16:39:32 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Каримову Путин чор санади ҳамкорӣ ба имзо расонданд


Раиси
ҷумҳуриҳои Русия ва Ӯзбакистон аз мулоқоти имрӯзаашон дар Маскав изҳори қаноатмандӣ карданд. Сафари дурӯзаи Ислом Каримов ба Маскав анҷом шуд ва дар поёни мулоқоташ бо Владимир Путин ӯ гуфт, ки мехоҳад барояш меҳмоннавозии мардуми ӯ
збакро намоиш диҳад. 

karimov-putin-150413Хабаргузории русии РИА Новости менависад, ки дар поёни музокироти ҳайатҳои Русияву Ӯзбакистон дар Маскав, сарвари Ӯзбакистон ҳамтои руси худро ба меҳмонӣ даъват кард. Ислом Каримов ҳамчунин эълом дошт, санадҳое, ки баъд аз гуфтушунид имзо шуданд, ба рушди ҳамкориҳои иқтисодии миёни ду кишвар мусоидат хоҳанд кард.

Ӯ гуфт, “бовар дорам, ки имзои созишҳои муҳиме чун пуштибонӣ ва ҳифзи тарафайни сармояҳо, барномаи ҳамкориҳои иқтисодӣ барои солҳои 2013-2017 аз як тараф чаҳорчӯби ҳуқуқии зарурӣ ва кафолати сармоягузориро муҳайё месозад ва, аз сӯи дигар, ба ҳамкории мо характери амалӣ медиҳад”.

Раисиҷумҳури Ӯзбакистон ба рушди ҳамкориҳои миёни ду давлат дар бахши нақлиёт ва ҳамлу нақл низ таъкид кард ва пешниҳод намуд, ки аз имкониятҳои транзитии ҳамдигар фаъолтар истифода баранд. Хабаргузориҳо навиштаанд, ки Владимир Путин аз рушди муттасили Ӯзбакистон изҳори хушнудӣ кард ва афзуд, ки тиҷорат миёни ду кишвар ривоҷ дорад ва ҳамкориҳои онҳо дар арсаи байналмилалӣ ҳам густариш меёбад.

Аз ин пеш Кремл эълом дошт, ки Ӯзбакистон аз ҳамкорони аслии ҳамкори иқтисодии Маскав маҳсуб мешавад ва дар панҷ соли ахир ҳаҷми сармояҳои русӣ дар иқтисоди Ӯзбакистон тақрибан дар ҳудуди 6 миллиард доллар ҳисоб шудааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки барои Ислом Каримов мулоқотҳо дар Маскав чандон осон набуданд ба ин хотир, ки баъди беруншавии Тошканд аз Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ, аз сӯи мақомоти Ӯзбакистон мутаваққиф шудани фаъолияти ширкати азими мухобиротии МТС -Ӯзбакистон, ширкати мутаалиқ ба афроди наздик ба Владимир Путин,  мушкили табдили пулҳои ширкатҳои ҳавоии Русия, сарвари Ӯзбакистон бояд дубора Маскавро мутмаин месохт, ки манфиатдори тавсеаи ҳамкориҳо бо Маскав аст. 

Аз нигоҳи таҳлилгарон, ба назар мерасад, ки Русия нороҳат буданаш аз мушкилҳои болоро намоиш надодааст, ҳарчанд воқеъан ҳам, аз ҷумла, аз хуруҷи Ӯзбакистон аз Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ сахт нигарон аст. Бо вуҷуди ин, аз нигоҳи коршиноси масоили низомӣ Павел Фелгенгауер, Кремл имрӯзу фардо барои ба ин созмон баргардонидани Ӯзбакистон талоше нахоҳад кард:

Ӯзбакистон дар ин созмон мушкилот эҷод мекард, зеро аксар вақт аз имзои санадҳои муштарак сарпечӣ менамуд, дар Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ бошад  масъалаҳо бо ризояти ҳама тасвиб мешаванд. Аз ин рӯ, фикр мекунам, ки Русия барои баргардонидани Ӯзбакистон ба ин созмон талоше ба харҷ нахоҳад дод, ҳарчанд аз ин пеш эълом доштанд, ки агар баргаштан мехоҳад, хуш омадааст. Фикр мекунам, ки имрӯз онҳо аз робитаҳои дуҷониба кор хоҳанд гирифт.

Артем Улунян, устоди Пажӯҳишгоҳи таърих ва сиёсат дар Маскав, ҳам мегӯяд, ки Кремл ҳам аз хуруҷи Ӯзбакистон аз Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва ҳам аз наздикшавияш бо НАТО сахт нигарон аст. Маскав мушкили хуруҷи Ӯзбакистон аз ин созмонро, ба гуфтаи мусоҳиби мо, дар робита бо се мавзӯи басо муҳими дигар баррасӣ мекунад:

Он нуктаро байид намедонам, ки миёни онҳо, аввалан мавзӯи қудрат дар Ӯзбакистон ва кафолати Маскав барои режими феълӣ баррасӣ шудааст. Сониян, мавзӯи ба роҳ мондани равуои шаҳрвандони Осиёи Марказӣ фақат бо шиносномаи хориҷӣ ва баъдан ҷорӣ кардани раводид, ки барои Ӯзбакистон басо муҳим мебошад, матраҳ шудааст. Ва ниҳоят, муносибатҳо бо Ӯзбакистон дар пасманзари робитаҳои ин кишвар ва Русия бо Иёлоти Муттаҳида аз масъалаҳои муҳими дигари ин гуфтугӯҳо будааст.

Дар робита ба ин мавзӯъҳо миёни Маскаву Тошканд чӣ тиҷорате сурат гирифт ва дар оянда сурат мегирад, гуфтан душвор аст, аммо, меафзояд Артем Улунян, аҷаб нест, ки Кремл аз ин ба баъд, аз фишор болои Ӯзбакистон кор бигирад, зеро ба ҳеҷ ваҷҳ ин кишвари Осиёи Миёнаро аз даст доданӣ нест. Агар Тошканд сиёсати мустақилона аз Маскавро идома диҳад, шояд Русия даст  ба тадбирҳои муҷозоткунанда занад ва ба хотири аз байн бурдани режими феълии Тошканд ба умури сиёсии Ӯзбакистон дахолат ва аз гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Ислом Каримов пуштибонӣ кунад.   

Таҳлилгарон ҳамчунин мегӯянд, Кремл дар остонаи беруншавии нирӯҳои НАТО аз хоки Афғонистон аз тағйири мавқеъ кардани Каримови пешгӯинашаванда ҳарос дорад. Дар тӯли беш аз 20 соли истиқлолияти Ӯзбакистон Ислом Каримов борҳо шеваи рафтораш нисбат ба Русияро бо назардошти наздикшавӣ ё фосилагириаш бо Амрикову Аврупо тағйир додааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi