22:28:24 05-уми Июни 2025 сол

15-УМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон

05-уми ноябри соли 2009

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Понздаҳ сол муқаддам - рӯзи 6–уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсияи (Сарқонуни) давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, яъне бевосита аз ҷониби худи халқ бо дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва ояндаи кишвар қабул карда шуд. Ин санади муқаддасу тақдирсоз ва ифодагари азму иродаи мардум роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи моро муайян намуд.

Ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ ҳамаи шумо - ҳозирини мӯҳтарам ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро, ки бо қабули ин санади сарнавиштсоз маҷмӯи ормону ниятҳои некро ба дастури кору зиндагии наслҳои имрӯзу фардо табдил доданд, самимона табрик мегӯям. Бояд таъкид намуд, ки се соли нахустини зиндагӣ дар фазои соҳибистиқлолӣ, яъне солҳои 1991-1994 солҳои пурошӯб ва давраи ҷустуҷӯи ҷавоби мушаххас ба саволҳое буданд, ки мо ба чӣ гуна сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ эҳтиёҷ дорем, ояндаи ҷомеа ва давлатро дар доираи кадом низоми сиёсӣ ва арзишу меъёрҳои иҷтимоӣ дидан мехоҳем, ормонҳои миллии дар давоми ҳазорсолаҳо ташаккулёфтаамонро бо кадом роҳу равиш амалӣ менамоем.

Дар ин муддат, яъне баъди ба даст овардани истиқлолият баъзе доираҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ бо истифода аз гурӯҳҳои муайяни бегонапараст мардуми моро гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ карданд.

Бо вуҷуди ин, дар давоми се соли ниҳоят сангин ва заҳмату талошҳои пайгирона бо иштироки бевоситаи худи мардуми кишвар Конститутсияи давлати мустақили Тоҷикистон таҳия, муҳокима ва қабул гардид.

Ва мардуми мо бо қабули нахустин Конститутсияи худ, ки аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифт, ба ҳамаи саволҳои гузошташуда ҷавоби дақиқ пайдо карда, роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоиро пеш гирифтанд.

Ба ҳайси ҳомии Қонуни асосӣ, кафили истиқлолияти миллӣ ва пойдориву бардавомии давлат мехоҳам изҳор намоям, ки Конститутсияи мо ҳамчун баёнгари таносуби воқеии ҳамаи нерӯҳои иҷтимоии ҷомеа ва ҷавобгӯи манфиатҳои ҳамаи онҳо буда, чунин давлатеро бунёд гузошт, ки ба ҷуз аз хизмат ба мардум ва амалӣ намудани ормонҳои онҳо дигар мақсаде надорад.

Бинобар ин, бояд таъкид кард, ки ҳар як пешрафти ба шарофати амали понздаҳсолаи Конститутсия бадастомада, пеш аз ҳама таъмини волоияти қонун натиҷаи хирад ва заковати фитрии халқи Тоҷикистон аст. Зеро халқ созандаи таърих ва ҳаёти мустақилонаи ҳар давлат мебошад.

Эъмори давлати мустақил ва пайваст ба ҷаҳони муосир низ самараи тафаккур ва заҳмати мардуми шарифи кишвар мебошад, ки имрӯз онро бо номи Тоҷикистон мешиносанд ва мавқеи онро дар мавриди ҳаллу фасли масоили умдаи байналмилалӣ эҳтиром мекунанд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар асл баъди иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардида, ҳамчун натиҷаи татбиқи қарорҳои таърихии он сурат гирифта буд.

Ҳанӯз моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ ва баъди он, яъне 12-уми декабри соли 1992 дар Муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон таъкид карда будам, ки мо ҷонибдори бунёди давлати нав, яъне давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошем.

Дар натиҷа, моҳи июни соли 1993 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав Комиссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи кориро ташкил намуд ва ин гурӯҳи корӣ баъди омӯзиши қонунҳои асосии як қатор кишварҳои пешрафта лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистонро омода карда, ба муҳокимаи Комиссияи конститутсионӣ пешниҳод кард.

Баъдан бо пешниҳоди комиссияи мазкур дар асоси Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия гардид. Дар ҷараёни муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Конститутсия аз ҷониби мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба Шӯрои Олӣ беш аз ҳаштуним ҳазор пешниҳод ворид гардид.

Ҳамзамон бо ин, лоиҳаи Конститутсияи мо аз ҷониби мутахассисону коршиносони маъруфи як қатор кишварҳои ҷаҳон баланд арзёбӣ гардид.

Ҳамин тариқ, қабули Конститутсия баёнгари ворид шудани Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ буда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар давраи дигаргуниҳои куллиро оғоз намуд.

Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам овард.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, шакли давлатдорӣ, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд.

Моҳияти демократии Конститутсияи Тоҷикистон, қабл аз ҳама дар эътироф гардидани халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ ифода меёбад.

Бахши муфассали он, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таҳти танзим қарор додааст, аввалин маротиба дар таърихи кишвар ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ ва заволнопазир эътироф намудааст.

Албатта, ба ҳама маълум аст, ки 15 –сол пеш мо дар чӣ гуна шароит зиндагӣ мекардем ва масъалаи таъмини сулҳу субот барои Ватан, давлат, миллат ва ҳар фарди ҷомеаи мо аз ҷумлаи масъалаҳои тақдирсоз буданд.

Бо дарки масъулияти таърихии худ дар назди миллат ва Ватан мо ба барқарор кардани сулҳу созиш ва ваҳдати миллӣ шурӯъ намудем, ки натиҷаҳои он дар санади таърихӣ – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сабт гардиданд. Дар Созишнома дар баробари ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаи мо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон низ пешбинӣ гардида буд.

Ва ҳамчун натиҷаи татбиқи муқаррароти ин санади мӯътабари миллат 26 сентябри соли 1999 аввалин маротиба ба Конститутсияи мамлакат тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо мазмуну мӯҳтавои Конститутсияро такмил дода, хислати демократии онро таҳким бахшиданд.

Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки ҳар гуна ҷомеа, махсусан ҷомеаи рӯ ба инкишоф доимо дар ҳолати тағйиру дигаргуниҳои куллӣ қарор дорад ва ҷомеаи мо низ аз ин қонунмандии иҷтимоӣ истисно нест. Бо дарназардошти дастовардҳои нав ба нави ҷомеа зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳои навбатӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон ба миён омад, ки он рӯзи 22 июни соли 2003 амалӣ гардид.

Дар натиҷаи ду ислоҳоти конститутсионӣ аввалин маротиба дар таърихи сиёсии кишвар парламенти думаҷлисаи доимамалкунанда, такмили мақомоти иҷроия ва сохтори иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳи мустақилияти мақомоти судӣ, эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ ва дигар ниҳоду андешаҳои демократӣ ба Конститутсияи мо ворид гардиданд.

Ин ҳама навовариҳои конститутсионӣ барои пойдору устувор гардидани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам овард.

Конститутсия мазмуни демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистонро муқаррар мекунад, ки барои пурра татбиқ шудани ин мафҳуму арзишҳо ба сифати ормонҳои мардуми мо вақту замони муайян зарур аст.

Татбиқи меъёрҳои зикршуда, пеш аз ҳама, ба пешрафти ҳаёти ҷомеа, иҷрои барномаҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати давлатӣ, хулоса, ба шароиту имкониятҳо ва ба сатҳи пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар вобаста мебошад.

Қонуни асосӣ инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ эълон намуда, мақсад ва мазмуни фаъолияти мақомоти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллиро муайян мекунад.

Ин чунин маънӣ дорад, ки қонунҳо набояд қоидаҳои рафтореро муайян намоянд, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон мувофиқ набошанд ё онҳоро халалдор созанд, инчунин ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдор бояд дар фаъолияти худ ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба роҳбарӣ гирифта, набояд амале мухолифи он содир намоянд.

Вобаста ба эҳтироми ҳуқуқ ва озодии инсон ҳамчун арзиши олӣ 26 октябри соли ҷорӣ бо истифода аз салоҳияти конститутсионии худ ба муносибати ҷашни 15-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли бузургдошти Имоми Аъзам лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудам. Ин санад қабул гардид ва аз дирӯз мавриди амал қарор дорад.

Умуман, бояд гуфт, ки дар давоми 15 соли охир 9 маротиба қонуни авф қабул гардида, муқаррароти онҳо нисбат ба 61 ҳазор маҳкумшудагон татбиқ гаштанд, аз ҷумла зиёда аз 40 ҳазор нафар маҳкумшудагон аз маҳбас озод шуданд. Пешбинӣ шудааст, ки қонуни даҳуми авф ба 10 ҳазор нафар татбиқ шуда, зиёда аз 3 ҳазор маҳкумшуда аз маҳбас озод карда мешавад.

Ба андешаи ман, ин иқдомот боз як далели амали бевоситаи меъёрҳои Конститутсия дар хусуси арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ ва ҳифз гардидани қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои инсон мебошад.

Дар ҳамин давра қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қонунигардонии маблағҳои пулии шаҳрвандон ва дар бораи авфи шаҳрвандон вобаста ба қонунигардонии молу амволи онҳо қабул ва амалӣ гардонида шуданд.

Конститутсияи Тоҷикистон инчунин як силсила ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ, манзил, озодии эътиқод, озодии интихоби маҳалли зист ва дигар ҳуқуқу озодиҳоро муқаррар намуда, ҳифзи судии онҳоро кафолат додааст, ки ин ҳам ифодакунандаи моҳияти демократӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон мебошад.

Масалан, аз соли 2003-юм нисбат ба занон ва аз соли 2004-ум умуман боздоштани татбиқи ҷазои қатл, ки кафолати пурраи таъмини ҳуқуқ ба ҳаёт мебошад, аз ҷумлаи иқдомоти ҷиддии башардӯстона дар ин самт буданд.

Давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат медиҳад. Бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ ҳамасола ба соҳаҳои иҷтимоӣ на камтар аз 50 фоизи буҷети давлатӣ равона карда мешавад.

Солҳои охир маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ хеле афзоиш ёфт, аз ҷумла ҳиссаи хароҷоти соҳаи маориф дар панҷ соли охир аз се фоиз то ба беш аз панҷ фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ афзуд.

Барои таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил дар давоми 15-соли охир аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ва дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бинои аксарияти мактабҳо таъмиру таҷдид гардида, дар маҷмӯъ зиёда аз 850 мактаби нав бунёд ва таъсис дода шуд.

Ҳамчунин дар 78 мактаб-интернатҳо беш аз 8800 нафар кӯдакону наврасон, ки аз ин ҷумла зиёда аз 4000 нафарашон ятиму бепарастор, 3 ҳазор нафарашон аз оилаҳои камбизоат ва беш аз 1800 нафарашон маъюб мебошанд, таҳти парасторӣ ва ғамхории давлат қарор доранд.

Дар асоси барномаи ҳукуматии компютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат зиёда аз 3100 мактаб бо 25 ҳазор компютер таъмин гардид ва барои 675 ҳазор хонанда имконияти омӯзиши техникаи компютерӣ фароҳам оварда шуд. Дар баробари ин, дар мамлакат теъдоди муассисаҳои олии касбӣ аз 13 ба 29 адад ва шумораи донишҷӯён аз 70 ҳазор ба 160 ҳазор нафар расонида шуд.

Бо мақсади ҷалби ҷавондухтарону ҷавонписарони болаёқати ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ба таҳсил дар мактабҳои олӣ квотаи президентӣ ҷорӣ карда шуд ва дар доираи он ҳар сол 500 нафар ҷавонон ба мактабҳои олии мамлакат қабул карда мешаванд.

Дар муддати дувоздаҳ соли амали квотаи президентӣ зиёда аз панҷуним ҳазор ҷавонони деҳот, ки аксарияташон духтарон мебошанд, дорои маълумоти олӣ гардида, дар айни ҳол дар соҳаҳои гуногуни ноҳияҳои худ фаъолият карда истодаанд. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, бахусус мактабҳои олӣ низоми таҳсил ба стандартҳои таҳсилоти ҷаҳонӣ мувофиқ гардонида шуд.

Дар соҳаи тандурустӣ низ Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба хизматрасонии тиббиву санитарӣ ба аҳолӣ қабул шуда, марҳала ба марҳала татбиқ шуда истодааст.

Сатҳи хизматрасонии тиббиву санитарӣ ба аҳолӣ, бахусус ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ то андозае беҳтар гардида, ба онҳо кафолати хизматрасонии бепули тиббӣ дода мешавад. Илова бар ин, дар мамлакат тибби хусусӣ низ тадриҷан густариш меёбад.

Барои иштироки озоди шаҳрвандон дар ҳаёти фарҳангӣ, корҳои эҷодӣ ва таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба сарватҳои фарҳангиву маънавӣ давлат ҳамаи шароити заруриро фароҳам овардааст.

Давлати Тоҷикистон нисбат ба дини ислом, ки аксарияти аҳолии кишвар пайрави он аст, ҳамчун як ҷузъи маънавиёт ва фарҳанги аслии тоҷикон муносибат мекунад.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854