02:10:51 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РУСИЯ: ТАШДИДИ ТАҲРИМИ ЭРОН БА МАНЗАЛАИ ТАЛОШ БАРОИ ТАҒЙИРИ РЕЖИМ АСТ

Дар ҳоле, ки Амрико чанд ширкати хориҷиро ба далели иртиботи нафтӣ бо Ҷумҳурии Исломӣ машмули таҳрим қарор дода, Русия гуфтааст, ки ташдиди таҳримҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ алайҳи Эрон метавонад иқдоме барои тағйири режим талаққӣ шавад.

gatilovРӯзи ҷумъа, 13 январ (23 дай) хабаргузории русии Интерфакс гузориш кард, ки Генадий Гатолов, муъовини вазири хориҷаи Русия, гуфтааст, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ вазъи таҳримҳои ҷадид алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эронро сирфан ба манзалаи иқдоме алайҳи барномаҳои ҳастаии ин кишвар нахоҳад донист, балки онро ба манзалаи талош барои эҷоди тағйироти сиёсӣ дар дохили Эрон талаққӣ мекунад.

Оқои Гатолов гуфтааст: "Густариши таҳримҳо алайҳи Эрон ва ҳамчунин ҳамалоти низомии эҳтимолӣ алаҳи ин кишвар бе тардид аз назари ҷомеъаи ҷаҳонӣ иқдоме маҳсуб мешавад, ки ҳадаф аз он талош барои тағйири режим дар Эрон аст."

Ин мақоми русӣ ҳушдор додааст, ки "вазъи таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон танҳо метавонад монеъеро ба сари роҳи талоши ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои ёфтани роҳи ҳалле мусолиматомез барои буҳрони ношӣ аз барномаҳои атумии ин кишвар эҷод кунад."

Русия ба унвони узви доим ва дорои ҳаққи вету дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал то кунун аз қатъномаҳои ин шӯро алайҳи барномаҳои атумии Эрон ҳимоят карда ва ба ин қатъномаҳо раъйи мусбат додааст.

Шӯрои Амнияти Созмони Милал бо судури баёнияҳо ва қатъномаҳое тайи ҳудуди шаш соли гузашта аз Эрон хостааст, то барои шаффофсозии фаъъолиятҳои атумии худ бо ниҳодҳои байналмилали ҳамкории комил дошта бошад ва то замоне, ки ҷомеъа ҷаҳонӣ аз сулҳомез будани ин фаъъолиятҳо итминон наёфта, бахше аз барномаҳои атумии худ, ба хусус дар заминаи ғанисозии урониюмро, ба ҳолати таълиқ даровард.

Ин шӯро барои водор кардани Ҷумҳурии Исломӣ ба қабули дархостҳои мундариҷ дар ин мусаввабот як ришта таҳримҳои байналмилалиро алайҳи Эрон ба иҷро гузоштааст, аммо мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ қатъномаҳои Шӯрои Амниятро ғайриқонунӣ дониста ва аз пазириши онҳо худдорӣ варзидаанд.

Дар моҳи ноябри соли гузаштаи мелодӣ (обонмоҳи соли ҷории хуршедӣ) мудири кулли Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ гузоришро дар мавриди барномаҳои атумии Эрон мунташир кард, ки дар он нисбат ба эҳтимоли вуҷуди ҷанбаҳои низомӣ дар ин барномаҳо ибрози нигаронӣ шудааст.

Зоҳиран давлати Русия, ки нигарони аз миён рафтани ҳукуматҳои муттаҳид ва дӯсти худ дар Ховари Миёна аст, чунин фишорҳоеро боъиси ошуфтагии авзоъи иқтисодии Эрон ва заминасоҳи таҳаввулоти мунҷар ба суқути ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ талаққӣ мекунад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi