КУШТА ШУДАНИ 26 САРБОЗИ ПОКИСТОНӢ ДАР ҲАМЛАИ НАТО
Бар асари ҳамлаи чархболҳои паймони НАТО 26 низомии покистонӣ кушта ва чаҳор тани дигар захмӣ шудаанд. Ин ҳамла қабл аз бомдоди шанбе ба як постгоҳи нерӯҳои покистонӣ дар минтақаи Моҳманд, воқеъ дар марзи Покистон ва Афғонистон сурат гирифтааст.
Хабаргузориҳои покистонӣ аз қавли мақомоти амниятии ин кишвар мегӯянд, ки дар миёни кушташуданон як афсар бо рутбаи майор ҳам будааст. Сухангӯи артиши Покистон ин ҳамларо маҳкум намуда онро «иғвоангезона» хондааст. Нерӯҳои НАТО ҳам ин ҳамларо тасдиқ намуда гуфтаанд, ки дар ин замина таҳқиқот анҷом хоҳанд дод.
Ҳамзамон хабаргузориҳои Покистон менависанд, ки ба дунболи ин ҳодиса ҳукумати ин кишвар ҳаракати мошинҳои маводи икмолотӣ барои нерӯҳои НАТО дар Афғонистонро мутаваққиф намудааст.
Нерӯҳои покистонӣ аз чанд сол ба ин тараф дар марзи ин кишвар бо Афғонистон саргарми рӯёрӯӣ бо шибҳи низомиёни ҷонибдори ҳаракати Толибон ҳастанд. Дар ҳоли ҳозир наздик ба 5000 ҳазор сарбози покистонӣ дар хатти сарҳади миёни Покистону Афғонистон мустақар ҳастанд то аз вуруди ҷангиёни толиб ба хоки Афғонистон ва азсаргирии амалиётҳои низомӣ алайҳи нерӯҳои НАТО ҷилавгирӣ намоянд.
Ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини ИМА аз чанд сол ба ин сӯ манотиқи қабиланишини Покистон дар наздикии марз бо Афғонистонро ҳадаф қарор медиҳанд. Соли гузашта ба дунболи кушта шудани ду сарбози покистонӣ дар як чунин ҳамла, Покистон ба таври муваққат марзи худ бо Афғонистонро баст ва аз вуруди маводи икмолотӣ ба нерӯҳои НАТО ҷилавгирӣ намуд.
«Озодӣ»