои НАТО лар Афғонистон эълом карданд, шабакаи Ҳаққонӣ равобити наздике бо созмони ҷосусии Покистон дорад ва барои Афғонистон ва нерӯҳои хориҷӣ ва ҳамчунин Покистон хатаре ҷиддӣ аст. Корстен Ҷокубсун, сухангӯи НАТО дар Кобул дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ гуфт, ки шабакаи Ҳаққонӣ аз суи созмони иттилоъотии Покистон ва гурӯҳи Алқоъида ҳимоят мешавад.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки маҳофиле дар Ховари Миёна ҳам ҳастанд, ки аз гурӯҳи Ҳаққонӣ ҳимояти молӣ мекунанд, аммо ӯ номи онҳоро фош накард. Оқои Ҷокубсун гуфт: "Гурӯҳи Ҳаққонӣ шабакае аст, ки собиқаи тулонӣ дорад ва ҳамвора дар ду тарафи марзи (Афғонистон ва Покистон) машғули фаъолият будааст. Ин шабака дар вилояти Пактиё реша дорад, аммо муҳраҳои аслии гурӯҳи Ҳаққонӣ дар он суи марз ҳастанд."
Ӯ афзуд: "Шабакаи Ҳаққонӣ мехоҳад, ки дар ду тарафи марз паноҳгоҳ ва марокизи луҷистикӣ дошта бошад ва ин корро аз дер замон анҷом додааст. Тахмини мо ин аст, ки ҳудуди 2500 узви шабакаи Ҳаққонӣ дар Афғонистон ҳузур доранд ва ҳудуди 7500 тан аз аъзои ин шабака дар он суи марз ҳастанд."
Сухангӯи низомиёни таҳти фармони НАТО дар Афғонистон ҳамчунин дар вокуниш ба изҳороти ахири Сироҷиддин Ҳаққонӣ, раҳбари гурӯҳи Ҳаққонӣ гуфта ин шабака аз чанд сол ба ин су аз ҳимояти АйЭсАйи Покистон ва шабакаи Алқоъида бархурдор будааст.
Сироҷиддин Ҳаққонӣ, раҳбари ин гурӯҳ чанд рӯз пеш ба Би-би-сӣ гуфт, ки иттиҳоми иртибот бо АйЭсАй талоше аст барои пинҳон кардани нокомии давлати Афғонистон ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва мағшуш кардани афкори умумӣ.
Би-Би-Си