13:25:21 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДАР ЛИБИЯ МУҚОВИМАТ БА ҲОКИМИЯТИ НАВ МЕАФЗОЯД

Сокинони Либия дастаҳои муқовиматро ба ҳукуматдорони нав созмон медиҳанд. Чӣ хеле ки "Рейтер" хабар медиҳад, дар кӯчаҳои шаҳрҳои Либия ҷангҳо идома доранд ва шаҳрвандони пештар бетарафбуда, ба дастаҳои ҷонибдорони Қаззофӣ ҳамроҳ мешаванд.

/images/stories/2011/11/15_liby_posli-voyna_2011.jpgБа қавли хабарнигори ожонсӣ сабаби ба вуҷуд омадани чунин вазъият дуздиву ғоратгарӣ ва куштори оммавӣ аз тарафи ҷангварони Шӯрои миллии давраи гузариш аст. "Ин инқилоб нест, балки ниқор аз тарафи ҳукуматдорони нав мебошад", -изҳор дошт як сокини шаҳри Аз-Завия, ки аввалҳо исёни зидди Қаззофиро дастгирӣ мекард.

Гурезаҳое, ки ба шаҳрҳо бармегарданд, хонаҳояшонро ғоратшудаю вайроншуда дармеёбанд ва ҳамчунин роҳзанҳоеро мебинанд, ки зери парчами "Либияи нав" куштору ғоратҳо ташкил мекунанд. Баробари ин ҳукуматдорони нав шаҳрҳоро дар маркази Либия пурра таҳти контрол надоранд.

Масалан, дар Бани Валид, ки дар бораи ишғол шудани он қариб 3 ҳафта пеш пеш хабар дода буданд, тирпарронӣ идома дорад. Дар баъзе ноҳияҳо ҷанговарони Шӯрои миллии давраи гузариш шабҳо пайдо шуда, ба ҳаво тир мепарронанд, то сокинонро тарсонанд ва онҳоро маҷбур кунанд, ки ба ҷонибдорони Қаззофӣ напайванданд.

Ҳамзамон бо ин сокинони шаҳр изҳор мекунанд, ки омодаанд ба ҳукуматдорон имконият диҳанд, то онҳо роҳзанҳоро ором карда, тартибот ҷорӣ намоянд. "Агар онҳо ин корро дар вақтҳои наздик накунанд, мо онҳоро душман ҳисоб хоҳем кард", -гуфт як сокини пиронсоли Бани Валид.

Дар Тлумат ҳам тирпаррониҳо идома доранд ва сокинони маҳаллӣ, ки бо онҳо журналистҳо ҳамсӯҳбат шудан хостанд, рӯйҳои худро пинҳон мекарданд. Дар бисёр хонаҳои ин ҷой чунин шиорҳо пайдо шудаанд: "Қаззофӣ. Либия ва танҳо Либия".

Коршиносон қайд кардаанд, ки ба ҷонибдорони Қаззофӣ баъди ҳалокати лидерҳояшон муттаҳид шудан душвор мегардад, вале онҳо ба муқовимат идома медиҳанд. Махсусан дар ҳоле, ки одамон то ҳол яроқу аслиҳаи зиёд доранд.

Лекин қӯмондонҳои Шӯрои миллии давраи гузариш мегӯянд, ки онҳо хатари ҷиддӣ надоранд, зеро ҷонибдорони режими кӯҳна дар ихтиёри худ яроқу аслиҳаи вазнин надоранд. Аммо онҳоро лозим меояд эътироф кунанд, ки ҳамлаҳои шабона ба блокпостҳо вақтҳои охир зиёд шудаанд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi