09:49:35 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САФИРИ РУСИЯ ДАР НАТО: ҲАМЛА БА ЭРОН ТАҲДИДИ МУСТАҚИМИ МОСТ

 

Сафири Русия дар НАТО ҳушдор дод, ки ин кишвар ҳар гуна дахолати низомӣ дар Эронро таҳдиде алайҳи амнияти худ медонад. Дмитрий Ругузин, намояндаи Русия дар НАТО ва муъовини нахуствазири ин кишвар, гуфт: "Агар иттифоқе барои Эрон биaфтад ва ин кишвар даргири иқдоми низомӣ шавад, он иқдом таҳдиде мустақим барои амнияти мо хоҳад буд."

rogozin-natoОқои Ругузин, ки дар поёни маъмурияти чаҳорсолаи худ дар НАТО дар як кунфронси хабарӣ дар Бруксел ширкат дошт, гуфт: "Ҳар кишваре ҳақ дорад ҳар он чи барои таъмини амният ва роҳатии худ ниёз дорад, дар ихтиёр дошта бошад."

Ӯ гуфт: "Эрон ҳам чунин ҳаққе дорад. Ба ҳамин далел, мо ба тамоми касоне, ки даргири ин бозии ҳаяҷонангез дар иртибот бо Эрон шудаанд, мегӯем ором бошед ва ҳангоми баҳсу баррасии ин мавзӯъ ҷору ҷанҷол накунед."

Дар ҳафтаҳои ахир талоши кишварҳои ғарбӣ барои таҳрими нафтии Эрон ба далели барномаи ҳастаии ин кишвар ва дар муқобил, таҳдиди Эрон ба бастани тангаи Ҳурмуз, боъиси ташдиди таниш ва матраҳ шудани эҳтимоли даргирии низомӣ шудааст.

Дмитрий Ругузин гуфт, ки Русия бо вуҷуди кумак ба кишварҳои дигар барои дастёбӣ ба манобеъи энержии мудерн, "сиёсатҳои сахтгиронае" барои ҷилавгирӣ аз суиистифода аз ин кумакҳо дар ҷиҳати дастёбӣ ба силоҳи атумӣ дорад."

Амрико, кишварҳои урупоӣ ва Исроил мегӯянд, ки Эрон барои дастёбӣ ба силоҳи атумӣ алош мекунад, аммо Эрон ин иттиҳомро такзиб мекунад. Русия, ба унвони узви доим ва дорои ҳаққи вету дар Шӯрои Амнияти СММ, то кунун аз қатъномаҳои ин шӯро алайҳи барномаҳои атумии Эрон ҳимоят карда ва ба ин қатъномаҳо раъйи мусбат додааст.

Соъоте пеш аз изҳороти оқои Ругузин, муъовини вазири умури хориҷаи Русия, низ ҳушдор дода буд, ки "густариши таҳримҳо алайҳи Эрон ва ҳамчунин иқдоми низомии эҳтимолӣ алайҳи ин кишвар бетардид аз назари ҷомеъаи ҷаҳонӣ иқдоме маҳсуб мешавад, ки ҳадаф аз он талош барои тағйири режим дар Эрон аст."

Муъовини вазири хориҷаи Русия гуфт: "Мавзеъи мо ин аст, ки бо таваҷҷуҳ ба ин ки қатъномаҳои қаблии мусавваби Шӯрои Амнияти СММ ҳамкории низомӣ бо Эронро маҳдуд карда, таҳримҳои Шӯрои Амният алайҳи Эрон бо зарфияти комил ба иҷро гузошта шудааст."

Геннодӣ Готилуф вазъи таҳримҳои ҷадид алайҳи Эронро "монеъе бар сари роҳи талоши ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои ёфтани роҳи ҳалле мусолиматомез барои буҳрони ношӣ аз барномаҳои атумии Эрон" тавсиф кард.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi