02:55:12 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ДУНЁИ ВЛАДИМИР ПУТИН ХАРОБ МЕШАВАД

 

Маша Гассен, "The Guardian"

Тамошои заволи режими худкома баробари дидани серияи навбатии "Доктор Хаус" мебошад, навиштааст дар саҳифаҳои "The Guardian" журналист Маша Гассен.

PutinОдамеро, ки тарзи фаъоли зиндагӣ дорад, якбора узвҳои дарунияш аз кор мемонанд ва духтурҳо ноумедона кӯшиш мекунанд фаҳманд, ки сабаби аз кор мондани чунин узви ҳаётан муҳиме чӣ бошад. Масалан, барномаи шабакаи НТВ, ки дар он зиёда аз 10 дақиқа "сӯҳбати мустақими Путин"-ро мазоҳ карданд, нишонаи он аст, ки "телевизион (органи ҳаётан муҳим дар кишварҳое мисли Русия) дигар вазифаи худро иҷро намекунад", -меҳисобад Гассен.

Режимҳои худкомаи сангдил на ба қонунҳо, на ба додгоҳҳо, на ба перархияи сахти ҳукуматӣ, балки ба тарсу ҳарос асос ёфтаанд, мефаҳмонад муаллиф. "Баробари баногоҳ нест шудани тарсу ҳарос (зеро тарсу ҳарос ҳама вақт баногоҳ нопадид мешавад), маълум мегардад, ки ин қонунҳо, ин додгоҳҳо ва перархия амал намекунанд. Ҳама чиз ба пора-пора шудан оғоз мекунад", -гуфта мешавад дар мақола.

20 сол пеш маҳз ҳамин чиз бо Иттиҳоди Шӯравӣ рух дод: ниҳодҳо иҷрои супоришҳои Кремлро, матбуот тарс аз сензурагиҳоро, милитсия иҷрои қонунҳои бемаъниро қатъ намуданд, роҳбарони 15 ҷумҳурӣ тарсу ҳаросро гум карданд ва империя вайрон шуд. Вақте ки моҳи августи соли 1991 балвогарон хостанд ҳокимиятро ба даст оранд, "ба онҳо як ингриденти афсунгарона -тарсу ҳарос нарасид", менависад Гассен. Журналистҳо корашонро идома доданд, одамони оддӣ ба ҳимояи Кохи Сафед баромаданд, мири шаҳри Маскав ва бисёр амалдорони дигар амру фармонҳои "каллакадуҳо"-ро иҷро накарданд. Дар натиҷа генералҳо ҳам аз итоат саркашӣ намуданд.

"Айни замон Путин телбакорона амал мекунад ва ба мансабҳои калиди каллакадуҳои худро мегузорад", -шарҳ медиҳад Гассен ба мансаб таъин шудани Сергей Иванов ва Дмитрий Рогозинро. "Вай ин корро ба он хотир мекунад, ки тарсро ҳис менамояд ва сахт мехоҳад тарсу ҳаросеро аз нав эҳё кунад, то он имконияти ҳукмрониро барои 12 соли оянда фароҳам орад", -қайд мекунад муаллиф. Лекин ВАО-и Путин аллакай ӯро фиреб медиҳад, баъзе аз ёварони наздикаш бо эътирозгарон дӯстӣ меварзанд. "Онҳо тарсиданро бас карданд, пас тамоми бино фурӯ мерезад. Ин равандро нигоҳ дошта намешавад", -хулоса мекунад Гассен.

Ҳафтаномаи «Дунё»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi