16:04:09 01-уми Июли 2025 сол

ПАНҶ ҲОДИСАЕ, КИ НИЗОМИ БАЙНАЛМИЛАЛИРО ТАҒЙИР ХОҲАД ДОД

Тағйирдиҳандаҳои бозӣ дар низоми байналмилалӣ чӣ бозигароне ҳастанд? Чӣ кишварҳое метавонанд бо тағйири як стратегия, қобилиятҳои ҷадиде биофаринанд, то кишварҳои дигар битавонанд бар пояи рӯйкарди онон мавзеи худро танзим кунанд.

/images/stories/2011/12/23_shashki2011.jpgИн тағйирдиҳандаҳо тасмимотеро шакл медиҳанд, ки ба рағми ҳазинаҳое, ки худ мепардозанд, бунбастҳои дипломатиро бозмекушояд. Нашрияи амрикоии Foreignpolicy дар тозатарин шумораи худ, аз бозигароне, ки метавонанд дар соли оянда қоидаи бозиро барҳам зананд навишта ва 5 тағйирдиҳандаи бозиро дар ин замина муаррифӣ кардааст.

1. Эрон ва Амрико:

Раҳбарони Амрико беш аз як даҳа аст ҳамвора дар бораи барномаи атомии Эрон мегӯянд, ки ҳамаи тарҳҳо аз ҷумла тарҳи ҳамлаи низомӣ ба Эрон, рӯи миз аст ва бад-ин васила Эронро таҳдид мекунанд.

Аммо агар пас аз як даҳа таҳдиди Эрон, Барак Обама эълом кунад, ки Амрико дар қиболи Эрон ҳеч гоҳ ба ҳамлаи низомӣ даст намезанад, оё қоидаи бозӣ тағйир мекунад? Оё мавқеи кишварҳои дигар ва ҳатто Эрон иваз хоҳад шуд ва Эрон ҳам танҳо ба роҳи дипломатӣ таъкид хоҳад кард ва оё аслан чунин ҳамла рух хоҳад дод?

2. Тағйир дар ормонҳои Ҳамос:

Агар Ҳамос дар Фаластин аз ормонҳо ва шиорҳои худ - ки ба бархе аз онон низ эътиқод надорад - даст бардорад ва ба сӯи сулҳи мавриди ҳимояти Амрико ҳаракат кунад, қоидаи бозӣ метавонад тағйир кунад?

3. Коҳиш ва халъи силоҳҳои атомӣ:

Пас аз ҷанги сард, Русия ва Амрико силоҳҳои атомии худро коҳиш додаанд; ҳарчанд кишварҳои бузурги атомӣ вориди ҷанги атомӣ нахоҳанд шуд, хатари дар ихтиёр гирифтани ин силоҳҳо тавассути террористҳо бисёр ҷиддӣ аст. Агар имкон шавад, ки то 50 ва ҳатто 80 дарсади ин силоҳҳоро коҳиш диҳанд, чӣ иттифоқе хоҳад афтод?

4. Сулҳи араб ва Исроил:

Сулҳи исроилиҳо ва фаластиниҳо ва ташкили давлати мустақилли фаластинӣ, ки то кунун Бенёмин Натонёҳу онро напазируфтааст, алтернативае дорад, ки метавонад қоидаи бозиро иваз кунад.

5. Музокираи Чин дар бораи баҳри ҷанубӣ:

Баҳри Чин ҷое аст, ки бархе гуфтаанд ҷанги ҷаҳонии севвум дар он ҷо оғоз хоҳад шуд; ҷое ки Чин ба унвони абарқудрати шарқи Осиё бо кишварҳое ҳамчун Малайзия, Филиппин, Тайван ва Бруней дар бораи ҳокимияти он, ҷанг ва таниш дорад ва Чин танҳо ҳозир ба гуфтугӯҳои дуҷониба бо Тайван дар ин бора шудааст.

Ҳол, агар мақомоти Чин эълом кунанд, ин мавзеъро дар додгоҳҳои байналмилалӣ матраҳ хоҳанд кард ва ба он тан хоҳанд дод, боз ҳам қоидаи бозӣ тағйир хоҳад кард?

Ҳафтаномаи «Дунё»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ