20:58:46 08-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Холиқназаров аз вуруди "эмиссар"-ҳо ба Тоҷикистон ҳушдор дод

Худойбердӣ Холиқназаров, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи ҷилавгирӣ аз вуруди "эмиссар"-ҳо ва пушаймонии ҷавонони тоҷик дар Ироқу Сурия ҳарф зад.

khudayberdi-kholiqnazarov_5.jpgХудойбердӣ Холиқназаров , раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, аз фаъолияти "эмиссар" ё "гумошта"-ҳо дар кишвар изҳори нигаронӣ кард ва аз мақомоти интизомӣ хост, ки пеши роҳи онҳоро бигиранд. Холиқназаров, ки 5 май дар як ҳамоиш дар Душанбе сӯҳбат мекард, гуфт, "донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои исломӣ дар хориҷро бештар ба ҳайси гумоштаҳо омода мекунанд."

Тасмими давлати Тоҷикистон дар чанд сол пеш барои бозгардондани донишомӯзони тоҷик аз мадрасаҳои динии Покистону Саудӣ ва Мисру Эрон бо вокунишҳои тунд дар кишвар рӯбарӯ шуда буд. Мухолифони ин пешниҳод гуфтанд, ки мақомот ҳаққи интихоби онҳоро, ки мехоҳанд дар мадрасаҳои динии хориҷӣ таълим бигиранд, маҳдуд кардааст.

Раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон дар идома ин пешниҳодро низ дар миён гузошт, то афроде, ки ба гумони “эмиссар”-ӣ боздошт мешаванд, дар утоқҳои алоҳида дар зиндон нигаҳдорӣ шаванд. Дар ҳоле ки ба қавли ӯ, “баъзе эмисарҳо ба Тоҷикистон меоянд ва махсус ҷиноят содир мекунанд, ки дар зиндон биафтанд. Дар зиндонҳо онҳо имкони бештари таблиғро доранд. Ин масъала ҳам бояд баррасӣ шавад.”

Нигаронии Худойбердӣ Холиқназаров дар ҳолест, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон гуфтанд, як шаҳрванди 50-солаи Туркияро бо иттиҳоми ҷалби ҷавонони Тоҷикистон ба "ҷиҳод" дар Сурия боздошт кардаанд. Ин шахс бо номи Меҳдӣ Якуш рӯзи 16 марти соли ҷорӣ бо раводиди сайёҳӣвориди Тоҷикистон шуда, сокинони ноҳияи Рӯдакии кишварро барои кор ба Туркия ҷалб кардааст. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо пахши хабар ҷузъиёти зиёд надодааст, аммо гуфта мешавад, омодагиҳои афроде, ки Якуш ба сафари Туркия ҷалб намудааст ваҳам маҳалле, ки қарор буд, як оилаи тоҷик сафар кунад, дар наздикии марзи Туркия бо Сурия будааст.

Дар ҳамин ҳол, Худойбердӣ Холиқназаров дар бораи ҷангиёни тоҷик дар Сурияву Ироқҳам сӯҳбат кард. Ӯ гуфт, ниҳоди ӯ ба ин бвоар аст, ки ҷавонони тоҷик аз ҳузурашон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ пушаймон шудаанд, аммо роҳи бозгашт надоранд. "Онҳо роҳи бозгашт надоранд, чунки аз сӯи гурӯҳҳо барои хиёнаткорӣ кушта хоҳанд шуд," - гуфт Худойбердиев.

Вай афзуд, аксари тоҷиконе, ки барои ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафтаанд, аз 18 то 35-сола будаанд. "Яке аз сабабҳои ҷалби онҳо ба ин ҷангҳо заъфи идеологияи онҳост. Чун андеша надоранд, ҷалбашон осонтар аст,"- илова кард раиси МТС. Вай барои ҷилавгирӣ аз тундгаро шудани ҷавонон пешниҳод кард, фанни таърихи Ислом дар мактабҳо ҷорӣ шавад, то ба гуфтаи ӯҷавонон ҳақиқатро дарк кунанд. “Ман фикр мекунам ки ин пешниҳод мавриди омӯзиш қарор гирад”,-афзуд ӯ.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi