ОМОДАГИИ ДЕМОКРАТҲО БА ИНТИХОБОТИ ПОРЛУМОНӢ
Гурӯҳҳои расмӣ ва ғайрирасмии ҳизби демократи Тоҷикистон феҳрасти номзадҳои худ ба интихоботи порлумониро таҳия мекунанд. Қарор аст анҷумани Ҳизби демократи Тоҷикистон ба раҳбарии Масъуд Собиров, ки вазорати адлия онро ба расмият шинохтааст, рӯзи 26-уми декабр баргузор шавад. Вале ҷонибдорони Маҳмадрӯзӣ Искандаров тасмим гирфтаанд, ки аз тариқи ҳавзаҳои якмандатӣ номзадҳои худро ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кунанд.
Раҳматулло Валиев, муъовини Маҳмадрӯзӣ Искандаров, рӯзи сешанбеи 22-уми декабр ба Би-би-сӣ гуфт, ки то рӯзи шанбе асомии номзадҳои ин гурӯҳи демократҳо барои ширкат дар интихоботи порлумонии 28-уми феврал таҳия хоҳад шуд. Вай афзуд ба далели он ки давлати Тоҷикистон ин гурӯҳи демократҳоро ба расмият намешиносад, ҷонибдорони оқои Искандаров номзадии худро дар ҳавзаҳои якмандатӣ муъаррифӣ хоҳанд кард.
Тибқи қонун, дар Тоҷикистон ду наҳваи интихоботи вакилон ба порлумон роиҷ аст: аз тариқи феҳрасти ҳизбӣ, ки асомии онҳоро анҷумани ҳизбҳои расмӣ пешниҳод мекунанд, ва якмандатӣ, ки дар он ҳар номзаде худаш метавонад ба таври мустақил худро дар ҳавзае муъаррифӣ кунад.
Ба гуфтаи оқои Валиев, қарор аст ҳудуди даҳ нафар аз демократҳои тарафдори Маҳмадрӯзӣ Искандаров номзади интихобот шаванд. Дар посух ба ин суол, ки оё худи Раҳматулло Валиев низ номзадии худро ба интихобот пешниҳод хоҳад кард ё хайр, вай гуфт, ки тасмим гирифтааст дар интихобот ба унвони номзад ширкат накунад.
Оқои Валиев афзуд, ки дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон ҷонибдорони Ҳизби демократи оқои Искандаров ҳамчунон аз сӯйи мақомоти маҳаллӣ эътироф шудаанд ва узви шӯроҳои ҷамъиятӣ мебошанд. Аз ҷумла, Файзулло Файзиев, раҳбари ин гурӯҳи демократҳо дар вилояти Суғд, узви Шӯрои ҷамъиятии ин вилоят аст. Ба ҳамин тартиб, Гулнора Ғозиева, раҳбари демократҳои вилояти Хатлон низ узви шӯрои вилоятӣ аст.
Ба гуфтаи Раҳматулло Валиев, ин ду нафар дар канори раҳбарони бахшҳои Ҳизби демократ дар ноҳияҳои Рашт, Файзобод, Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода ва бархе аз навоҳии дигари кишвар ҷонибдорони Маҳмадрӯзӣ Искандаров мебошанд. Оқои Валиев хабар дод, ки демократҳои ҷонибдори ин гурӯҳ аз манобеъи молӣ барои пардохти маблағи сабти ном дар Кумисиюни марказии интихобот ва анҷоми корзори интихоботӣ бархурдор ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки аз сӯйи давлати ин кишвар ба расмият шинохта шудааст, мегӯяд, ки ҷонибдорони Маҳмадрӯзӣ Искандаров “ҳаққи маънавӣ надоранд, ки худро аъзои ҳизби демократ муъаррифӣ кунанд, зеро ба он рабте надоранд.”
Вай афзуд: “Ман муддати се сол аст раҳбарии Ҳизби демократро бар уҳда дорам ва ҳеҷ яке аз онҳо ҳаққи узвияти худро пардохт накардааст. Агар мехоҳанд, ки худро аъзои ҳизбе муъаррифӣ кунанд, бигзор ҳизбе ба номи Маҳмадрӯзӣ Искандаров таъсис бидиҳанд.”
Оқои Собиров хабар дод, ки рӯзи 26-уми декабр анҷумани қаблазинтихоботии ин ҳизб баргузор мешавад, ки барои ширкат дар он 110 вакил интихоб шудаанд. Вай афзуд, ки дар ин анҷуман “бо дарназардошти вазъи воқеъӣ феҳраст ва теъдоди номзадҳои ҳизб барои ширкат дар интихобот таҳия мешавад.”
Масъуд Собиров хабар дод, ки тасмим гирифтааст ҷонибдорони Маҳмадрӯзӣ Искандаровро ба ин анҷуман ҳатто ба унвони меҳмон ҳам даъват накунад. Вай афзуд: “Онҳо танҳо қасди ҷосусӣ доранд, ба ин далел аз даъвати онҳо худдорӣ кардем."
Дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2006 Ҳизби демократи Тоҷикистон ба ду ҷиноҳ тақсим шуд. Ҷонибдорони Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари ҳизб, ки соли соли 2005 додгоҳ ӯро ба иттиҳоми иртикоби чанд ҷурм барои 23 сол равонаи зиндон кард, ин интихоботро таҳрим карданд.
Баъд аз ин давлати Тоҷикистон ҷиноҳи Масъуд Собировро ба расмият шинохт. Талошҳои ҷонибдорони Маҳмадрӯзӣ Искандаров барои лағви ин амр дар додгоҳҳо натиҷае дар пай надошт.
Бо ин вуҷуд, ахиран Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон аз ҷиноҳҳои мухталифи ҳизби демократ даъват кардааст, ки ба ҳам муттаҳид шаванд.
Масъулини ин ниҳод таъкид доштанд, ки дар ин сурат демократҳои тоҷик дар интихоботи ояндаи порлумонӣ аз шонси бештаре барои ба даст овардани курсиҳо дар порлумон бархурдор хоҳанд буд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1381-omodagii-demokratho-ba-intikhoboti-porlumoni.html