15:41:30 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МУЛЛО УМАР - ПРЕЗИДЕНТИ ОЯНДАИ АФҒОНИСТОН?

Президенти Афғонистон аз раҳбари Толибон даъват кард, ки дар интихоботи президентии соли 2014 иштирок кунад.

/images/stories/2012/07/13_karzay-130712.jpgПрезидент Ҳомиди Карзай раҳбари Толибон Мулло Умарро дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон ба чолиш кашонд. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Кобул Карзай гуфт, ки Мулло Умар метавонад дар дохили хоки Афғонистон, ба ҳар ҷое, ки дилаш хост, биравад. “Вай метавонад барои худ як дафтари сиёсӣ боз кунад, ба шарте,  ки силоҳро замин гузорад”. Президенти Афғонистон гуфт:

- Мулло Умар метавонад бо дӯстонаш омада як дафтари сиёсӣ боз кунад, бо сиёсат машғул шавад, номзадиашро дар интихобот пешбарӣ кунад. Агар мардум ба ҷонибдории ӯ раъй доданд, хуш ба ҳолаш,  метавонад раҳбарии ин кишварро ба ӯҳда бигирад.

Мулло Умар яке аз нафарони аввали мавриди ҷустуҷӯи полиси байналмилалӣ буда, ИМА барои иттилои маҳалли будубоши ӯ 10 миллион доллар ваъда кардааст. Ӯро ИМА барои паноҳ додан ба ҷангиёни Ал-Қоида ва раҳбари вақти ин шабака Усома Бин Лоден дар қаламрави Афғонистон дар давоми солҳои 1996-2001 ва инчунин, ​​барои ҳамлаҳои террористии болои Амрико дар таърихи 11 сентябри соли 2001 масъул медонанд.

То ҳол маҳалли пинҳоншавии раҳбари якчашмаи Толибон, ки Афғонистонро давоми панҷ соли ҳукумати шӯришиён раҳбарӣ кардааст, маълум нест. Баъзе гузоришҳо тахмин мекунанд, ки эҳтимолан вай дар маҳалҳои қабиланишини Афғонистон ва Покистон пинҳон мешавад.

Интихоботи навбатии президентии Афғонистон соли 2014, айнан дар ҳамон соли беруншавии нирӯҳои байналмилалии НАТО аз хоки ин кишвар  баргузор мешаванд. Чанде  пеш Карзай пешниҳод кард, ки интихоботи президентӣ як сол пештар аз мӯҳлати таъйиншуда, яъне соли 2013 бапо шавад. Дар як нишасти матбуотӣ моҳи апрели имсол Карзай  имкониятҳои Афғонистонро дар ташкили интихобот ва ҳам таъмини хуруҷи  сарбозони хориҷӣ аз хоки ин кишвар зери суол бурд.

Худи Ҳомиди Карзай аз рӯи Қонуни асосии ин кишвар ҳақ надорад барои бори сеюм номзадиашро барои ширкат  дар интихобот  пешбарӣ кунад.  Аз замони сари қудрат омадани ӯ дар Афғонистон беш аз даҳ сол мегузарад.

Аз ин пеш ҳам Карзай борҳо шӯришиён ва раҳбарони Толибонро даъват кардааст, ки бо халъи силоҳ ва хатми хушунатҳо ба ватан баргашта, мусолеҳаи миллиро қабул кунанд. Дар нишасти матбуотии рӯзи панҷшанбе ҳам вай ин даъваташро такрор кард ва гуфт, ки “ҳамаи афғонҳое, ки лӯхтаки дасти дигарон нестанд, барои музокира хуш омаданд”.

Вале то ҳол Толибон ҳама даъватҳои музокироти сулҳро бо Карзай рад карда, дар оғози соли ҷорӣ аз  гуфтугӯҳо  берун шуданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi