18:57:02 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАСЪУЛОНИ ПЕШИНИ КОБУЛБОНК БА ҲАБС МАҲКУМ ШУДАНД

Додгоҳи расидагӣ ба буҳрони Кобулбонк Шерхон Фарнуд ва Халилуллоҳ Фирӯзӣ, раисони пешини Кобулбонкро ҳар кадом ба панҷ соли ҳабс маҳкум кард.

/images/stories/2013/03/06_farnood_firozi_05032013.jpgДодгоҳи расидагӣ ба буҳрони Кобулбонк рӯзи сешанбе 15 ҳут/исфанд (5 март) дар парвандаи дастбурди дороиҳои Кобулбонк, Халилуллоҳ Фирӯзӣ ва Шерхон Фарнудро ҳар як ба панҷ сол ҳабс маҳкум намуд. Ин додгоҳ ҳамчунон Халилуллоҳ Фирӯзӣ, раиси ҳайати омили Кобулбонкро ба бозпардохти наздик ба 531 миллиюн дулор ва Шерхон Фарнуд, раиси ҳайати мудираи Кобулбонкро ба бозпардохти беш аз 278 миллиюн дулор маҳкум кард.

Ба асоси ҳукми додгоҳ ин афрод мукаллаф ба пардохти ин пул ҳастанд ва маблағе, ки аз фурӯши ҷойдодҳои Кобулбонк ба даст меояд, аз ин пул кам мешавад. Ин ду нафар муқассирони аслӣ дар парвандаи Кобулбонк муъаррифӣ шуданд. Кобулбонк яке аз бузургтарин бонкҳои хусусии Афғонистон буд.

Ҳамчунон додгоҳи расидагӣ ба буҳрони Кобулбонк имрӯз 19 нафари дигар аз кормандони пешини Кобулбонк ва масъулини пешини Бонки марказии Афғонистонро ба 6 моҳ то 5 сол ҳабс маҳкум кард. Дар миёни ин афрод Абдулқадир Фитрат, раиси пешини Бонки марказии Афғонистон низ аз суи додгоҳ ба иттиҳоми "суиистифода аз салоҳиятҳои вазифавӣ ва адами иттилоъдиҳӣ" ба ду сол ҳабс маҳкум шуд.

Абдулқадир Фитрат пас аз авҷ гирифтани парвандаи Кобулбонк ба Амрико рафт ва дар ҳамон ҷо истеъфои худро эълом кард. Оқои Фитрат шаҳрванди Амрико низ ҳаст ва давлати Амрико аз истирдоди ӯ ба Афғонистон худдорӣ кард. Шамсулраҳмон Шамс, раиси додгоҳи расидагӣ ба буҳрони Кобулбонк гуфт, ки ин додгоҳ ибтидоӣ буда ва муттаҳамон ҳаққи истинофхоҳиро доранд.

Вай гуфт, ки муттаҳамони ин парванда шомили се гурӯҳ ҳастанд: гурӯҳе, ки имрӯз дар додгоҳ маҳкум шуданд, гурӯҳи сездаҳнафарӣ шомили шуморе аз саҳомдорон, ки ҳанӯз парвандаашон ба додгоҳ фиристода нашуда ва гурӯҳи савум, ки 16 нафаранд ва ҳанӯз дар мавридашон таҳқиқ сурат нагирифта ва дар хориҷи кишвар ҳастанд.

Оқои Шамс аз додситонӣ хост то ҳар чӣ зудтар парвандаҳои бақия афроди дахил дар буҳрони Кобулро баррасӣ карда ва ба додгоҳ бифиристад.

Пеш аз ин борҳо гузоришоте дар мавриди дахил будани Маҳмуд Карзай, бародари раиси ҷумҳурӣ ва Ҳусайн Фаҳим, бародари муъовини аввали раёсати ҷумҳурӣ дар буҳрони Кобулбонк мунташир шуда буд. Ин ду низ аз ҷумлаи саҳомдорони Кобулбонк буданд.

Ахиран гузорише аз суи як ниҳоди мустақили бозрасӣ мунташр шуд, ки нишон медод дар натиҷаи буҳрони Кобулбонк теъдоде маҳдуд аз сиёсатмадорони аршади ин кишвар наздик ба 900 миллиюн дуллор суд бурданд.

Бар асоси гузориши ширкати бозрасии Крул Асушиэйтс замоне ки дороиҳои ин бонк дар соли 2010 тақвият шуд, қисмати аъзами қарзаҳои он ҳудуди 900 миллиюн дулор танҳо ба 19 фард ё ширкат дода шуда буд.

Бар асоси ин гузориш яке аз касоне, ки аз қарзаҳои ғайриқонунии Кобулбонк баҳра бурда, Маҳмуд Карзай, бародари раиси ҷумҳурӣ Карзай будааст. Аммо Маҳмуд Карзай, ҳамвора даст доштан дар ин буҳронро такзиб кардааст ва гуфта тамомии вомҳои худро пардохтааст. Наздик ба ду сол пеш шуракои аслии Кобулбонк миқдори қобили мулоҳиза аз супурдаҳои молии мардумро ба унвони қарза гирифта буданд.

Шуморе аз онҳо ин пулро дар бозори маскани Дубай сармоягузорӣ карда буданд ва ҳангоме, ки бозори маскани Дубай ба далели буҳрони молии ҷаҳонӣ бо рукуд мувоҷеҳ шуд, дар Афғоонистон ин нигаронӣ эҷод шуд, ки пулҳои сармоягузоришуда дар бозори маскани Дубай шояд дар ин бозори дар ҳоли рукуд гум шавад.

Ин шоеъот сабаб шуд, ки селе аз мардум барои нақд кардани пули худ ба Кобулбонк муроҷаъа кунанд ва дар натиҷа Кобулбонк бо камбуди нақдинагӣ мувоҷеҳ шавад. Давлати Афғонистон пас аз ба миён омадани ин мушкил мудирияти Кобулбонкро ба даст гирифт. Акнун давлати Афғонистон тасмим дорад, ки ин бонкро бори дигар ба бахши хусусӣ ба фурӯш бирасонад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi