06:10:56 04-уми Июни 2025 сол

РАҲМОН: ДОРОИҲОИ ХУДРО БА ВАТАН БОЗГАРДОНЕД

Президент Раҳмон аз туҷҷор ва соҳибкорони тоҷик даъват кард, ки дороиҳои худро аз бонкҳои кишварҳои хориҷӣ ба ватан интиқол диҳанд. Вай қавл дод, ки дар ин сурат, ин маболиғ қонунӣ маҳсуб мешаванд ва мавриди пайгарди қонунӣ қарор нахоҳанд гирифт. Дар акси ин ҳол, оқои Раҳмон эълом кард, ки давлати Тоҷикистон ба таҳқиқи дороиҳои мардуми тоҷик дар хориҷ аз кишвар хоҳад шуд.

 

Эмомалӣ Раҳмон ин матлабро рӯзи ҷумъаи 15 январ дар мулоқоти худ бо соҳибкорон ва туҷҷори маҳаллӣ изҳор дошт. Вай ҳамчунин бозаргонҳо ва сармоядорон хост, ки дар харидории саҳоми тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" фаъолтар бошанд. Ба эътиқоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло бархе аз сармоядорони ин кишвар дороиҳои худро дар бонкҳои кишварҳои хориҷӣ маҳфуз карда ва солиёна як ё ду дарсад суд мегиранд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи вай, агар ин маболиғ дар бонкҳои Тоҷикистон нигаҳ дошта шаванд, соҳибони онҳо аз даҳ то понздаҳ дарсад суд хоҳанд гирифт.

 

Вай ба ниҳодҳои зирабт дастур дод, ки шароити ҳуқуқӣ барои интиқоли маболиғи мардуми Тоҷикистон аз бонкҳои хориҷиро фароҳам кунанд. Оқои Раҳмон таъкид кард: “Чунин амр барои як бор сурат мегирад ва мардум бояд аз ин шароит истифода кунанд. Сипас, мо метавонем ба мақомоти кишварҳои хориҷӣ барои дарёфти иттилоъ дар бораи дороиҳои шаҳрвандони худ муроҷиъа кунем.”

 

Вай афзуд: "Ман муддате интизор мешавам, ки чӣ микдор маблағ ба бонкҳои ватанӣ баргардонда мешаванд. Баъд, ман дастур медиҳам, ки иттилоъ дар бораи дороиҳои афроди сарватманд дар бонкҳои хориҷиро дарёфт кунанд."

 

Оқои Раҳмон гуфт, ки иҷрои ин амр имкон медиҳад, ки маболиғи сокинон ба рушди иқтисодии кишвар мусоъидат кунад. Ба унвони мисол вай гуфт, ки ахиран дар Итолиё чунин амре сурат гирифт ва сарватмандони итолиёӣ ба бонкҳои ин кишвар беш аз 82 милёрд юру интиқол додаанд.

 

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи оқои Раҳмон, дар соли 2008 мизони сармоягузории хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон то 3,5 маротиба коҳиш ёфтааст, ки таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молӣ дар ин замина андак набудааст. Президенти Тоҷикистон дар суханронии худ изҳор дошт, ки дар ду соли ахир давлати ин кишвар барои сода кардани шароити рушди бахши хусусӣ иқдомоте анҷом додааст.

 

Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, роҳандозии "равзанаи воҳид" барои сабти ширкатҳо, манъи бозрасии фаъолияти ширкатҳо барои ду сол, тахсиси вомҳои ботахфиф барои туҷҷор ва соҳибкорон аз ҷумлаи ин иқдомот аст.

 

Аз сӯйи дигар, оқои Раҳмон аз баланд будани мизони суди эътиборот дар бонкҳои Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, ки Бонки Миллии ин кишвар бояд тадобире барои коҳиши он ва боло бурдани муҳлати қарзҳо ва таҳияи феҳрасти қарзгирандиҳандаҳои ин кишвар анҷом бидиҳад.

 

Дар ин замина оқои Раҳмон аз фаъолияти бонкҳои Тоҷикистон шадидан интиқод кард. Вай афзуд, ки танҳо аз роҳи сармоягузорӣ дар тиҷорат рушди фаъолияти бонкӣ ба даст нахоҳад омад.

 

Эмомалӣ Раҳмон ҳушдор дод, ки ночор меашвад ба фаъолияти бахшҳои бонкҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон иҷоза бидиҳад ва дар ин сурат ба гуфтаи вай, "бонкҳои Тоҷикистон дар ду моҳ муфлис мешаванд."

 

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки бо эҳсосот сухан мегуфт, афзуд: "То ҳол пашшаатонро киш нагуфтем. Вале шумо чандон фаъол нестед. Ҳатто саҳмияҳои "Роғун"-ро ба таври кофӣ харидорӣ намекунед. Мошинҳои гаронқимати худро бифурӯшед, бар ивази он метавонед ба садҳо ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ кунед."

 

Ба эътиқоди оқои Раҳмон: "Нерӯгоҳи Роғунро ҳатто бо истифода аз дороиҳои дар ин толор ҷамъомадагон метавон сохт (ҳудуди ду ҳазор нафар)... Ман ночор шудам ба мардум муроҷиъа кунам... Агар зарур шуд, бе шумо ҳам нерӯгоҳи "Роғун"-ро месозам."

 

Дар робита бо нигаронии коршиносон аз боло будани мизони молиёт ва зиёд будани анвоъи он, оқои Раҳмон гуфт, ки бар асоси таҳлилҳои вай, мизони молиёт дар Тоҷикистон чандон баланд нест. Ба эътиқоди вай, мушкил ин аст, ки “сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии соҳибкорони тоҷик чандон баланд нест” ва дар ин замина мушкил эҷод мекунад.

 

Вай гуфт: “Санҷишҳо собит карданд, ки дар шароити манъи бозрасии фаъолияти ширкатҳо аз 750 соҳибкор 700 нафари онҳо дар пардохти молиёт ба нақзи қавонин роҳ додаанд."

 

Бо ин вуҷуд, оқои Раҳмон гуфт, ки дар заминаи муҷозоти он идда аз туҷҷор ва соҳибкорон, ки дар фаъолияти онҳо нақзи мақаррароти қонунҳо мушоҳида мешавад, бояд таҷдиди назар шавад. Вай гуфт: “Агар чунин соҳибкоре муддати 20 сол дар маҳбас бошад ҳам, зарар барқарор намешавад.”

 

Дар ҳамин ҳол, Президент Раҳмон эътироф кард, ки то ҳол дар Тоҷикистон дар роҳи рушди бахши хусусӣ мавонеъе вуҷуд доранд. Набуди шаффофият дар бахши молиёт, низоми бонкӣ, расмиёти идорӣ аз ҷумлаи ин мушкилот будааст.

 

Вай дастур дод, ки ниҳодҳои зирабт бояд дар тӯли шаш моҳи оянда тарҳи асноди зарурӣ барои сода кардани низоми воридоту содироти коло ва мавод дар кишварро таҳия кунанд. Ҳамчунин, низоми ироаи муҷаввиз дар Тоҷикистон, ба эътиқоди оқои Раҳмон, қадимӣ ва муассир набудааст.

 

Президенти Тоҷикистон аз туҷҷор ва соҳибкорони тоҷик даъват кард, ки зимни истихдоми кормандон, бавижа дар бахши низоми молӣ ва мухобирот ба занҳо авлавият қоил бошанд.

 

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи вай, дар бахши хусусии Тоҷикистон дар ду соли ахир дар ин кишвар 113 ҳазор ҷойи корӣ таъсис шудааст. Ба гуфтаи оқои Раҳмон, ҳоло дар Тоҷикистон 130 ҳазор соҳибкорон ва туҷҷор фаъол ҳастанд, ки ин рақам дар муқоиса бо соли 2008 дувоздаҳ дарсад бештар аст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1546-2010-01-15-08-57-44.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854