19:16:53 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КАРЗАЙ: "НЕРӮҲОИ АФҒОН НАБОЯД АЗ ISAF КӮМАКИ ҲАВОӢ БИХОҲАНД"

Раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, ки ниҳодҳои амниятии ин кишвар аз ин пас набояд ҳини анҷоми амалиёташон, хостори ҳимояти ҳавоии нерӯҳои хориҷӣ шаванд.

/images/stories/2013/02/16_hamid-karzay-160213.jpgҲомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи шанбеи 16-уми феврал дар ҷараёни дидор аз Академияи миллии низомии Афғонистон дар Кобул гуфтааст, ки ба зудӣ дар ин маврид ҳукмеро содир хоҳад кард: «Имрӯз аз ҳамин ҷо эълом мекунам ва фардо ҳукм ҳам дар ин иртибот содир менамоям, ки ҳеҷ қуввати низомӣ-амниятии Афғонистон дар ҳеҷ гуна ҳолат бар хонаҳо ва қаряҳои мо ҳавопаймоҳои хориҷиро барои амалиёт хоста наметавонад.»

Раиси ҷумҳури Афғонистон ишора ба ҳамлаи ҳавоии ҳафтаи гузаштаи сарбозони хориҷӣ дар вилояти Кунар намуда гуфт, ки фармондеҳи умумии нерӯҳои байналмилалӣ мустақар дар Афғонистон дар мулоқот бо ӯ гуфтааст, ки масъулини амнияти милии ин кишвар ҳини роҳандозии амалиёт дар ин вилоят, аз онҳо тақозои ҳимояти ҳавоӣ кардаанд. Дар ин амалиёт шуморе аз ғайринизомиён кушта шуданд.

Ба гуфтаи оқои Карзай, дар ин амалиёт барои аз байн бурдани чаҳор толиб, аз ҳавопаймоҳои нерӯҳои хориҷӣ кӯмак хоста шуда буд, ки дар натиҷа даҳ тан аз мардуми ғайринизомии маҳал кушта шуданд. Раиси ҷумҳури Афғонистон таъкид намудааст, ки вазифаи нерӯҳои амниятӣ ҳифозат аз мардум аст на озор ва азияти онҳо.

Оқои Карзай ҳамчунин гуфтааст, ки Афғонистон қабл аз ҳукумати муҷоҳиддин як артиши бисёр қудратманд дошт, ки ба гуфтаи вай, дар асари дасисаи кишварҳои ҳамсоя аз байн рафт.

Интиқоди раиси ҷумҳури Афғонистон аз иштироки нерӯҳои хориҷӣ дар амалиётҳои низомӣ дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл вазорати дифои Афғонистон гуфта буд, ки нерӯҳои байналмилалӣ ҳанӯз ҳам бархе аз амалиётҳои низомии худро шабона ва ба таври худсарона анҷом медиҳанд.

Ҳудуди чанд моҳ пеш раҳбарии тамоми амалиётҳои шабона дар Афғонистон ба дӯши нерӯҳои амниятии афғон супурда шуд, аммо вазорати дифои ин кишвар таъйид мекунад, ки баъзе аз ин гуна амалиётҳо то кунун аз сӯи нерӯҳои хориҷӣ роҳандозӣ мешавад.

Ба гуфтаи сухангӯи вазорати дифои Афғонистон, роҳандозии амалиётҳои шабона аз сӯи нерӯҳои байналмилалӣ бисёр маҳдуд шудааст, аммо таъкид мекунад, ки бояд раҳбарии тамоми ин амалиётҳоро нерӯҳои афғон ба ӯҳда дошта бошанд.

Генерал Зоҳир Азимӣ мегӯяд, нерӯҳои афғон тавоноии комили анҷоми амалиётҳои шабонаро доранд, аммо танҳо дар бахшҳои иктишофӣ ва нақлиёти ҳавоӣ, ба ҳамкории нерӯҳои хориҷӣ ниёзманд мебошанд.

Чанд моҳ қабл як тафоҳумнома миёни вазорати дифои Афғонистон ва фармондеҳии умумии нерӯҳои байналмилӣ дар ин кишвар ба имзо расид, ки бар асоси он, раҳбарии тамоми амалиётҳои шабона ба ӯҳдаи нерӯҳои афғон супурда шуд. Пеш аз имзои ин тафоҳумнома, қаъи амалиётҳои худсаронаи шабона дар Афғонистон аз сӯи нерӯҳои хориҷӣ, аз шартҳои асосии ҳукумати ин кишвар барои имзои созишномаи стратегӣ бо Амрико буд.

Ба эътиқодаи мақомоти афғон, дар ҷараёни чунин амалиётҳо бештар ғайринизомиён қурбон мешаванд ва ин масъала бо арзишҳои динӣ ва фарҳангии Афғонистон низ созгор намебошад.

Аз сӯи дигар, нерӯҳои ISAF роҳандозии амалиётҳои шабона барои аз байн бурдани шӯришиёнро муҳим медонад ва таъкид мекунад, ки чунин амалиётҳо дар ҳамоҳангии комил бо нерӯҳои амниятии афғон анҷом мешаванд. Сухангӯи нерӯҳои ISAF дар Кобул ба "Озодӣ" гуфт, ки дар тобистони имсол раҳбарии тамоми амалиётҳо ба нерӯҳои амниятии афғон вогузор мегардад.

Тибқи маълумоти вазорати дифои Афғонистон, дар ҷараёни чанд соли гузашта ҳудуди чаҳор ҳазор амалиёти шабона дар бахшҳои мухталифи ин кишвар роҳандозӣ гардидааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi