15-УМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН - 15-УМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН
Ҳозирини арҷманд!
Идоракунии муваффақонаи давлат, пеш аз ҳама ба устувории низом ва мувозинати байни рукнҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ ва фаъолияти пурсамари онҳо вобаста аст.
Дар зарфи понздаҳ соли амали Конститутсия дар низоми мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида шуданд. Бо мақсади таъмини фаъолияти пурсамари ҳокимияти давлатӣ сохтори идоракунии давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ давра ба давра такмил дода шуд, ки дар ҷараёни он бо дарназардошти аслҳои «худдорӣ ва муқовимат» ва «ҳокимият ва итоат» низоми сохторҳои мавҷудаи мақомоти давлатӣ комилан тағйир ёфт.
Дар баробари ин, як қатор мақомоти нави ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, аз ҷумла Артиши миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва агентиҳои назорати маводи нашъовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис дода шуданд.
Дар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2006-ум шумораи вазорату кумитаҳои давлатии Тоҷикистон 32 фоиз ихтисор гашта, ба 17 адад расонида шуд.
Тадбири мазкур имкон дод, ки идоракунии давлатии соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлат ва ҷомеа беҳтар ба роҳ монда шавад. Низоми идоракунии давлатӣ минбаъд низ вобаста ба пешрафти ҷомеа такмил ва ба талабот мувофиқ гардонида хоҳад шуд.
Дар шароити имрӯзаи вусъат ёфтани ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо дигар давлатҳо, иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, таъсиси субъектҳои муштараки хоҷагидорӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ бо дарназардошти зарурати азнавсозии иқтисодиёт баъд аз таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ тақозо менамояд, ки низоми идоракунии давлат ба талаботи идоракунии муосир мутобиқ бошад ва ҳадафҳои стратегии давлат, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ додани кишвар, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро дар амал татбиқ намояд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин барои ташаккул ва инкишофи муносибатҳои сифатан нави иқтисодӣ, яъне муносибатҳои бозорӣ ва моликияти хусусӣ дар мамлакат асос гузошт.
Пас аз қабул гардидани Конститутсия, дар натиҷаи ташаккули низоми нави иқтисодӣ барои таҳия ва татбиқи барномаҳои ҳукуматии хусусигардонӣ, вусъат додани соҳибкории хурду миёна, ҷорӣ кардани шаклҳои нави фаъолияти иқтисодӣ, таъсиси ширкатҳо ва корхонаҳои хусусӣ ва инкишофи муносибатҳои бозорӣ шароит фароҳам оварда шуд.
Ислоҳоти иқтисодӣ ва ташкили низоми нави иқтисодӣ дар Тоҷикистон маҳз дар заминаи Конститутсия ва, пеш аз ҳама, меъёрҳои он дар бобати гуногунии шаклҳои моликият, кафолати давлатии фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ муяссар гардид.
Дар як муддати кӯтоҳ дар кишвар фаъолияти соҳибкорӣ ибтидо гирифта, рӯ ба инкишоф овард. Ҳаёти иқтисодии кишвар мазмуни комилан дигар пайдо кард, фарҳанги нави иқтисодии аъзои ҷомеа ташаккул ёфт ва мустақилияти иқтисодиву ташаббускории шаҳрвандон густариш пайдо карда, равобити соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷа вусъат гирифт.
Зимни ислоҳоти иқтисодӣ низоми нави бонкӣ ҷорӣ гардида, саҳми бонкҳо дар татбиқи сиёсати қарздиҳӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна афзуд.
Стратегияи ягонаи идораи молияи давлатӣ таҳия ва амалӣ гардида, ислоҳоти идоракунии он, шаффофият, самарабхшӣ ва назорати даромаду хароҷоти буҷети давлатӣ, беҳтар намудани раванди ташаккули он ва ислоҳоти низоми андоз таъмин карда шуд.
Бо татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва қабули барномаи пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ барои баланд бардоштани сатҳи ҳавасмандии бахши воқеии иқтисод, ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси корхонаву ширкатҳои муштарак имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуда, фазои сармоягузории кишвар боз ҳам беҳтар гардид.
Дар ҷараёни ташаккули низоми нави иқтисодӣ қонунҳо ва санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ, ки бо дарназардошти муқаррароти марбутаи Конститутсия доир ба фаъолияти соҳибкорӣ, бонкдорӣ, андоз, гумрук ва дигар соҳаҳои иқтисодӣ қабул карда шуданд, муносибатҳои нави соҳаҳои зикршударо таҳти танзим қарор дода, ҳамоҳангсозии манфиатҳои бахшҳои давлатӣ ва хусусиро ба роҳ монданд.
Дӯстони азиз!
Дар татбиқи амалии адолат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ҷавҳари низоми демократӣ мебошад, нақши ҳокимияти судӣ бисёр бузург аст.
Аз ин рӯ, баробари қабул гардидани Конститутсия дар Тоҷикистон ҳокимияти судӣ рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид ва ислоҳоти судӣ оғоз ёфт. Дар ин замина нахустин бор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди Конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ, Шӯрои адлия таъсис ёфтанд. Бо мақсади таъмини мустақилияти судяҳо мӯҳлати ваколати онҳо даҳ сол ва синни пешниҳод ба вазифа то 65-солагӣ муқаррар карда шуд.
Барои баланд бардоштани обрӯю эътибори судяҳо дар ҷомеа ҳоло зарур аст, ки муқаррароти Конститутсия ва дигар қонунҳои танзимкунандаи фаъолияти ҳокимияти судӣ, инчунин тадбирҳои дар барномаҳои ислоҳоти судиву ҳуқуқии бо фармонҳои Президенти мамлакат тасдиқшуда пурра ва бетаъхир иҷро карда шаванд, ки ин бевосита ба таъмини ҳарчи бештари адолати иҷтимоӣ ва дар маҷмӯъ ба таҳкиму устувор гардидани ҳокимияти давлатӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон бо ин, бояд таъкид намуд, ки мустақилияти ҳокимияти судӣ чун рамзи адолат аз обрӯву нуфузи он дар ҷомеа, сатҳи омодагии касбии судяҳо дар мавриди доварии софдилонаи онҳо ба нафъи инсон, ҷомеа ва давлат вобаста аст. Вазифаи асосии ҳокимияти судӣ татбиқ ва таъмини адолати судӣ мебошад.
Аз ин рӯ, адолат дар фаъолияти мақомоти судӣ фақат дар сурате амалӣ мегардад, ки онҳо парвандаҳоро воқеъбинонаю беғаразона ва бо риояи қатъии талаботи Конститутсия ва қонунҳо ҳаллу фасл намоянд.
Дар низоми судии кишвар Суди конститутсионӣ мақоми махсус дорад ва яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи он таъмини волоияти Конститутсия дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҷоннок намудани фаъолияти Суди конститутсионӣ дар низоми судии кишвар дар шароити бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд шарт ва зарур аст. Дар тӯли солҳои гузашта бо мақсади амалӣ намудани ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ садҳо қонунҳои соҳавӣ ва 17 кодекс қабул карда шуданд.
Дар айни ҳол лоиҳаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мо пешниҳод гардида буд, аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул карда шуд.
Мутобиқи он фаъолияти мақомоти таҳқиқ, тафтишот, прокуратура ва суд дар мавриди таъқиби ҷиноят ва мурофиаи судӣ ба куллӣ тағйир ёфта, аслу муқаррароти конститутсионии дахлнопазирии шахс, манзили ӯ, ҳифзи судии шахс, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва таъмини ҳимоячӣ, ба тарзи мубоҳиса ва дар асосҳои баробарии тарафҳо сурат гирифтани мурофиаи судӣ хеле васеъ гардиданд.
Аз сӯи дигар, амалӣ шудани моҳияти демокративу ҳуқуқбунёдии давлати Тоҷикистон, бевосита дар таъмини волоияти Конститутсия ва қонунҳои давлат, сатҳи баланди риояву иҷрои қонун ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ифода меёбад.
Воқеан, волоият ва нуфузи қонун дар ҷомеа аз сатҳи риоя ва иҷрои талаботи он вобастагии мустақим дорад, зеро риоя ва иҷрои бошууронаву озодонаи қонун баёнгари солимии ҷомеа ва рушду такомули мӯътадили он мебошад.
Эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳам аз шахсони мансабдор ва ҳам аз шаҳрвандон дониши баланди касбӣ ва маърифати ҳуқуқиро тақозо мекунад.
Бинобар ин, бо мақсади тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҳанӯз соли 1997 Фармони Президенти Тоҷикистон, сипас Барномаи давлатӣ дар бораи тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ба тасвиб расида буданд.
Соли равон бо мақсади такмили низоми таълиму тарбияи ҳуқуқӣ Барномаи нави Ҳукумат доир ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон қабул гардид, ки он бешубҳа дар баланд бардоштани сатҳи тарбияи ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат мекунад.
Ҳамзамон бо ин, бояд таъкид намуд, ки ҳалли масъалаи тарбияи ҳуқуқӣ танҳо бо як ё якчанд барномаи ҳукуматӣ маҳдуд шуда наметавонад. Дар таълиму тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ бояд аз мактаби миёна то Академияи илмҳои Тоҷикистон, инчунин мақомоти баландпояи давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ саҳмгузор бошанд.
Таъмини волоияти қонун, пеш аз ҳама, аз сатҳи салоҳият ва маҳорати касбии кормандони мақомоти давлатӣ, бахусус мақомоти судӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот вобастагии калон дорад. Дар робита ба ин, аз чоп баромадани тафсири илмиву оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби олимон ва кормандони амалияи ҳуқуқ таҳия шудааст, аҳамияти бағоят муҳим дорад.
Гузашта аз ин, дар таъмини волоияти Конститутсия ва қонунҳо нақши иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва матбуоти даврӣ низ аз аҳамият холӣ нест.
Зеро онҳо аз роҳи муттаҳид намудани доираи васеи шаҳрвандон метавонанд бо мақомоти давлатӣ, дар навбати аввал бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ робитаи зичи ҳамкорӣ барпо намуда, дар ин замина ба онҳо ёрии назаррас расонанд.
Қобили тазаккур аст, ки давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон усулан бояд бо мафҳуми «давлати миллии тоҷикон» ҳамоҳанг бошад ва дар заминаи анъанаҳои милливу фарҳангии тоҷикон ва арзишҳои неку созандаи умумибашарӣ ташаккул ёбад.
Ҳозирини мӯҳтарам!
Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ рақобати кишварҳои абарқудрат ва ширкатҳои иқтисодиву молиявии трансмиллӣ шиддат гирифта, пешрафти кишварҳои рӯ ба инкишофро дучори монеаҳои ҷиддӣ менамояд.
Бӯҳрони фарогири молиявӣ, ки ҳоло саросари ҷаҳон ва ҳамаи соҳаҳои ҳаёти одамонро фаро гирифтааст, рақобатро барои ба даст овардани захираҳои табиӣ, аз ҷумла манбаъҳои сӯзишворӣ ва энергетикӣ дучанд афзуда, хатарҳои глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, бемориҳои сироятӣ, гармшавии иқлим, норасоии оби нӯшокӣ ва маводи ғизоиро ба миён меорад.
Ҳамаи ин омилҳо ба иқтисоди кишвар, низоми молиявӣ, фаъолияти бонкҳо, гардиши пул ва сиёсати қарзии бонкӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Ҳамчунин дар шароите, ки таҳдиди хатари бархӯрди тамаддунҳо, таъсири манфии бегонапарастӣ ва фарҳанги барои асолати мардуми мо бегона тақвият меёбад, ҳифзи амнияти миллии кишвар беш аз пеш аҳамият пайдо мекунад.
Мову шумо бо дарки амиқи моҳияти чунин равандҳо ва таҳаввулоти ҷаҳонӣ бояд пайгирона талош намоем, ки аз дастовардҳои илму технологияи ҷаҳонӣ ва арзишҳои созандаи тамаддуни муосир баҳравар гашта, ҳамзамон асолати миллӣ ва дастовардҳои фарҳангии худро аз таъсири манфии раванди ҷаҳонишавӣ ҳифз намоем.
Таъмини амнияти миллии Тоҷикистон ин таъмини амнияти давлат, ҷомеа ва ҳар шаҳрванди кишвар мебошад. Ҳифзи амнияти миллӣ, пеш аз ҳама ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пуштибонӣ аз манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар арзишҳои миллии Тоҷикистонро дар назар дорад.
Масъалаҳои таъмини амнияти милливу давлатӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ғурури ватандориву ватанпарастӣ, зиракии сиёсӣ ва бедории маънавӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, расидан ба қадри истиқлолият ва давлатдории мустақилона, пос доштани рамзҳои давлатдорӣ, ки ҳамаи ин арзишҳо аз Конститутсияи мо сарчашма мегиранд, заминаҳои устувори давлатдории навини мо мебошанд.
Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои муқаддас ва асосии давлат, яъне нишонаҳои соҳибихтиёрии давлату миллат мебошанд. Мо бо Парчами давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор менамоем ва он барои ҳар як фарди ватандӯсту ватанпараст муқаддас аст.
Ба наздикӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ ба парламенти мамлакат лоиҳаи қонунро дар бораи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда, пешниҳод намудам, ки рӯзи қабул карда шудани он, яъне 24 ноябр Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шавад.
Конститутсия роҳи рушди ояндаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро муайян намуда, заминаҳои асосии сохтори давлатӣ ва низоми сиёсиро фароҳам овард ва барои бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, татбиқи ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ ва нақшаву лоиҳаҳои созанда ва дар натиҷаи ин ҳама болоравии нуфузу эътибори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ пойдевори боэътимод гузошт.
Понздаҳ соли амали Конститутсия гувоҳи интихоби дурусти шакли идораи давлату давлатдории тоҷикон аст. Чунки ба шарофати он ҷаҳониён Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд.
Ин санади муқаддас ва таuА9;дирсоз мисли чароғест, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад. Аз ин хотир, мову шумо бояд кӯшиш намоем, ки онро чун муқаддасоти миллӣ ва дастури зиндагии наслҳои имрӯзу фардои мардуми тамаддунсози тоҷик эҳтиром кунем ва ҳамеша аз рӯи муқаррароти он зиндагӣ ва амал намоем.
Дар охир тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва шумо – ҳозирини мӯҳтарамро бори дигар ба ифтихори ҷашни санади сарнавиштсози кишвари соҳибистиқлоламон – Конститутсия табрик гуфта, ба ҳар хонадони мамлакат сулҳу сафо, рӯзгори бофайзу баракат ва ба Ватани маҳбубамон суботу оромӣ ва ободиву пешрафти доимӣ орзумандам.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!
АМИТ «Ховар»
- << Қаблӣ
- Баъдӣ