07:55:18 07-уми Июни 2025 сол

15-УМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН - 15-УМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН

Арзишҳои ислом, воқеан, барои пешрафти ҷомеа, тарбияи шаҳрвандон, алалхусус наврасону ҷавонон, суботи устувори ҷомеа, шиносоии мардуми кишвар бо фарҳанги инсондӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ аҳамияти бузург доранд.

Аз ин хотир, давлат ба эҳёи фарҳанги исломӣ ва истифодаи фарҳангу маърифати динӣ дар танзими ҳаёти маънавии аҳолии кишвар таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад, ки ба забони тоҷикӣ тарҷума ва бо теъдоди даҳҳо ҳазор нусха ду маротиба ба чоп расидани Қуръони маҷид, таҷлили Соли бузургдошти Имоми Аъзам, инчунин ба барномаи таълимии мактабҳои миёна ворид намудани фанни махсуси «Маърифати ислом» мисоли равшани он мебошад.

Дар баробари ин, бояд таъкид намуд, ки давлат нисбат ба ҳадафҳои воқеӣ ва сиёсии ташкилотҳои динӣ бетараф буда наметавонад, зеро онҳо низ фаъолияти худро дар чаҳорчӯбаи қонунҳои давлат ба роҳ мемонанд.

Бо мақсади танзими одилонаи фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ соли равон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз нав таҳия ва қабул карда шуд.

Қонуни мазкур муқаррарот ва қоидаҳои рафтори қобили қабули ҳамагонро дар доираи озодии эътиқод пешбинӣ мекунад ва умедворем, ки он барои ба ҳам мутобиқ гардидани манфиатҳои давлат, ҷомеа ва дин, гирифтани пеши роҳи ҳама гуна падидаҳои номатлуб, аз ҷумла ифротгароиву тафриқаандозӣ ва таъсиси гурӯҳҳои экстремистии диние, ки аз ҷониби доираҳои муайяни баъзе кишварҳо дастгирӣ меёбанд, мусоидат менамояд.

Бо мақсади истифодаи самаранок ва оммафаҳм гардонидани мазмун ва моҳияти аслии меъёрҳои ислом, поксозии онҳо аз таассубу хурофот мо Қонун «Дар бораи танзими анъанаҳо ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кардем, ки ба василаи он анъанаҳои миллии таърихӣ, ҳамчунин маросимҳои динӣ таҳти танзим қарор гирифтаанд.

Дар мавриди танзими қонунии маросимҳои динӣ мо асосан ба фармудаҳои пири мазҳаби аҳли суннату ҷамоат Имоми Аъзам, ки фақеҳи бузурги олами ислом буда, беш аз 90 фоизи аҳолии Тоҷикистон пайрави он мебошад, такя кардем.

Дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки дар ҷомеаи озод ва давлати демократӣ ҳар фард дар баробари ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ, ҳамчунин дар назди давлат ва ҷомеа масъулу ӯҳдадор мебошад, зеро ҳуқуқу озодиҳоро наметавон бе ӯҳдадорӣ тасаввур кард. Ба ибораи дигар, озодиҳои мо сарҳад дорад ва сарҳади озодӣ дар доираи қонун, адлу инсоф, манфиатҳои умум ва дигар арзишҳои башарӣ муайян карда мешавад.

Дар ҳамин асос Конститутсия ба зиммаи шаҳрвандони мамлакат риояи қонун, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну эътибори дигарон, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии давлат, ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва пардохти андозро ба сифати ӯҳдадориҳои конститутсионӣ вогузор намудааст.

Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди ҷомеа бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо дар сурати эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои конститутсионӣ дар ҷомеа субот ва тартибу интизом пойдор ва таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат ва ҷомеа имконпазир мегардад.

Маълум аст, ки ҳар гуна бесарусомониву бетартибӣ ва фитнаву низоъ дар ҷомеа ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро халалдор мекунад ва ҳатто ғайриимкон мегардонад. Мову шумо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар натиҷаи поймол гардидани қонуну қонуният ва фалаҷ гардидани ҳокимият қурбониву фирорӣ шудани ҳазорон одамони бегуноҳ, хароб гардидани манзилҳои истиқоматӣ ва бепарастор мондани кӯдакону оилаҳоро бо чашмони худ дидем.

Ин сабақи талхи таърихӣ ҳамаи моро доим ҳушдор медиҳад, ки риояи Конститутсия ва қонунҳои давлат ҳамчун кафолати боэътимоди тартиботу амнияти ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амри зарурӣ ва ҳатмӣ мебошад.

Ҳамчунин ин амр устувории Конститутсия, қонунҳо ва низоми ҳуқуқиро таъмин намуда, дар навбати худ ба мустаҳкамӣ ва суботи давлату ҷомеа мусоидат мекунад. Дар баробари ин, то чӣ андоза таъсири манфӣ доштани зуд-зуд ворид намудани илова ва тағйир додани Конститутсияро низ мардуми шарифи Тоҷикистон дар ҳаёти худ диданд.

Танҳо дар соли 1992 ба Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷониби Шӯрои Олӣ даҳ маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, 2 Президент ва 5 Ҳукумат иваз гардиданд, ки дар маҷмӯъ ҳамаи ин вазъи ҷомеаро мураккаб ва ноором сохт. Дар ҷомеае, ки ваҳдату якдигарфаҳмӣ, сулҳу субот, риояи қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқӣ таъмин аст, хеҷ гоҳ ҳуқуқ ва озодии инсон поймол нахоҳад гашт.

Аз ин рӯ, таъмини асли волоияти Конститутсия ва қонунҳо низ фақат дар сурати риояи қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон, таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат, иқтидори мудофиавии он, ки дар натиҷаи иҷрои софдилонаи ӯҳдадориҳои конститутсионии шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва давлат сурат мегирад, имконпазир мегардад.

Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки гарчанде илми ҳуқуқшиносии мамолики Ғарб қонунҳои асосӣ ва қонунҳои ин кишварҳоро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар ҳаллу фасли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар набудааст.

Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дувуним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофист. Бояд гуфт, ки санади мазкур нахустин маротиба дар таърихи башар ҳуқуқ ба озодии виҷдон, ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзилро эътироф ва татбиқ кардааст.

Ба андешаи мо, аз ҷониби аҳли илм ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба таври сазовор қадршиносӣ гардидани ин санади боадолати таърихӣ ҳамчун нахустин эъломия доир ба ҳуқуқҳои фитрии инсон дар таърихи башар як амри хайр аст.

Аз ин рӯ, тоҷикон, ки дорои фарҳанги волои инсондӯстӣ мебошанд, татбиқи орзуву ормонҳои ниёгони гузаштаи хеш ва ҳадафу талошҳои донишмандону мутафаккирони худро дар хусуси инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, қадру қимат ва шаъну номуси ӯ ба Конститутсияи худ ҷой доданд.

Дӯстони азиз!

Эътирофи соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон ба василаи Конститутсияи он, бешубҳа, аз ҷумлаи арзишҳои гаронбаҳои миллат мебошад, зеро маҳз соҳибихтиёриву истиқлолият барои миллат имконияти интихоби озодонаи роҳи пешрафти мустақилонаро фароҳам оварда, халқро ба ҷаҳониён ҳамчун соҳибдавлату соҳибқудрат муаррифӣ мекунад.

Дар тӯли солҳои сипаригардида ҳамчунин дар амалӣ намудани моҳияти демократии давлати Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошта шуданд. Таъсиси парламенти касбӣ яке аз зуҳуроти низоми демократии давлатдории навини мо мебошад, ки он дар таҳияву қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон нақш ва мақоми муайянкунанда дорад.

Дар давоми понздаҳ соли амали Конститутсия дар Тоҷикистон беш аз 900 қонун дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат таҳия ва қабул карда шуд.

Ташаккули давлати демокративу ҳуқуқбунёд, қабл аз ҳама ба сифати баланди қонунҳои давлат, фаъолияти пурсамари парламент, маҳорати касбӣ, сатҳи масъулиятшиносӣ ва фарҳанги ҳуқуқии вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ марбут мебошад.

Волоияти қонун дар давлати ҳуқуқбунёд аз он вобаста аст, ки дар чунин давлат қонун то чӣ андоза ҷавобгӯи талаботи воқеии шаҳрвандон ва ниёзи аҳли ҷомеа мебошад. Аз ин лиҳоз, мақоми олии қонунгузори кишвар бояд ба сифати қонунҳо эътибори ҷиддӣ диҳад. Зеро то кадом сатҳу дараҷа ҳуқуқбунёд будани давлат аз сатҳу сифати қонунҳои он сахт вобаста аст.

Бо мақсади такмили ислоҳоти ҳуқуқӣ, ки боиси рушду такомули низоми нави ҳуқуқӣ, эҷоди қонунҳои нав, танзими ҳуқуқии муносибатҳои бозаргонӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва низоми пешрафтаи иқтисодӣ мегардад, дар ин самт ҳаллу фасли вазифаҳои зеринро зарур мешуморам:

Якум. Бо мақсади ҳалли ҷиддии масъалаи таъмини ҳамоҳангиву мувофиқати тамоми қонунҳо ва мутобиқати онҳо бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, Ҳукумат ва вазорату идораҳои дахлдор зарур аст, ки санадҳои қонунгузории Тоҷикистонро ҳаматарафа таҳлил намуда, барои аз байн бурдани ихтилофоти санадҳои қонунгузорӣ ва таъмини ҳамоҳангӣ ва фазои ягонаи қонунгузорӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дуюм. Барои баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо ва татбиқи самарабахши онҳо дар ҳаёти ҷомеа ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонунҳои нав гузаронидани экспертизаи дақиқи илмӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва зиддикоррупсионии лоиҳаи қонунҳо зарур аст.

Таҳия ва қабули қонунҳо бояд бо дарназардошти талаботи рӯзафзуни ҷомеа, ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа сурат гирад. Аз ин рӯ, таҳияи консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Тоҷикистон яке аз вазифаҳои муҳими парламенти Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва Академияи илмҳо мебошад.

Сеюм. Такмили қонунҳои амалкунанда, қабули қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрӣ дар соҳаи иҷтимоӣ, махсусан дар соҳаи нафақа, меҳнат, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии маъюбону ятимон низ яке аз вазифаҳои муҳимтарин дар ин самт ба ҳисоб меравад.

Ва чорум. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, эҳтиром ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои Конститутсия зарур аст, ки дар тамоми вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои миёнаву олӣ, инчунин дар байни аҳли ҷомеа омӯзиши он ба таври васеъ ва доимӣ ба роҳ монда шавад.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854