13:53:52 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 30 31

БАҲСИ ҲУЗУРИ НОЗИРОН ВА ХУНРЕЗИҲО ДАР СУРИЯ

 

Кишварҳои арабӣ машварат дар мавриди то куҷо зарур будани ҳузури нозиронаш дар Сурияро шурӯъ намуданд. Рӯзи шанбе дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узв дар шаҳри Қоҳира гузориши раиси ҳайати нозирон, генерали судонӣ Муҳаммад Дабӣ баррасӣ шуд ва қарор аст, ки 22 январ вазирон дар мавриди сарнавишти ин ҳайати тасмим бигиранд.

Башар АсадМӯҳлати мандати 165 нозири Лигаи кишварҳои араб рӯзи панҷшанбе ба охир расид ва тасмим гирифта шуд, ки то эълони тасмими ниҳоӣ онҳо дар 17 шаҳри Сурия боқӣ бимонанд. Коршиносон ҳадс мезананд, ки кори нозирони араб дар Сурия барои як моҳ тамдид мешавад ва шояд шумораи нозирон то 300 нафар афзоиш ёбад.

Вале бо вуҷуди ҳузури нозирон аз кишварҳои арабӣ хушунату хунрезӣ дар Сурия идома дорад. Рӯзи шанбе бар асари таркиш дар вилояти Идлиб ба камияш 11 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои хабаргузории расмии САНА, мошини пулис бо маҳбусон ба минаи рӯи роҳ бархӯрдааст. Дар ин ҳодиса 26 нафар захмӣ шудаанд. Таркиш  ҳамагӣ чанд дақиқа пеш аз шурӯи нишасти вазирони умури хориҷии Лигаи кишварҳои араб ба вуқӯъ пайваст.

​​Фақат дар даҳ рӯзи ҳузури нозирони арабӣ, ба иттилои намояндагони Шӯрои амнияти СММ, дар Сурия тақрибан 400 нафар ҷон бохтанд. Адами амният мақомоти Иёлоти Муттаҳидаро маҷбур сохтааст, ки мавзӯи бастани сафорати кишвар дар Димишқро баррасӣ кунанд. Ба иттилои Кохи Сафед, онҳо ҳам бо мақомоти Сурия ва ҳам бо намояндагони Бритониё ва Чин, ки сафораташон дар канори сафорати Амрико воқеъ аст, музокирот мекунанд.

Ҳамзамон дигар роҳҳои хатми хушунат дар Сурия ҳам пешниҳод мешавад. Ҳафтаи гузашта амири Қатар шайх Ҳамад бини Халиф ал-Танӣ изҳор намуд, ки бояд дар Сурия низомиёни кишварҳои арабӣ мустақар шаванд ва ба хунрезиҳо хотима гузоранд. Аммо Димишқ ин пешниҳодро қатъӣ рад кард. Вазорати умури хориҷии Сурия изҳор намуд, ки ин иқдом боиси амиқрафти бӯҳрон шуда, роҳро барои таҷовузи нерӯҳои хориҷӣ боз мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Алиризо Нуризода, коршиноси масоили Ховари Миёна, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз хатаре ҳушдор дод, ки метавонад ба ҷанги шаҳрвандӣ бипечад. Аз нигоҳи мусоҳиби мо, “низомиёни ба сафи мухолифин пайваста дар манотиқе мустақар мешаванд, ки бо ҳам пайванди ҷуғрофӣ надоранд ва аз ин рӯ рӯзҳои наздик мо шоҳиди кушторҳои ваҳшатнок хоҳем шуд. Аз ҷумла, дар Идлиб, артиши Сурия бо тамоми қудраташ вориди корзор шудааст ва ин аз назари ман нигаронкунанда аст ва он кобусеро, ки ҳама аз он метарсанд, яъне ҷанги дохилиро шояд доман бизанад.”

Ёдовар мешавем, ки бар асари нооромиҳои даҳ моҳи ахир бо талабаи истеъфои раисиҷумҳур Башор Асад, ба иттилои СММ, беш аз 5 ҳазор нафар суриягиҳо ба ҳалокат расидаанд. Худи Башор Асад бошад, дар ҳаводиси кишвар нерӯҳои хориҷиро айбдор мекунад. Нерӯҳои амниятӣ ва артиши Сурия ҳам эълом доштаанд, ки аз дасти гурӯҳҳои мусаллаҳи террористии зиддиҳукуматӣ тақрибан 2 ҳазор афсару сарбоз ба ҳалокат расидаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi