22:02:13 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
27 28 29 30    

ҲОМИД КАРЗАЙ РАҲСИПОРИ ПОКИСТОН ШУД

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, барои як сафари серӯза раҳсипори Исломобод, пойтахти Покистон шудааст. Дафтари оқои Карзай ҳадафи ин сафарро ширкат дар нишасти сарони кишварҳои Афғонистон, Покистон ва Эрон эълом кардааст.

karzayБо ин ҳол, бахши муҳимме аз ин сафар марбут ба дидорҳои ҷудогонаи оқои Карзай бо сарони ҳукуматии аҳзоби Покистон мешавад. Ӯ қарор аст дар ҳошияи ширкат дар нишасти сеҷониба бо Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон ва Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири он кишвар, ба таври ҷудогона дидор кунад.

Ҳамчунин дидорҳое бо Навоз Шариф, раҳбари ҳизби Лиги Покистон, аъзои Шӯрои раҳбраии ҷамъияти уламои исломи шохаи Фазлурраҳмон, Офтобхони Шерповар, раҳбари ҳизби Мардуми шохаи Шерпорвар ва Мавлоно Самеъулҳақ шомили барномаи ин сафар хоҳад буд.

Дидори оқои Карзай бо афроди мухталифе дар берун аз ҳукумати Покистон дар сафарҳои қаблии ӯ ба он кишвар маъмул набудааст. Дафтари раиси ҷумҳур Карзай, ҳадафи ин дидорҳоро "гуcтариши равобити дуҷониба дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, муборизаи муштарак алайҳи терурисм ва ҳамкории бештари ду кишвар дар чорчӯби кумисиюни муштараки сулҳ" тавсиф кардааст.

Покистон яке аз муҳимтарин ҳамсояҳои Афғонистон ба шумор меравад ва дар беш аз чиҳил соли ахир, яке аз бозигарони калидӣ дар таҳаввулоти марбут ба ин кишвар будааст. Аммо беэътимодӣ миёни ин ду кишвар бар сари чи гунагии мубориза бо гурӯҳҳои шӯришӣ, ки дар ду сӯйи марзи муштарак онҳо фаъъол ҳастанд, бар равобити Афғонистон ва Покистон соя андохтааст.

Афғонистон ҳамроҳ бо бархе аз муттаҳидони байналмилалиаш ба Покистон иттиҳоми ҳимоят аз Толибон ва Алқоъидаро ворид мекунад, аммо Покистон бо радди ин иттиҳомот давлати Афғонистонро ба заъф дар идораи кишвар ва таъмини амнияти манотиқи марзӣ муттаҳам мекунад.

Сафари оқои Карзай ба Покистон ҳамчунин дар гармогарми талошҳо барои оғози гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибон сурат мегирад. Ахиран Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон, ба Қатар рафт, ҷое, ки қарор аст намояндагии гурӯҳи Толибон дар он гушоиш ёбад.

Ба дунболи он низ вазири хориҷаи Покистон ба Кобул омад ва бо афроду ҳалақоте дар дохил ва беруни ҳукумати Афғонистон дидор кард. Нозирон бовар доранд, ки барои таъмини амният дар Афғонистон давлати ин кишвар дар талош аст то ҳар гуна тавофуқ бо Толибонро дар ҳамоҳангӣ бо Покистон сару сомон диҳад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi