00:56:30 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Патрисия Флор: "Интихобот бояд озод бошад ва об мояи ҳамкориҳо"

Намояндаи Махсуси Иттиҳоди Аврупо дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ба пурсишҳои мо дар бораи интихобот ва Конфаронси об дар Душанбе посух дод.

partisia-flor 4554554​Намояндаи Махсуси Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ Патрисия Флор баъд аз анҷоми сафараш ба Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки интихоботи президентии моҳи ноябр дар ин кишвар озоду одилона ҷараён хоҳад ёфт. Дар идомаи ин суҳбат вай ҳамчунин ба пурсишҳои мо дар бораи вазъи ҳамкориҳои минтақаӣ дар Осиёи Марказӣ дар пасманзари Конфаронси байнулмилалии об дар Душанбе посух дод.

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ ТОҶИКИСТОН

-Шумо яке аз дипломатҳои баландпояи хориҷии охирине будед, ки бо президент Раҳмон ҳафтаи ҷорӣ дидору мулоқот кардед. Шумо аз худи ӯ нашунидед, ки оё ӯ нияти пешбарии номзадиаш ба интихоботи раёсатҷумҳуриро дорад ё на?

-Дар ҳақиқат, ман ба ӯ бо ин савол муроҷиат накардам. Вале ман ҳеҷ шубҳае надорам ва худи ӯ ҳам ҳангоми сафари гузаштааш ба Бруссел эҳтимоли ширкаташ дар интихоботро рад накарда буд.

-Вале ҳисси Шумо дар Душанбе чӣ буд?

-Ҳама дар Душанбе ва ҳам намояндагони мухолифин, ки ман бо онҳо дар Душанбе вохӯрдам, ҳамаашон гуфтанд, ки мутмаин ҳастанд, ки президент Раҳмон дар интихоботи қарибулвуқӯи моҳи ноябр ҳамчун номзад иштирок хоҳад кард.

-Куллан, Шумо дар бораи вазъи сиёсии пешазинтихобтӣ дар Тоҷикистон чӣ назар доред?

-Иттиҳоди Аврупо Тоҷикистонро ба интихоботи озод, одилона ва шаффоф даъват мекунад. Ман бори дигар ин паёмро расондам, ки нахуст аз тарафи раҳбарони Иттиҳоди Аврупо дар ҷараёни сафари президент Раҳмон ба Бруссел дар моҳи апрел баён шуда буд. Ман ҳамчунин дар оғози сол бо раиси Кумиссюни интихоботӣ мулоқот доштам ва ин паёмро такрор кардам.

Ман ҳамчунин гуфтам, ки нозирони байнулмилалӣ аз САҲА ба интихобот даъват шаванд, то ҷараёни онро бинанд ва мувофиқати онро бо меъёрҳои байнулмилалӣ таъмин намоянд. Нигарониҳои Иттиҳоди Аврупо дар ин аст, ки озодии матбуот таъмин шавад. Мо паёмҳое дорем, ки дастрасӣ ба интернет маҳдуд карда мешавад. Ва, албатта, талаби дигари ҳаётан муҳим ин аст, ки мухолифон тавонанд, озодона маърака пеш баранд ва ба таври пурра дар интихобот ширкат кунанд.

-Дар дидори Шумо ва раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор масъалаҳои ҳамкории ин кишвар ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шудаанд. Кадоме аз онҳоро муҳим мешуморед?

-Бале, ман бо раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҷаноби Раҳмон як гуфтугуи бисёр созанда доштам. Пеш аз ҳама мехоҳам, таъкид кунам, ки дар ҳамаи масъалаҳо мо ҳамдигарфаҳмии тамом доштем ва муҳимтарин масъалаҳо ба ҳамкориҳои минтақаӣ ва амният рабт доштанд. Барои ҳарду тараф, ҳам Иттиҳоди Аврупо ва ҳам Тоҷикистон рӯшан аст, ки таҳдидҳои фаромиллие марбут ба вазъи Афғонистон, масъалаҳои марбут ба энержӣ, нақлиёт ва муҳити зист  мавҷуданд ва ягон кишвари минтақа нахоҳад тавонист ба танҳоӣ онҳоро ҳал кунад ва онҳо ҳамкории минтақаиро тақозо мекунанд.

Мо ҳамчунин ба созиш расидем, ки Тоҷикистон дар конфаронси “Ташаббуси амнияти марзҳои Осиёи Марказӣ”, ки Иттиҳоди Аврупо дар аввалҳои моҳи октябр дар Ишқобод мегузаронад, ширкат хоҳад кард ва Иттиҳоди Аврупо барномаи худро бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масъалаи идораи марзҳо тамдид хоҳад кард ва он ба марҳилаи нав ворид хоҳад гашт. Як-ду сухани дигар дар бораи об ва энержӣ.

Дар ҳамоиши байнулмилалии об дар Душанбе аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон таъкид шуд, ки онҳо аҳамияти ҳамкориҳои минтақаӣ ва ризоияти кишварҳои ҳамсояро дар истифода аз захираҳои об ва ҳароси онҳоро дарк мекунанд. Ҳамчунин Иттиҳоди Аврупо дарк мекунад, ки энержӣ барои рушди иқтисодӣ зарур аст ва Иттиҳоди Аврупо омодааст аз мудирияти беҳтари энержӣ, барои мисол дар Тоҷикистон ҳамчунин аз энержии барқароршаванда ва тавлидоти деҳотии энержӣ дар ин кишвар ҳимоят кунад, зеро рӯшан аст, ки эҳтиёҷи бузурге барои таъмини ниёзҳои мардум ба энержӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.

-Ақидае баён мешавад, ки бештари ин масъалаҳо зимни муносибатҳои сарди байниҳамии раҳбарон ба миён омадаанд. Ва ин ҳам гуфта мешавад, ки акнун танҳо сари кор омадани раҳбарони нав ва ҷавон метавонад, ин мушкилотро ҳал кунад. Шумо чӣ бардоште доред?

-Пеш аз ҳама гуфтан мехоҳам, ки ҷавонон дар Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон имрӯз зиндагии хуб мехоҳанд, намехоҳанд мунтазир бошанд ва ин масъулияти раҳбарони ин давлатҳост, ки ҳама чизи мумкинро кунанд, то вазъ дар кишвар беҳтар шавад, ба рушди иқтисодиёт имкон дода шавад ва ба ҷавонон имкон дода шавад, ки ояндаи хуб дошта бошанд.

Албатта, иваз шудани раҳбарият ва ҳукуматҳо ҳамчунин баъзан ба ҷавонон имкониятҳои дигар ва нав медиҳанд, гоҳе ба насли ҷавон имкон дода мешавад, ояндаи кишвари худ, таърихи нави кишвари худро созанд ва ин ҳам масъулияти онҳоест, ки имрӯз ба ин кишварҳо раҳбарӣ мекунанд. Биноан, барои Иттиҳоди Аврупо раванди демократӣ ва тағйири ҳукуматҳо хеле муҳим буда аз арзишҳои калидии моянд ва ҳангоме ки мардум мехоҳанд сарвари навро бинанд, мо умедвор мешавем, ки ба воситаи интихоботи демократӣ интиқоли қудрат сурат хоҳад гирифт.

БАРДОШТҲО АЗ ФОРУМИ ОБИ ДУШАНБЕ

-Шумо аз рӯйи масъулияти худ бо ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ сари кор доред ва ахиран аз минтақа омадед. Оё ба сатҳи ҳамкории байниҳамии онҳо чӣ баҳо медиҳед?

-Ман фикр мекунам, аз зовияи стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ҳамкории минтақаӣ яке аз авлавиятҳост. Биноан, Иттиҳоди Аврупо аз онҳо мехоҳад, ки ин ҳамориро таҳким диҳанд. Ва, ба фикрам, бояд гӯям, ки дар ин ришта дар Осиёи Марказӣ ба беҳбудиҳои зиёде ниёз дорад. Фақат ҳамчун намуна қайд кунам, ки на ҳамаи гузаргоҳҳо дар марзҳои байни кишварҳои минтақа бозанд ва баъзан аз як кишвар ба кишвари дигар сафар кардан хеле мушкил аст.

Ин, албатта, монеи тиҷорат мешавад ва ҳамчунин монеи муносибати байнии одамон ва рафтуомади марзӣ мешавад. Ин ҳам дар ҳоле ки сокинони ин манотиқ ҳамқавми ҳамдигаранд ва дар гузашта дар ин ҷойҳо ҳаргиз марз вуҷуд надоштааст. Аммо айни чиз дар риштаҳои дигар, монанди муҳити зист, расидагӣ ба тағйири иқлим, офатҳои табиӣ, маҷрои об, фоҷиаи Баҳри Арал ва ҳамаи ин ҳамкории зиёдаро тақозо мекунад ва инҳо масъалаҳое нестанд, ки дар маҳдудаи як кишвар ҳал шаванд.

-Вале вақте ҷониби муҳими ин баҳс, яъне Тошканд дар ин нишастҳо нахост ширкат кунад, пас ин ҳамоиш чӣ маъно медиҳад?

-Дар нишаст ҳайате буд ба раҳбарии муовини вазири кишоварзиву муҳити зисти Узбакистон ҷаноби Ҳамроев. Ӯ инчунин дар ҷараёни ҷаласае роҷеъ ба мавзӯи «Ҳамкориҳои фаромарзии обӣ» иштирок кард. Ҳама дар ин масъала иттифоқи назар доштанд, ки барои донистани ҳаҷми интиқоли об, баҳсҳои атрофи маҷрои об шумо бояд ҳамроҳ сари мизи гуфтугӯ нишинед ва ҳамкорӣ бояд, ки дар чаҳорчӯби қонунӣ сурат гирад. Мо Эъломияи СММ оид ба обро дорем, ки яке аз соли 1992 ва дигаре аз соли 1997 аст. Ин санад чаҳорчӯби танзимкунандаи ҳамкориҳост, ки ҳар кишвари ҷудогона бар асоси он метавонад кор кунад.

-Шумо мутмаинед, ки Тошканд ба ин ҳарфҳо гӯш мекунад?

-Онҳо ҳузур доштанд ва Тошканд эъломияҳои СММ-ро дар ин масоил ба тасвиб расондааст. Дар Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ва Қирғизистон  ба ин санад ҳанӯз ҳамроҳ нашудаанд. Мо аз ҷониби худ дарк мекунем, ки эъломияи мазкур масъулиятеро дар баробари кишварҳои болооб эҷод мекунад. Дар ин ҷаласа як ҳуқуқшиносе хеле хуб шарҳ дод, ки ин эъломия ба ҳар кишвар ҳуқуқ ва айни замон, масъулияти муайянро пешбинӣ мекунад.

Ҳамзамон, он механизми ҳамкориро пешниҳод мекунад, ки дар сурати доштани мушкил ё баҳсе дар масъалаи муҳиме, мисли об, роҳҳои ҳалли ин масоил дар чаҳорчӯби қонун кадоманд. Аз ин хотир, ман мутмаинам, ки эъломияи СММ барои кишварҳои минтақа ҳаётан муҳим аст.

-Шумо нақши Иттиҳоди Аврупоро дар ҳалли баҳсҳои обии миёни кишварҳои поёнобу болооб чӣ гуна арзёбӣ мекунед, дар сурате, ки ИМА, Чин, Русия ва дигарон намехоҳанд, ба ин масоил дахолат кунанд?

-Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби стратегияи худ дар Осиёи Марказӣ як платформаи марбут ба обу муҳити зистро эҷод кардааст, ки дар чаҳорчӯби он мо мулоқотҳое дар сатҳи вазиронро дар масоили обу муҳити зист соле як бор доир мекунем. Инчунин мо гурӯҳҳои кории мухталифро дорем, ки дар бахшҳои гуногуни марбут ба об фаъолият мекунанд.

Иттиҳоди Аврупо инчунин тарҳҳои фанние дар ин замина дорад. Масалан, яке аз чунин тарҳҳо марбут ба ҳамкории сокинони маҳаллиро дар масоили обёрӣ ё ирригатсия мебошад, бо кадом роҳ онҳо метавонанд роҳҳои обгузар ё каналҳоро барқарор кунанд. Ман ба наздикӣ чунин як тарҳеро дар наздикиҳои Ош дидан кардам ва деҳқоне гуфт, ки агар дар гузашта вай танҳо имкони истифодаи 24 % заминҳои худро дошт, баъди корҳои барқароркунӣ вай имкони истифодаи тамоми заминҳои худро пайдо кардааст.

Дар асл, бояд гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо хеле таҷрибаи ғанӣ дорад. Ин ҷо дарёҳои Дунай, Рейн ҳастанд. Дарёи Дунай аз як минтақаи мушкилзои Балкан мегузарад, ки моҷароҳои зиёдеро пушти сар кардааст. Мо аз таҷрибаи худ хеле хуб медонем, ки кадом механизмҳо, кадом эъломияҳо метавонанд дар вазъи хеле сангини сиёсӣ кор кунанд. Мо бохушнудӣ таҷрибаи неки худро бо дигарон тақсим хоҳем кард ва сокинони Осиёи Марказӣ тасмими худро хоҳанд гирифт.

-Ин хеле умедворкунанда садо медиҳад. Вале, бо вуҷуди ин, бисёриҳо, аз ҷумла конгрессменҳои амрикоӣ бовар доранд, ки баҳси об метавонад боиси бурузи низоъҳои минтақаӣ шавад. Назари Шумо чист?

-Ман ба наздикӣ таҳқиқотеро хондам, ки дар он гуфта мешавад, ки дар бисёр ҳолатҳо об на манбаи ихтилоф, балки мояи аслии ҳамкории байни кишварҳо шудааст. Бо вуҷуди ин, ҳодисаҳои ба низоъ гаравидани баҳсҳо ҳам вуҷуд дорад. Ин масоил ҳаётан муҳиманд. Обе, ки барои истеъмоли инсон ва ё обёрӣ лозим аст, барои амнияти ғизоӣ ва ҳам сиҳҳатӣ хеле муҳим аст. Баробар бо ин, таъмини дигарон бо нирӯи барқ масъалаи дигари муҳим аст. 

Мо ҳамаи инро хуб дарк мекунем ва мефаҳмем, ки дар сурате, ки ин масъалаҳо ҳалли худро наёбанд, вазъ ба низову мухолифатҳо табдил мешавад. Аз ин рӯ, даъвати имрӯзаи мо ин аст, ки «Биёед, имрӯз кор кунем, то ки аз тавсеаи низоъҳо ҷилавгирӣ шавад, чунки аз пайомадҳои хатарноки он ҳама ҷониб бой хоҳанд дод». Ҳеҷ як низоъ масъаларо ҳал нахоҳад кард. Ба ҷои низоъ, биёед созише ба даст оварем, ки ба ҳама кӯмак кунад, ки аҳолии ин кишварҳо ба обу энержӣ даст ёбанд.

-Маркази СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ стратегияи нави ҳалли баҳсҳои обӣ дар минтақаро омода кардааст. Шумо дар бораи ин стратегия хабар доред ва назаратон дар борааш чист?

Ман дар борааш хабар дорам ва дар тамоси хуб бо сафир Йенча (Мирослав Йенча, раҳбари ин марказ) ҳастам, ки ҳамчунин намояндаи хоси Дабири Кулли СММ дар минтақа аст. Ман бояд гӯям, ки СММ нақши хеле муҳиме мебозад, чунки меъёрҳои ҷаҳониро таъйин мекунад. Хеле хуб мешуд, ки агар ҳамин барномаи СММ барои ба ҳам овардани ҳама ҷонибҳо нақши боризе медошт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi