08:03:11 07-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Сироҷиддин Аслов: "Мо мухолифи таҳримҳои зидди Русия ҳастем"

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов гуфт, ки кишвараш мухолифи таҳримҳои алайҳи Русия аст, зеро ин таҳримҳо ба вазъи Тоҷикистон низ таъсир мегузоранд.

aslov-vaziri-khorija-874521.jpgДар нахустин нишасти хабарияш вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов гуфт, ки Тоҷикистон мухолифи таҳримҳои зидди Русия аст, зеро ин таҳримҳо ба иқтисоди кишвари мо низ таъсир мегузоранд. Ӯ далел овард, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷик зиёданд ва "аз сӯи дигар Русия аз кишварҳоест, ки мизони баланди табодули коло дорад. Мо аз роҳи дипломатӣ барои аз байн бурдани таҳримҳо кумаку мусоидат мекунем."

Сироҷиддин Аслов мегӯяд, на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои дигари минтақа низ дар мавриди таҳримҳои зидди Русия чунин андеша доранд. "Чун мо аз замони Шурави пешин аз лиҳози риштаҳои иқтисодӣ, тиоҷратӣ ва нақлиётӣ бо ҳам ягона ҳастем. Бинобар ин ба таҳримҳо алайҳи Русия мухолифат дорем ва мо ҳамаҷонба аз тариқи дипломатӣ талош мекунем, то садои моро шарикон аз Ғарб ва Шарқ бишнаванд," - таъкид дошт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

РАВОБИТ БО АМРИКО

Ҷаноби Аслов дар посух ба суоли мо дар бораи даври ахири муколамаи сиёсии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, дар ин музокирот масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи башар, ҳамкориҳои низомӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ дар меҳвари баҳс қарор доштанд. Ӯ гуфт: "Дар сафар ба Иёлоти Муттаҳида барои панҷумин даври машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Амрико мо бо раҳбарияти Департаменти давлатии Амрико ва ҳамчунин сарони чанде аз вазоратҳои ин кишвар мулоқот доштем. Ин гуфтугӯҳо хеле хуб гузаштанд ва чӣ хеле ки медонед, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имрӯз дар якчанд самт ба Тоҷикистон кумакҳо мерасонад. Аз ҷумла, самти низомӣ. Мо ба қарибӣ аз ҷониби Амрико 87 мошини ҳарбие гирифтем, ки онҳоро дар шароити мушкили кӯҳистон барои сохторҳои қудратӣ ва марзбонони Тоҷикистон истифода мешаванд. Дар ин самт мо ҳамкориҳои хуб дорем. Дар риштаи иқтисод низ мо аз ҷониби Амрико кӯмакҳо мегирем. Дар самтҳои дигар, гуманитарӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳамкориҳо ба роҳ монда шудаанд. Дар машваратҳои сиёсӣ мо ҳамаи масъалаҳоро баррасӣ кардем. Чӣ саволҳое, ки онҳо доштанд, мо ҷавоб додем, чӣ саволҳое, ки мо доштем, онҳо ҷавоб доданд."

РАВОБИТ БО УЗБАКИСТОН

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи ҳамкориҳо бо Узбакистон гуфт, ки ин ҷаласаи байниҳукуматӣ дар Тошканд дар сатҳи хуб гузашт, аммо ҳарчанд ягон хуҷҷат имзо нашуд ва ин гуна максад ҳам набуд. Чун пас аз шаш сол ин ҷаласа баргузор шуд.

"Дар Тошканд моро хуб қабул карданд ва тавофуқҳои шифоҳӣ низ муассир буд. Ин ҷаласа сабаб шуд, ки ниҳодҳои ду кишвар аз ҷумла Рохи оҳани ду кишвар фаъол шуд. Баргузории намоишгоҳҳо, табодули ҳайатҳои фарҳангӣ ва олимон дастур дода шуд. Умедворем то ҷаласаи дигар, ки дар Душанбе доир мешавад, ҳамкориҳо бештар густариш меёбанд," - хулоса кард Сироҷиддин Аслов.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi