19:24:16 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Тоҷикистон Қирғизистонро ба хештандорӣ даъват кард

Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон дар як изҳороти расмӣ аз мақомоти ин кишвар хост, коршарикии анъанавии ду кишвар ва суботи минтақаро халалдор накунанд.

karta-tajikistan 584755Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон рӯйдодҳои ахир дар марзи байни ду кишвари таҳдиде ба ҳусни ҳамҷаворӣ ва суботи минтақа хонда, дар як изҳороти расмӣ, ки шоми 14-уми январ нашр намудааст, гуфт, "тарафи Тоҷикистон изҳори эътимод мекунад, ки моҷарои ахир дар маҷрои созандагӣ ва аз тариқи муколама ҳал хоҳад шуд". Барои ин, омадааст дар изҳорот, Тоҷикистон тарафи дигарро ба хештандорӣ даъват мекунад.

Дар ин санад, ки хабаргузории ИТАР-ТАСС аз он нақли қавл кардааст, гуфта мешавад, дар тамоми давраи истиқлолияти Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳифзи амният, сулҳ ва субот дар минтақа пояи устувори эътимоди баланд, ҳамсоягии нек ва дӯстии байни ду кишвар буда, ин усул дар Шартномаи муносибатҳои бунёдии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 12 июли соли 1996 ва ҳамчунин паймони байнидавлатии муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ ва коршарикӣ, ки соли 2004 имзо шуда буд, дарҷ гардидаанд."

Бино бар хабари дигар мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, сарони Хадамоти марзбонии ду тараф омодаанд, сари мизи музокирот нишинанд ва мушкили бамиёномадаро ҳал кунанд. Дар ин байн раиси ноҳияи Бодканд хабари Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар бораи "нофаҳмӣ"-и нав дар марз бо Исфараро рад кард ва гуфт,  вазъ дар марз баъди тирпарронии рӯзи 11 январ ором аст.

Саидмурод Холиқов, раиси ноҳияи Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон, ки бо ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ҳаммарз аст, шоми 14 январ хабари нашркардаи Хадамоти марзбонии Қирғизистонро дар бораи "нофаҳмӣ"-и нав дар ин марзи ҳассосро рад кард ва гуфт, музокироти низомиҳо ҳар cари чанд соат доир мешаванд, вале ӯ нашунидааст, ки марзбонҳои тоҷик қатъи сохтмони роҳи баҳсиро талаб карда бошанд. Оқои Холиқов ба нашрияи "Вечерний Бишкек" гуфт, вазъ дар ин марз ором аст ва бо вуҷуди баста будани гузаргоҳҳои марзӣ, роҳ аз ҷазирақаламрави Ворух ба Оқсой низ пурра боз мебошад.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон шоми 14 январ бо пахши як изҳорот аз таниши нав дар марзи байни рустоҳои Хоҷаи Аъло ва Оқсой хабар дод ва аз Тоҷикистон хост, мушкилотро бо роҳи осоишта ҳал кунад, "на бо намоиши зӯрӣ." Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, ки вазъ дар атрофи маркази тақсими об дар марзи байни рустоҳои Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва Оқсойи вилояти Бодканд муташанниҷ боқӣ мемонад. Рӯзи 11 январ маҳз дар ҳамин мавзеъ муноқишаи марзбонҳои тоҷику қирғиз ба тирпарронӣ печид ва аз ду тараф 8 захмӣ ба ҷо гузошт.

Бино бар ин манбаъ, соати 17:00 музокираи намояндагони ниҳодҳои марзбонии мустақар дар навоҳии Исфараву Бодканд доир шуд ва дар он "ҷониби Тоҷикистон қатъиян изҳор дошт, ки ба сохтани роҳи Кӯктош - Оқсой мамониат хоҳанд кард." Ба гуфтаи дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон, "марзбонҳои тоҷик ба ин мулоқот бо аз нигоҳи низомӣ комилан муҷаҳҳаз ва дар тан зиреҳпӯшҳо омадаанд."

Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз ҷониби Тоҷикистон даъват кардааст, ки "мушкилоти бархостаро бо роҳи осоишта - дар пушти мизи музокирот - ҳал кунанд, на бо роҳи намоиши зӯрӣ." Аммо баъди як соат ин ниҳод изҳороти аввалашро пас кашид ва гуфт, дар тамоси телефонӣ бо мақомоти қирғиз фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣҷиҳати ҳалли қазияи пешомада изҳори омодагӣ карда, ба зарурати ҳалли мушкилот танҳо аз тариқи гуфтушунид таъкид кардааст.

Қирғизистон сафирашро аз Душанбе фаро хонд

Қирғизистон сафираш дар Тоҷикистонро барои машварат фаро хонда, ду гузаргоҳи Гулистон ва Қармаиқ дар марзҳояш бо ноҳияҳои Исфараву Ҷиргатолро баст. Вазорати хориҷаи Қирғизистон рӯзи 14 январ дар сомонааш хабар дод, ки сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Урмат Сараалиевро бозхондаанд. Бино бар ин хабар, Қирғизистон барои рӯшан кардани муноқишаи рӯзи 11 январ дар марзи Исфараву Бодканд сафири худро барои машварат даъват кардааст.

Дафтари матботи вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз бозхонди сафири Қирғизистон Урмат Сараалиев изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, ҳанӯз дар ин робита ҳеҷ хабари расмие ба ин вазорат нарасидааст.

Сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон гуфт, ки Сараалиев барои рӯшан кардани баъзе масъалаҳо дар робита ба қазияи рухдода дар марзи Исфараву Бодканд даъват шудааст, вале ин ба маънои бозхонди ӯ нест.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Қирғизистон Турдиохун Сиддиқов ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, "ин як таҷрубаи дар дипломатия муқаррарист, вале ба маънои қатъи равобити дипломатӣ байни Қирғизистону Тоҷикистон нест. Мо дар робита ба қазияи охир дар марз дар назди ҷониби Тоҷикистон суолҳои зиёде гузоштаем. Ҳоло мунтазири посух ҳастем. Мо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ду нота фиристодаем. Онҳо метавонистанд тамоми чизро бидуни рӯпӯш кардан ба мо бигӯянд. Чунин рӯйдодҳо ба равобити дуҷониба таъсири манфӣ мерасонанд."

Зӯҳри 11 январ муноқишаи байни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар марзи байни рустоҳои Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ва Оқсойи вилояти Бодканд ба тирпарронӣ печид. Дар натиҷа 2 сарбози тоҷик, 5 марзбони қирғиз ва як милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд. Қирғизистон ба дунбол эълон кард, ки марзаш бо Тоҷикистонро то анҷоми таҳқиқи қазияи ахир мебандад.

Рӯзи 14 январ як мақоми аршади вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Қирғизистон расман бо ирсоли нота вазорати нақлиёти Тоҷикистонро аз масдуд кардани роҳҳои мошингузари худ дар гузаргоҳҳои расмии «Гулистон»-и Исфара ва «Қарамиқ»-и Ҷиргатол дар ҷараён гузошт. Ин мақоми вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки мақомоти Қирғизистон ду рӯз баъд аз муноқиша дар марзи Исфара то замони ҳалли ин қазия роҳҳои мошингузар бо Тоҷикистонро масдуд карданд.

Ахиран бо масдуд шудани ягона гузаргоҳи Чину Тоҷикистон дар роҳи Қулма-Қаросӯ мошинҳои борбар асосан аз тариқи Қирғизистон вориди Тоҷикистон мешуданд ва расонаҳои Қирғизистон мегӯянд, ки бо баста шудани гузаргоҳи Қарамиқ даҳҳо мошниҳои ҳомили бору коло дар гузаргоҳ банд мондаанд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ин хабарро такзиб кард ва гуфт, дар гузаргоҳҳои Қирғизистон таҷаммӯъи зиёди мошинҳо ба қайд гирифта нашудааст. Аммо расонаҳои хабарии Қирғизистон гуфтаанд, ки  танҳо дар гузаргоҳи Қайрағач дар марзи  шаҳри Сулуктаи Қирғизистон бо ноҳияи Ҷаббор Расулов чандин мошини ангишт дар роҳ ба сӯи Тоҷикистон дармондаанд

ТАҲАВВУЛОТИ РӮЗИ 13 ЯНВАР

Тоҷикистону Қирғизистон нирӯҳояшонро аз рустоҳои марзӣ берун мекашанд

Тоҷикистону Қирғизистон ҷиҳати хуруҷи воҳидҳои низомӣ аз рустоҳои марзӣ тавофуқ кардаанд, вале Қирғизистон гуфтааст, ба сохтани роҳи баҳсӣ идома хоҳад дод. Дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 13 январ бо пахши як иттилоия аз натоиҷи музокироти раҳбарони ниҳодҳои умури дохилаву марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бодканд хабар дод. Бино бар ин манбаъ, ду ҷониб ҷиҳати иттихози тадбирҳои лозим барои хуруҷи воҳидҳои низомӣ ва нирӯҳои вижаи дигар аз рустоҳои наздимарзӣ тавофуқ кардаанд. Ҳамчунин қарор шуда, ки дар зарфи 3 рӯз дар марз патрулҳои муштарак таъсис дода, хатти сайри ин гурӯҳҳои дидбониро муайян кунанд.

Ин иттилоия меафзояд, ки ҷониби Тоҷикистон дар ҷараёни музокирот ба қатъи сохтмони роҳи баҳсии Кӯктош - Оқсой - тамдиқ исрор варзид, вале ҷониби Қирғизистон хабар дод, ки аз сохтани ин роҳ даст намекашад ва пешниҳод кард, ки баҳси мавзӯъ ба иҷлосияи навбатии кумиссиюни байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон вогузор шавад.

Додситони Суғд: Тирпаррониро марзбонҳои қирғиз сар карданд

Шариф Қурбонов, додситони вилояти Суғд рӯзи 13 январ дар як нишасти хабарӣ гуфт, дар қиболи тирандозии рӯзи 11 январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Додситони Суғд дар посух ба саволи хабарнигорон дар бораи таҳқиқи ҳодисаи даргирӣ байни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар Исфара гуфт, дар бораи ин муноқиша мутобиқи бандҳои 104 – “сӯъиқасд ба куштор”ва 335 -“убури ғайриқонии марзи Тоҷикистон”- и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз ҷониби додситонии ҳарбӣ парванда боз шуда, мавриди таҳқиқи пешакӣ қарор дорад.

Шариф Қурбонов гуфт: “Ман ба ҷойи ҳодиса барои таҳқиқ рафтам. Дар ҳақиқат ҷойи ин ҳодисаи тирандозӣ бе ягон баҳс ҳудуди Тоҷикистон мебошад. Муноқиша аз он ба миён омад, ки сарҳадбонҳои Қирғизистон бо аслиҳа ва  бе иҷозат аз болои пул аз ҳудуди баҳснок ба тарафи Тоҷикистон, деҳаи Хоҷаи Аъло мегузаранд. Вақте ки сарҳадбонҳои тоҷик хоҳиш мекунанд, ки онҳо ба мавқеъи худ баргарданд, дар посух марзбонҳои қирғиз дашномҳои қабеҳ дода, аввалин тирро ба суи сарҳадбонҳои тоҷик мезананд. Сарҳадбонҳои тоҷик низ ба хотири ҳимояти марз они худ муқобилат мекунанд.”

Вай афзуд, дар ин даргирӣ 2 сарҳадбони тоҷик ва чанд марзбони қирғиз захм бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд. Шариф Қурбонов таъкид кард, аммо “мавқеъи мо ин муноқишаро авҷ гирондан нест. Чунки истифода аз аслиҳа ин усли ҳалли масъалаи сарҳадӣ нест. Ҳаллуфасли ин масъала танҳо бо роҳи гуфтушуниди комиссияи муштараки марзбандии Тоҷикистон Қирғизистон  сурат бигирад.”

Бордюжа бо Душанбеву Бишкек таниши марзиро баррасӣ кардааст

Дабири кулли созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа вазъи пешомада дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро бо раҳбарони ин ду ҷумҳурӣ баррасӣ кардааст. Владимир Зайниддинов, сухангӯи созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ(СПАД) рӯзи 13 январ ба мо гуфт, "Николай Бордюжа тавассути телефон вазъи пешомада дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро бо раҳбарони ин ду ҷумҳурӣ  баррасӣ кард." Аммо ӯ нагуфт, ки ин сӯҳбатҳо бо президентҳои ин ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Алмосбек Отамбоев сурат гирифтаанд ё бо кадом мақомҳои пойинтар.

Оқои Зайниддинов гуфт, баргузории кадом нишаст ё машварати вижае дар ин масъала дар Маскав дар назар дошта нашудааст. Ӯ афзуд, Тоҷикистону Қирғизистон дар робита ба таниши ахири марзӣ барои кумак ба ин эътилофи амниятии кишварҳои пасошӯравӣ муроҷиат накардааст. Зайниддинов гуфт, “мо ба мониторинги вазъ дар ин марз минбаъд ҳам идома медиҳем.”

СПАД эътилофи низомиву амниятиест, ки 6 кишвари псошӯравӣ – Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро дар меҳвари Маскав муттаҳид мекунад.

Ҷ.Сангинов: "Қирғизистон дар масъалаи сохтмони роҳ дар мавқеъаш монд"

​Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд рӯзи 13 январ ба мо гуфт, музокироти ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бодканд баъди 4 соат бо имзои як протокол ба анҷом расидааст. Оқои Сангинов гуфт, ин нишаст давраи навбатии музокироте буд, ки рӯзи 9 январ, ҳанӯз қабл аз таниши ахир, дар шаҳри Исфара доир шуда буд.

Ҷумъабой Сангинов дар бораи натоиҷи мулоқоти Бодканд гуфт: "Мо қарор кардем, ки дидбониҳо муштараки нирӯҳои марзбонӣ ва мақомоти нирӯҳои дохиларо дар марз идома диҳем. Ҳамчунин қарор шуд, ки тамоми кори лозимро барои таъмини тартибот ва барқарор кардани субот дар ин минтақа анҷом диҳем."

Муовини раиси вилояти Суғд гуфт, ҷонибҳо ҳамчунин тавофуқ кардаанд, ки ба хотири пешгирӣ аз такрори танишҳо бояд асноди имзошуда байни сарони аввал ва мақомоти дигари Тоҷикистону Қирғизистон бекаму кост иҷро шавад. Оқои Сангинов гуфт, қатъи корҳо дар сохтмони роҳи Кӯктош-Оқсой - Тамдиқ низ дар протоколи имзокардаи президентҳои ду кишвар зикр шудааст ва кор дар ин сохтмон табъан бояд қатъ шавад, аммо: "Дар матни протоколи имрӯза таъкид шудааст, ки ҷониби Тоҷикистон ба риояи ин аснод исрор меварзад. Вале дар ин масъала ҷониби Қирғизистон дар мавқеъи худ монд. Онҳо дар матн илова карданд, ки ин мавзӯъ бояд дар иҷлосияи куммиссиюни таъйин ва аломатгузории марз баррасӣ шавад. Яъне онҳо бояд акнун сохтмони роҳро то иҷлосияи навбатӣ, ки қарор аст, охиир моҳи январ доир шавад, қатъ кунанд."

Қаблан "Азия Плюс" гузориш дода буд, ки дар музокироти Бодканд, ки бино ба хабарҳо, шоми 12 январ оғоз ёфта, рӯзи 13 январ идома кард, ҳайъати Тоҷикистонро дабири Шӯрои амният Абдураҳим Қаҳҳоров ва ҷониби Қирғизистонро муовини вазири умури дохилааш генерал-майор Курсан Асанов раҳбарӣ мекунанд. Ҳадаф аз ин музокирот оддӣ сохтани вазъ дар қисмати Исфараи марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфта мешуд.

Бишкек Душанберо гунаҳкор мекунад

Вазорати хориҷаи Қирғизистон рӯзи 13 январ бо пахши як баёния изҳори умед кардааст, ки ҷониби Тоҷикистон ба таҳқиқи низоъи марзии рӯзи 11 январ дар марзи Исфараву Бодканд "иродаи сиёсӣ нишон хоҳад дод."

Вазорати хориҷаи Қирғизистон дар баёнияаш изҳороти ду рӯз пеши вазорати хориҷаи Тоҷикистонро "носаҳеҳ" хонда гуфтааст, Душанбе анҷоми таҳқиқотро мунтазир нашуда, назарашро дар бораи ин моҷарои марзӣ баён дошт. Ин изҳорот мегӯяд, "хулосаҳои бармаҳал ва арзёбиҳои спекулятивӣ дар тафсири ҷониби Тоҷикистон ҷавобгӯи фазои равобити ҳамсоягии Қирғизистону Тоҷикистон нест ва ба таъмини суботу амният дар марз мусоидат намекунад."

Қирғизистон бахусус далели "ҳамла"-и низомиёни тоҷикро шадидан маҳкум карда, гуфтааст, дар асл "сохтмони роҳи Кӯктош-Оқсой -тамдиқ дар он рӯз дар қаламрави Қирғизистон анҷом мешуд, на дар қаламрави сабтношуда." Бишекек ҳамин тавр, аз истифодаи силоҳи тӯпхонаӣ алайҳи низомиёни қирғиз ва тиркушоӣ ба қаламрави Қирғизистон изҳори норозигии шадид карда, инро "поймол кардани тамоми меъёру усули ҳуқуқи байналмилалӣ" номидааст.

Ҳамзамон Бишкек бо таъкид ба сатҳи феълии равобит ва анъанаҳои қадими дӯстии мардумони ду кишвар изҳори умед кардааст, ки ҷониби Тоҷикистон аз иқдомҳои ғайриқонунӣ ва аз иттиҳомоти шитобзадаву беасос дар қиболи Қирғизистон парҳез карда, "роҳҳои созандаи ҳалли мусолиматомези вазъи пешомада ва таъмини амнияти мардумони ду кишвар"-ро хоҳад ҷуст.

Назари Душанбе дигар аст

Шоми 11 январ вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашрия як изҳорот гуфт, муноқиша дар марз бо Қирғизистон бо гуноҳи марзбонони кишвари ҳамсоя ба вуқӯъ пайвастааст ва чунин рафтор мояи нигаронии ҷиддист. Дар баёнияи катбие, ки шоми шанбе дар торнамои вазорати умури хориҷӣ нашр шуд, омадааст, ки “намоиши зӯр ва истифода аз он роҳи ҳалли масоили умда нест” ва чунин амалкарди тарафи Қирғизистон “баръакс сабаби эҷоди халал дар равобити дӯстона ва бародаронаи ду миллату ду кишвар” мешавад.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки бар хилофи тавофуқи Кумиссиёни байнидавлатии таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар аз рӯзи 7 январ, ки бояд корҳо барои бунёди роҳи Кӯктош-Оқсой-Тамдик қатъ шавад, рӯзи 11 январ мақомоти Қирғизистон бо ҳимояти сарбозон хостанд, бунёди роҳеро, ки қисме аз он хоки Тоҷикистон мегузарад, идома бидиҳанд. Марзбонони тоҷик баъди мушоҳидаи нақзи сарҳади Тоҷикистон аз коргарону нерӯҳои низомии ҳамсоякишвар хостаанд, то корҳоро қатъ кунанд, аммо ба гуфтаи вазорат, дар посух ба ин даъват, гурӯҳи 20 нафарии марзбонони қирғиз аввал ҳамтоёни тоҷики худро дашном дода, сипас бе ҳеҷ огаҳӣ ба сӯи онҳо тир андохта ду нафарашонро маҷрӯҳ кардаанд. Ба гуфтаи вазорати умури хориҷӣ, марзбонони тоҷик маҷбур шуданд барои ҳифзи ҷони худ оташи ҷавоби кушоянд.

Дар идомаи баёния омадааст, ки соати 12:20 гурӯҳе аз марзбонии Қирғизистон дар ҳудуди ҷамоати Овчӣ-Қалъача дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ наздик омада, аз сарҳадбонони тоҷик хостаанд, ки посгоҳи марзиашонро бардоранд. Ҳадаф аз ин дархост, оғози сохтмони роҳи мошингарди Қулунду-Мақсад будааст, ки Қирғизистон мехоҳад бисозад.

Бо гузашти 22 сол аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 970 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун танҳо 567 километраш таъину аломатгузорӣ шудааст. Вале таъйину аломатгузории заминҳои боқимонда ба иллати печутобҳои зиёди хатти сарҳад ва вуҷуди даҳҳо ҷазирақаламрави хурду бузург дар қисмати Суғду Бодканд хеле ба сустӣ пеш меравад. Тоқон Мамитов, муовини сарвазири Қирғизистон рӯзи 12 январ гуфт, аз соли 2006 ба ин сӯ ягон километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон аломатгузорӣ нашудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi