01:19:58 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ДУГОНИКИ ҚАЗЗОФӢ КУШТА ШУДААСТ, ХУДИ ПОЛКОВНИК ЗИНДА АСТ

Коршиноси Русия, ки нахост номаш ифшо шавад, изҳор дошт, ки Қаззофӣ зинда ва сиҳату саломат аст. Одаме, ки аз дасти исёнгарон дар Сирт кушта шудааст, Қаззофӣ нест. Балки яке аз ҳамандомҳои ӯ (двойник) бо номи Аҳмад парронда шудааст, хабар медиҳад "Садои Русия" ("Голос России").

/images/stories/2011/11/11_photo_gaddafi_2011.jpgКоршинос изҳор кард, далелҳое дорад, ки аз "сохтакорӣ" гувоҳӣ медиҳанд, ки аз ҳама ҷиддияшон видеосабти ҳабси Қаззофӣ мебошад. Аз ҷумла, бисёриҳо тасдиқ кардаанд, ки ҳангоми дастгиркунӣ ҳаво абрнок буд ва борони сахт меборид. Дар кадр бошад, ҳаво офтобӣ аст ва садои шамоли биёбон ба гӯш мерасад. Мӯйи сари Қаззофӣ сиёҳ аст. Мо дар сабт мӯйеро мебинем, ки ба ранги қаҳва наздик аст.

Ҷасаде, ки дар шифохонаи ҳарбӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст, мӯйсиёҳ мебошад. Коршинос баъд гуфт, ки ҷасади ба шифохонаи ҳарбӣ овардашуда, дар бадан ду захми тир дошт. Яке аз паҳлӯ, болотар аз гӯшаш ва дигаре дар шикам. Мо дар сабти видеоӣ боз як захми дигарро дар сар мебинем. Тирро аз наздик паррондаанд.

Чанд сол муқаддам Муаммар Қаззофиро аз шикамаш ҷарроҳӣ карда буданд, ки аз он доғи чуқури захм боқӣ мондааст. Дар ҷасаде, ки ба маърази тамошо гузошта шудааст, ягон хел доғи захм вуҷуд надорад ва ягон хел нишонаи амали ҷарроҳӣ ҳам нест. Лекин боз як маълумоти дигаре пайдо шудааст, ки тамоман муқобили гуфтаҳои коршиноси беноми рус мебошад.

Полковник ва зархаридони ӯро наҷотдодаро бо роҳи фиреб зери зарбаи авиатсияи НАТО гузоштаанд. Байни зархаридоне, ки ба Қаззофӣ барои тарк кардани шаҳри Сирт кӯмак расонидаанд, мумкин агентҳои Шӯрои миллии давраи гузариш низ буданд. Чунин фарзияро рӯзномаи "Сити пресс"-и Йоханнесбург бо истинод ба сарчашма дар разведкаи Ҷумҳури Африқои Ҷанубӣ чоп кардааст.

"Муаммар Қаззофӣ мумкин гумон дошт, ки ӯро барои зиндагӣ дар хайма ба Корра (биёбон дар Африқои Ҷанубӣ) мебаранд. Лекин зархаридони Африқои Ҷанубӣ ӯро аз оташ ба аланга бурданд. Эҳтимол худи зархаридҳоро ҳам фиреб додаанд ва онҳоро бовар кунондаанд, ки эшон ба Қаззофӣ барои наҷот ёфтан кӯмак мерасонанд", -навиштааст рӯзнома, ки маълумотҳои хадамоти махсуси ҶАҶ-ро дастрас кардааст.

"Акнун маълум мешавад, зархаридҳоро аз аввал барои он ҷалб кардаанд, ки нақшаи васеъро оид ба дастгир кардани Қаззофӣ амалӣ кунанд", -хулоса кардааст "Сити пресс".

Бино ба маълумоти нашрия мутахассисҳои Африқои ҷанубиро доир ба баргузор намудани чунин амалиётҳо моҳи августи соли равон як ширкати посбонӣ киро кардааст ва хабар додааст, ки мақсади онҳо аз Сирт баровардани Муаммар Қаззофӣ ва ба Африқои Ҷанубӣ овардани ӯ мебошад. Лидери сарнагуншудаи Ҷамоҳирия, чӣ хеле ки рӯзнома менависад, шахсан барои кӯмак ба ин ширкати посбонӣ муроҷиат кардааст ва "хоҳиши ба ҶАҶ омаданро кардааст, хубтар аз ҳама ба ягон биёбоне, ки тавонад дар хаймаи барояш мувофиқ зиндагӣ кунад. Масалан, дар мавзеи Карра.

Зархаридҳои барои овардани Қаззофӣ пешбинишударо аз Африқои Ҷанубӣ бо шиносномаҳои қалбакӣ таъмин карданд ва онҳо ба се гурӯҳ тақсим шуда, аз тариқи Дубай ва Қоҳира то ба Либия расиданд. Лекин баробари аз Сирт ба ҳаракат даромадани корвони мошинҳо бо полковник вай аз тарафи авиатсияи НАТО тирборон шуд ва баъди ин ҷанговарони Шӯрои миллии давраи гузариш лидери собиқи худро дастгир ва қатл карданд.

Манбаъҳои рӯзнома дар хадамоти махсуси ҶАҶ тахмин мекунанд, ки дар байни кормандони ширкати посбонӣ, ки ба он Муаммар Қаззофӣ муроҷиат кардааст, агентҳои Шӯрои миллии давраи гузариш низ будаанд ва ба ҳукуматдорони нави Либия дар бораи амалиёти берун овардани Қаззофӣ аз Сирт хабар додаанд.

«Дунё»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi