14:08:44 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2016 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 28
29            

ТАШДИДИ ТАҲРИМҲОИ АМРИКО АЛАЙҲИ ЭРОН

Амрико мегӯяд, таҳримҳои худ алайҳи Эрон ва барномаи ҳастаии ин кишварро ташдид кардааст. Бар асоси баёнияи Вазорати хахонадории Амрико, ин таҳримҳо алайҳи чанд шахс ва ширкат, ки аз назари ин кишвар камокон дар кума ба барномаи ҳастаии Эрон мушорикат доранд, сахттар шудааст.

/images/stories/2012/07/13_iran_oil_sanction_130712.jpgИн ширкатҳо, ба гуфтаи давлати Амрико, бо шабакаи харид, саноеъи нафт ва киштиронии Эрон иртибот доранд. Ин вазоратхона дар айни ҳол мегӯяд, чанд ширкат ва бонкро шиносоӣ карда, ки бо фаъъолиятҳои худ ба давр задан аз таҳримҳо тавассути Эрон кумак мекарданд. Эрон ҳамвора таъкид карда, ки барномаи ҳастаии ин кишвар сулҳомез аст.

Дейвид Куҳен, муъовини Вазорати хазонадории Амрико, мегӯяд, то замоне ки Эрон ба "нигарониҳои баҳаққи ҷомеъаи байналмилал" дар бораи барномаи ҳастаиаш посух надиҳад кишвараш ба афзоиши фишор бар Теҳрон идома хоҳад дод.

Дар ҳоле ки гуфтугӯҳои ахири Эрон ва гурӯҳи Панҷ ба иловаи як бидуни натиҷаи қобили мулоҳизае баргузор шудаанд, Вазорати хазонадории Амрико гуфта, ҳадафи давлати Борок Убомо аз ташдиди ин таҳримҳо ин аст, ки "Эрон ба ҷиддӣ гирифтани музокирот мутақоъид шавад ва ба нигарониҳои байналмилалӣ посух диҳад."

Ёздаҳ муассиса ҳадафи таҳримҳои тоза

Ба гуфтаи Вазорати хазонадории Амрико, ҳадафи ин таҳримҳо ихтилол дар барномаҳои ҳастаӣ ва мушакии Эрон ва фош кардани талошҳои Эрон барои истифода аз ширкатҳои сурӣ (подставные компании) ҷиҳати фурӯши нафт аст. Таҳримҳои тоза аз ҷумла ёздаҳ ширкатро ҳадаф қарор додаанд, ки аз назари давлати Амрико бо Вазорати дифоъи Эрон, Сипоҳи Посдорон ва ё Киштиронии ин кишвар иртибот доранд.

Амрико ширкатҳое чун Саноеъи қатаъоти электруникӣ (Эй-си-ой), Системҳои иттилоъотии Эрон (ИЗЭрон), ки дар феҳрист қарор гирифтаанд, тобеъи Ширкати саноеъи электруники Эрон ва таҳти кунтрлуи Вазорати дифоъи Эрон эълом кардааст. Дар айни ҳол, маркази таҳқиқотии фанноварии иттилоъот ва иртибототи пешрафтаи Донишгоҳи санъатии Шариф низ ба далели иртибот бо ИЗЭрон миёни ниҳодҳои таҳримшудаи ҷадид аз сӯйи Амрикост.

Дар миёни афроди таҳримшуда низ номи касоне, чун Ҳамид Ризо Рабеъӣ, ки муҳандиси нармафзор ва муассиси Маркази таҳқиқотии фанноврии иттилоъот ва иртибототи пешрафтаи Донишгоҳи санъатии Шариф аст, ба чашм мехӯрад.

Рӯзномаи Теҳрон имрӯз оқои Рабеъиро аз мушовирони раиси ҷумҳурӣ ва Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон муъаррифӣ карда, ки дар айни ҳол таҳсилоти донишгоҳии худро дар донишгоҳҳои Амрико анҷом дода ва дар Амрико барои ширкатҳои номдоре, чун Интел ва Эй-ти энд тӣ (AT&T) кор мекрдааст.

Як шаҳрванди утриш ба номи Дениел Фрош низ бо ин иддаъо, ки бо барномаи мушакии Эрон ҳамкорӣ мекарда, дар ин феҳрист аст. Вазорати хазонадории Амрико дар баёнияи тозааш эълом карда, ки барои ин ки давр задани таҳримҳо аз сӯйи Эрон душвортар шавад ширкатҳоеро муъаррифӣ карда, ки санъати нафти Эрон барои фурӯши нафти худ аз онҳо истфода мекунад.

Аз иқдомоти ин вазоратхона шиносоии 58 киштии Ширкати миллии нафткаши Эронро ба унвони киштиҳои давлатӣ шиносоӣ карда ва 27 ширкати вобаста ба ин ширкатро низ таҳти кунтрули давлати Эрон эълом кардааст.

Ширкати миллии нафткаши Эрон, ки то се сол пеш аз ширкатҳои тобеъаи Ширкати нафти Эрон буда, дар соли 88 (09) ба бахши хусусӣ вогузор шуда ва он гуна ки дар вебсойти ин ширкат омада, бузургтарин новгони нафткаш дар Ховари Миёнаро дорад. Ин ширкат дар соли 1334 (1955), дар ҳоле таъсис шуд, ки ҳамлу нақли нафти Эрон тавассути нафткашҳои хориҷӣ барои аввалин бор таҳрим шуд.

Ширкати миллии нафткаш ахиран ном ва парчами бархе аз нафткашҳои худро дар остонаи таҳримҳои Иттиҳодияи Урупо тағйир дода буд. Амрико ва Иттиҳодияи Урупо дар ҳоли ҳозир таҳримҳои густардаеро алайҳи Эрон иҷро кардаанд ва мегӯянд, ҳадафашон рафтори Эрон дар фаъъолиятҳои ҳастаӣ ва низ дар музокирот бо Ғарб аст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi