ЭРОН ҲАВОПАЙМОИ ҶОСУСИИ АМРИКОРО НАМОИШ ДОД
Телевизиюни Эрон рӯзи панҷшанбе тасовире аз як ҳавопаймои ҷосусии бидуни сарнишини Амрикоиро пахш кард, ки се рӯз пеш эълом шуда буд дар марзи шарқии Эрон ба дасти нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар афтодааст. Манобеъи низомии Эрон мегӯянд, ки ин ҳавопайморо "бо хисороти андаке" дар ихтиёр гирифтаанд.
Дар тасовири телевизиюнӣ ҳам дида мешуд, ки баданаи ҳавопаймои ба намоиш гузошташуда зоҳиран солим аст. Хабаргузории "Оссушиэйтед пресс" дар гузорише дар рӯзи панҷшанбе навишт дарёфтааст, ки ин ҳавопаймои бидуни сарнишин, ки дар тасовири телевизиюнии Эрон зоҳир шуд, ҳамон ҳавопаймои Амрикоӣ аст, ки пештар дар ҳафтаи ҷорӣ пойин кашида шуд.
Як мақоми собиқи Амрикоӣ, ки аз ӯ ном бурда нашуд, дар гуфтугӯ бо хабаргузорӣ тайид кард, ки ин видиюи дудақиқаӣ, ки панҷшанбе пахш шуд, ҳамон ҳавопаймои "RQ170 Сантинел" аст, ки дар фарози Эрон мафқуд шуда буд. Бо ин ҳол, мақомҳои Амрикоӣ сареҳан ин масъаларо, ки ҳавопаймои ҷосусии онҳо тавассути Эрон бо таҷҳизоти электруникӣ, сойберӣ ё соири абзорҳо фуруд оварда шуда, рад мекунанд.
Питер Сингер, коршиноси руботҳо, ки дар бораи истифода аз ин ҳавопаймо дар ҷангҳо таҳқиқ карда мегӯяд, ки ин ҳавопаймо тавре барномарезӣ шуда буд, ки дар сурати қатъи тамос бо пойгоҳи худ ба онҷо бозгардад.
Дар барномаи телевизиюнии рӯзи панҷшанбеи Эрон Амиралӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи нерӯи ҳавофазоии Сипоҳи Посдорон аз ҳавопаймои ҷосусии Амрико рӯнамоӣ кард. Ҳамазамон Вазорати умури хориҷаи Эрон сафири Суес дар Теҳронро эҳзор ва бо ироаи ёддоште ба ӯ ба "таҷовузи як фарванд ҳавопаймои ҷосусии Амрико ба умқи ҳарими ҳавоии Эрон" эътироз кард.
Эрон ва Амрико бо якдигар равобити сиёсчӣ надоранд ва ба ҳамин далел сафорати Суес дар Теҳрон ҳофизи манофеъи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст. Эрон хостори "тавзеҳоти фаврӣ ва иқдомоти ҷубронии давлати Амрико" дар ин бора шудааст.
Дар ҷараёни барномае, ки аз телевизиюни давлатии Эрон пахш шуд, мақомҳои аршади низомӣ гуфтанд, ки сарнагунии ин ҳавопаймо "бо иттилоъоти ҷамъоваришуда ва муроқибатҳои дақиқи электруникӣ" сурат гирифтааст. Гуфта мешавад ин ҳавопаймо аз навъи "RQ 170 Сантинел" аст.
"RQ 170 Сантинел" навъе ҳавопаймои бидуни сарнишини шиносоӣ аст, ки хабари сохти он дар соли 2009 ба расонаҳои фаъол дар ҳавзаи умури низомӣ дарз кард ва дар соли 2010 нерӯи ҳавоии Амрико бакоргирии онро таъйид кард.
Бар асоси гузоришҳо, ин навъ ҳавопаймои бидуни халабон дар амалиёти шикори Усома бин Лоден, раҳбари собиқи Алқоъида, барои зери назар гирифтани маҳалли иқомати ӯ дар ҳангоми анҷоми ҳамлаи кумондуҳои Амрикоӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Мушаххасоти фаннии ҳавопаймои ҷосусии Амрико маъмулан эълом намешавад, аммо фармондеҳи нерӯҳои ҳавофазоии Сипоҳи Посдорон дар телевизиюни Эрон эълом кардааст, ки тӯли ду боли ин ҳавопаймо ҳудуди 26 метр, тӯли бадана дуву ним метр ва иртифоъи он як метру 84 сонтиметр аст.
Соъоте пас аз он ки Эрон эълом кард ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрикоро сарнагун кардааст, нерӯҳои эътилоф ба раҳбарии НОТУ дар Афғонистон дар баёнияе ба интишори ин хабар вокуниш нишон доданд.
Нерӯҳои эътилоф эълом кардаанд, ки ҳавопаймои мавриди ишораи Эрон эҳтимолан як ҳавопаймоии шиносоии Амрико буда, ки дар як маъмурият бар фарози ғарби Афғонистон парвоз мекардааст. Бинобар ин баёния, гардонандагони ин ҳавопаймо кунтрули онро аз даст дода буданд. Ҳеҷ як аз ин манобеъи хабарӣ иттилоъоте дар бораи замон ва макони ин ҳамла мунташир накардаанд.
Би-Би-Си
ЭРОН АКСҲОИ "ҲАВОПАЙМОИ ҶОСУСӢ"-РО ПАХШ КАРД