ДАРГИРИҲОИ ШАДИД ДАР СИРТ ИДОМА ДОРАД
Мустафо Абдулҷалил, раиси давлати муваққати Либӣ гуфтааст, ки даргириҳои шадид дар шаҳри Сирт идома дорад. Талафоти ин даргириҳо афзоиш ёфта ва даҳҳо нафар кушта ва садҳо нафар низ захмӣ шудаанд.
Фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Шурои Миллии Интиқолии Либӣ эълом карда, ки ҳалқаи муҳосираи ҳаводорони Муаммар Қаззофӣ дар шаҳри Сиртро тангтар кардааст. Хабарнигори Би-би-сӣ, ки дар бемористоне дар Мисрота ҳузур дошт, мегӯяд бисёре аз маҷруҳони ин даргириҳо ба ин бемористон мунтақил шудаанд ва зарфияти ин бемористон такмил шуда ва бисёре рӯи замин хобонда шудаанд.
Нерӯҳои давлати муваққати Либӣ ҳанӯз натавонистаанд ба маркази кунфаронси шаҳр даст пайдо кунанд, ҷое ки ҳанӯз оташбории сангини нерӯҳои ҳаводори Муаммар Қаззофӣ аз он ҷо идома дорад. Аз чанд рӯзи гузашта, ки даргириҳо шуруъ шуд, шумори зиёде аз мардум даруни шаҳр гир уфтодаанд.
Дар яке аз нуқтаҳои шаҳр, ки ба тасарруфи нерӯҳои Шурои Миллии Интиқолии Либӣ даромада муъодили ду миллиюн дулор искиносҳои тоза мунташиршуда пайдо шудааст. Эҳтимол меравад, ки ҳаводорони сарҳанг Қаззофӣ аз интишори ин искиносҳо барои таҳияи таҷҳизот ва истихдоми муздурон истифода кардаанд. Ҳамзамон пизишкон аз буҳронӣ будани вазъияти марокизи дармонӣ дар шаҳри Сирт хабар медиҳад.
Дибо Фахр, аз аъзои кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, ки ба тозагӣ аз бемористоне дар Сирт дидан карда, ба Бибисӣ гуфт: "Бемористон дар шароити бисёр сахте ба фаъолияти худаш идома медиҳад. Акнун беморҳо дар роҳравҳо истиқрор дода шудаанд, чаро ки утоқҳои дигар амн нестанд. Онҳо бо камбуди персунол мувоҷеҳанд ва фақат 3 дуктур дар бемористоне, ки ман аз он дидан кардам, ҳузур доранд, бо чанд донишҷӯи пизишкӣ ва теъдоди каме аз нерӯҳои муҷарраб ба умури пизишкӣ ва парасторӣ. Онҳо бо камбуди об, дору ва таҷҳизоти пизишкӣ рӯбарӯ ҳастанд ва ҳамчунон дар бебарқӣ ва бо шароити душвор ба фаъолияти худ идома медиҳанд."
Абдулраҳим Ҳасан, аз сокинони Сирт, ки ба тозагӣ муваффақ ба хуруҷ аз ин шаҳр шуда авзъи дохили Сиртро чунин тавсиф мекунад: "Мо пушти сариҳам шоҳиди бумборони шаҳр тавассути нерӯҳои НАТО будем, чи дар шаб ва чи дар рӯз. Ман ва аъзои хонаводаам дар хонаи худамон паноҳ гирифта будем то ин ки сохтмони наздики мо бар асари бумборон фурӯ рехт ва он вақт буд, ки мо ҳам тасмим ба хуруҷ аз шаҳр гирифтем."
Сирт зодгоҳи сарҳанг Қаззофӣ ва охирин пойгоҳи аслии ҳаводорони ӯ аст, ки то кунун муқовимате шадид дар баробари ҳамалоти нерӯҳои Шурои Интиқолӣ аз худ нишон додааст. Аз тарафи дигар нерӯҳои мухолифи сарҳанг Қаззофӣ мегӯянд, ки вуҷуди сокинон ва ғайринизомиён монеъ аз ҳамлаи ҳамаҷонибаи ин нерӯҳо шуда, ки талош мекунанд аз осеб расондан ба мардуми оддӣ парҳез кунанд.
Муҳаммад Ҳамудо, яке аз фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳи мухолифи сарҳанг Қаззофӣ рӯзи шанбе ба Би-би-сӣ гуфт, ки илова бар вуҷуди ғайринизомиён дар Сирт, вазидани тӯфони шан ҳам майдони дид барои муборизаро маҳдуд кардааст: "Мо мехоҳем ки пешравӣ кунем, аммо нигарони хонаводаҳо ва ғайринизомиёне ҳастем, ки ҳанӯз шаҳрро тарк накардаанд ва мумкин аст дар ҷараёни амалиёт осеб бубинанд. Илова бар ин тӯфони шанӣ, ки вазидан гирифта дидро бисёр маҳдуд карда ва авзоъро барои мубориpа печидатар кардааст."
Бо вуҷуди суқути Таробулус, пойтахти Либӣ ва мутаворӣ шудани сарҳанг Қаззофӣ аз маҷмуъаи Бобулазизия, ки солҳо намоди қудрати ӯ маҳсуб мешуд, бисёре муътақиданд, ки суқути Сирт нуқтаи поёнӣ бар достони диктотури Либӣ хоҳад буд.
Би-Би-Си