РУСИЯ: "НАТО МЕТАВОНАД АЗ РОҲИ ҲАВОӢ НИЗ ИСТИФОДА КУНАД"
Русия ба нерӯҳои НАТО дар Афғонистон иҷоза додааст, ки силоҳ ва васоили низомиашонро аз роҳи ҳавоии ин кишвар интиқол диҳанд. Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия дар ин робита рӯзи 25-уми июн санадеро ба имзо расонидааст.
Дар санади нав дастури қаблии ҳукумати Русия ислоҳ шудааст, ки дар он гуфта шуда буд: «Нерӯҳои эътилоф мустақар дар Афғонистон метавонанд танҳо аз роҳҳои транзити заминии Русия васоили низомӣ, силоҳ ва муҳимоташонро интиқол диҳанд. Ҳамчунин нерӯҳои ISAF метавонанд, ки аз Афғонистон ҳам ин маводро ба хориҷ интиқол диҳанд.»
Аммо дар санади нав ду транзити заминӣ ва ҳавоӣ зикр шудааст, ки дар он истифода аз роҳи оҳан, роҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ шомил мебошад. Дар ҳукми нави нахуствазири Русия, ки рӯзи ҷумъа дар сафҳаи интернетии ҳукумати Русия ба нашр расид, гуфта шудааст, ки барои интиқоли ин мавод як силсила шароит ҳам бояд муроот шавад. Ин шароит чунин баён гардидаанд:
-Силоҳ, васоили низомӣ ва ҳама мавод бар асоси муқаррароти транзитӣ ва гумрукӣ ва қонунҳои ҳукумати федералии Русия интиқол шаванд.
-Силоҳҳое, ки ба Афғонистон содир мешаванд, бояд асноди расмӣ дошта бошанд, навъият ва андозаи он дарҷ бошад ва ҳадафи истифода аз он дар ин аснод мушаххас шавад.
-Васоили нақлиётӣ дар сурате иҷозаи интиқоли ин мавод ва васоилро доранд, ки асноди онро бо худ дошта бошанд.
-Интиқолоти силоҳ ва муҳимот бояд таҳти назари мақомоти гумруки Русия сурат бигирад.
Ба дунболи кушта шудани 24 сарбози покистонӣ тавассути нерӯҳои ҳавоии НАТО дар моҳи ноябри соли гузашта, Исломобод роҳи интиқоли мавод барои нерӯҳои НАТО-ро баста буд. Ин амр сабаб шуд то эътилофи байналмилилӣ барои фиристодани маводи хӯрока ва сӯзишворӣ барои нерӯҳояш дар Афғонистон, аз роҳҳои дигар истифода бикунад.
«Озодӣ»