05:23:51 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

СУРИЯ СУФАРОИ КИШВАРҲОИ ҒАРБИРО ИХРОҶ КАРД

Давлати Сурия суфарои чандин кишвари ғарбиро "аносури номатлуб" хонда ва онҳоро ихроҷ кардааст. Суфаро ва намояндагони Омрико, Бритониё, Фаронса ва Туркия дар миёни 17 диплумоте қарор доранд, ки давлати Сурия онҳоро "аносури номатлуб" хондааст.

/images/stories/2012/06/06_syria_foreign_mini-2012.jpgИн кишварҳо як ҳафта пеш суфаро ва диплумотҳои аршади Сурияро ихроҷ ва барои хуруҷи онҳо муҳлат таъин карданд. Бисёре аз кишварҳо ба далоили амниятӣ ё сиёсӣ аз муддатҳо қабл суфарои худро аз Сурия хориҷ карда буданд.

Роберт Фурд, сафири Омрико дар Сурия ба далели нигаронӣ дар мавриди амнияти ҷонии ӯ моҳи октябри соли гузашта ба кишвараш бозгашт ва сафорати Бритониё низ ба далоили амниятӣ кормандони худро дар моҳи март аз ин кишвар хориҷ кард.

Омрико, Бритониё, Фаронса, Олмон, Испониё, Конодо, Туркия, Жопун, Итолиё ва Устролиё дар зумраи кишварҳое қарор доранд, ки диплумотҳи Сурияро ихроҷ кардаанд.

Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия дар суханронии рӯзи якшанбеи худ "дахолати хориҷӣ" - ро далели масоили Сурия хонд. Ӯ гуфт давлаташ ҳамвора омодаи гуфтугӯ бо мухолифон аст, вале бо афроде, ки бо хориҷ аз ин кишвар ҳамкорӣ мекунанд ва бо фаъъолиятҳои теруристӣ иртибот доранд, вориди музокира нахоҳад шуд.

Ӯ гуфт давлаташ ҳамвора омодаи гуфтугӯ бо мухолифон аст, вале бо афроде, ки бо хориҷ аз ин кишвар ҳамкорӣ мекунанд ва бо фаъъолиятҳои теруристӣ иртибот доранд, вориди музокира нахоҳад шуд.

Куштори беш аз як сад шаҳрванди ғайринизомии Сурия дар Ҳула бо вокуниши ҷомеъаи ҷаҳонӣ рӯбарӯ шуд ва бештари кишварҳо бо шадидтарин лаҳни мумкин ин кушторро маҳкум карданд. Иқдоми давлати Сурия дар ҳоле сурат гирифта, ки фаъъолони мухолифи давлати Сурия мегӯянд дар хушунатҳои имрӯз сешанбеи 5 июн ҳадди ақал ҳафт нафар кушта шудаанд.

Маркази назорат бар ҳуқуқи башари Сурия мустақар дар Бритониё мегӯяд чаҳор нафар дар амалиёти "густардаи" низомӣ дар рустои Кфар Увейд дар устони Идлиб кушта шудаанд. Ҳамчунин гузориш шуда, ки нерӯҳои давлатӣ ва шибҳнизомиёни вафодор ба давлат ба шаҳраки Кфар Зито дар устони Ҳамот ҳамла карда ва дар Лозиқия низ ду тан аз мухолифони мусаллаҳ кушта шудаанд.

Ҳузури созмонҳои имдодрасонӣ

Дар ҳамин ҳол Созмони Милал мегӯяд давлати Сурия иҷозаи дастрасии созмонҳои имдодрасонӣ ба чаҳор минтақаеро дода, ки шоҳиди шадидтарин хушунатҳо будаанд. Як мақоми Созмони Милал гуфт ин иқдом озмоише барои ҳусни нияти давлати Сурия аст.

Моҳҳо аст, ки созмонҳои имдодӣ хоҳони дастрасӣ ба манотиқе дар Сурия ҳастанд, ки аз ҳамон ибтидои нооромиҳо шоҳиди хушунатҳои густарда будаанд. Созмони Милал мегӯяд ҳадди ақал як миллиюн нафар дар Сурия ниёзманди кумак ҳастанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi