ҶАСАДИ ХАЛИЛУЛЛОҲ ХАЛИЛӢ ДАР ДОНИШГОҲИ КОБУЛ ДУБОРА БА ХОК СУПОРИДА ШУД
Ҷасади Халилуллоҳ Халилӣ, шоъир ва адиби шинохташудаи муъосири Афғонистон пас аз 25 сол аз даргузаштан аз Покистон ба Кобул мунтақил ва дар маросими расмӣ ба хок супурда шудааст. Халилуллоҳ Халилӣ дар баҳори соли 1987 дар Исломобод, пойтахти Покистон даргузашт ва ҷасади ӯ бар асоси васияташ дар гӯристони оворагони афғон дар ҳумаи шаҳри Пешовар ба хок супурда шуд.
Аммо ахиран ҷасади оқои Халилӣ аз Пешовар ба Кобул интиқол дода шуд ва бар асоси тасмими Шурои Вазирони Афғонистон дар муҳавватаи донишгоҳи Кобул ва дар канори оромгоҳи Сайид Ҷамолиддини Афғон дар ҳумаи шаҳри Пешовар ба хок супурда шуд. Дар маросими хоксупории ҷасади оқои Халилӣ аъзои хонаводаи ӯ, шуморе аз аъзои кобина, устодони донишгоҳи Кобул ва дӯстдорони ин шоъир ширкат карданд.
Оқои Халилӣ мутаваллиди соли 1907 хуршедӣ яке аз бузургтарин шоъирони клосиксарои Афғонистон буд ва дар арсаҳои пажуҳишҳои адабӣ ва таърихӣ ҳам осори зиёде аз ӯ ба ҷо мондааст. "Осори Ҳирот", "Салтанати Ғазнавиён", "Файзи қудс", "Аҳвол ва осори Ҳаким Саноӣ", "Аз Балх то Қуния", "Ямгон", "Найнома" ва "Айёре аз Хуросон" осори пажуҳишии ӯ ҳастанд.
Ӯ писари Мирзо Муҳаммадҳусейнхони Муставфиулмамолик аз шахсиятҳои маъруфи давраи Амир Ҳабибуллоҳ буд, ки ба фармони Шоҳ Амонуллоҳ эъдом шуд. Ин амр фурсати таҳсил дар ниҳодҳои расмиро дар ёздаҳсолагӣ аз Халилуллоҳ Халилӣ гирифт, аммо чанд сол пас аз он мақомҳои давлати Амонӣ мутаваҷҷеҳи истеъдодаш шуданд ва ӯро ба унвони муставфии Балх таъин карданд.
Устод дар солҳои 1320 хуршедӣ (1941 мелодӣ) ба муъовинати донишгоҳи Кобул расид, дар соли 1333 (1954) мушовири аршади матбуъотии Муҳаммад Зоҳиршоҳ шуд. Оқои Халилӣ дар солҳои баъдӣ ба корҳои диплумотик рӯ овард ва чанд сол сафири Афғонистон дар Арабистони Саъудӣ ва Ироқ буд.
Ин шоъири сиёсатмадор пас аз кудатои ҳафтуми урдибиҳишти соли 1357 (апрели соли1978) аз корҳои давлатӣ канора гирифт ва муддате дар Урупо ва Омрико буд, аммо дар солҳои ахири умраш дар Покистон зиндагӣ мекард.
Оқои Халилӣ дар ин солҳо дар накуҳиши ишғоли Афғонистон аз суи Шуравии собиқ ва ситоиши муҷоҳидин шеър суруд ва маҷмуъаи ашъори "Ашкҳо ва хунҳо" - ро чоп кард. Ин маҷмуъа дар солҳои ахир борҳо чоп шуда ва бархе дигар аз осори оқои Халилӣ ҳам дар ин солҳо бозчоп шудаанд.
Би-Би-Си