06:09:07 04-уми Июни 2025 сол

ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ ТАЪЙИДИ САЛОҲИЯТИ НОМЗАДҲО

Дар Тоҷикистон марҳилаи баррасии асноди номзадҳо ба интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллӣ ва раванди сабти ном ё таъйиди салоҳияти онҳо шурӯъ шудааст. Бино ба иттилоъи Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲТ) ин раванд аз рӯзи 15 январ оғоз ёфта ва то 8 феврал идома хоҳад ёфт. Муҳибулло Додоҷонов, раиси дастгоҳи КМИҲТ ба Би-би-сӣ гуфт, ки шаби гузашта муддати пешниҳоди асомии номзадҳо аз тариқи феҳристи ҳизбӣ ва дар ҳавзаҳои инфиродӣ поён ёфтааст.

 

Ба гуфтаи оқои Додоҷонов, тибқи иттилоъи муқаддамотӣ аз тариқи феҳристи ҳизбӣ 127 нафар ва дар ҳавзаҳои инфиродии интихоботи порлумонӣ 146 номзад аз ҷумлаи аъзои ҳизбҳо ва номзадҳои мустақил пешниҳод шудаанд.

 

Пештар бархе аз расонаҳои маҳаллӣ аз қавли манобеъи КМИҲТ дар бораи таъхири ҳизби сусиёл-демукрот, аз аҳзоби умдаи мухолифи давлат, дар пешниҳоди асомии номзадҳо ба ин кумисиюн хабар дода буданд. Вале масъулони КМИҲТ гуфтанд, ки шоми гузашта намояндагони ин ҳизб асноди номзадҳои худ бар асоси феҳристи ҳизбӣ ва барои ҳавзаҳои инфиродиро ба ин ниҳод пешниҳод кардаанд.

 

Ҳамакнун Кумисиюни марказии имнтихобот ва кумисиюнҳои ҳавзаӣ дар маҳаллот асноди пешниҳодии номзадҳоро баррасӣ карда ва тибқи меъёрҳои мавҷуд салоҳияти номзадити онҳоро таъйид ва ё лағв хоҳад кард. Аз ҷумлаи ин меъёрҳо санҷиши имзоҳои ҷамъоваришуда аз сӯйи номзадҳои пешниҳодӣ аст, ки дар сурати тақаллубӣ шинохта шудани се дарсади имзоҳо, ин афрод ба унвони номзад сабти ном нахоҳад шуд.

 

Кумисиюнҳои интихоботӣ ҳамчунин ҳаҷм ва манббаъи даромади шахсии номзадҳои пешниҳодиро санҷида ва дар сурати ифшои иттилоъоти машкук ё нодуруст асоии чунин афродеро низ аз феҳристи номзадҳо лағв хоҳад кард. Ин аз баҳсбарангезтарин мароҳили корзори интихоботӣ аст ва дар интихоботҳои гузашта лағви асомии бархе аз номзадҳои аҳзоби мухолиф ба ҳамин гуна далоил мӯҷиби норизоятии онҳо шуда буд.

 

Наҳваи пӮшиши интихобот дар расонаҳо

Бар асоси муқаррароти Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон, родиюҳо ва телевизиюнҳои давлатӣ муваззафанд ба таври ройгон барои таблиғи барномаҳои қабл аз интихоботии номзадҳои ҳавзаҳои инфиродӣ ба муддати 15 дақиқа ва барои аҳзоби сиёсӣ 30 дақиқа вақт ҷудо кунанд. Нашрияҳои давлатии Тоҷикистон низ чопи ройгони барномаҳо ва матолиби таблиғотии аҳзоб ва номзадҳои алоҳидаро ба ӯҳда доранд.

 

Ҳамзамон, дар ин санад таъкид шудааст, ки аҳзоб ва номзадҳои инфиродиро лозим аст дар сурати истифода аз вақти бештаре барои таблиғи барномаҳои худ, маболиғе пардохт кунанд. Вале наҳваи пӯшиши раванди интихобот аз ҷониби расонаҳо ва нашрияҳои мустақил, ки теъдодашон аз васоили ахбори умумии давлатӣ бештар аст, чи гуна хоҳад буд?

 

Алишер Сафаров, ҳуқуқдони КМИҲТ гуфт, ки ин васоили иттилоърасонӣ аз тариқи қарордод бо аҳзоб ва номзадҳои инфиродӣ метавонанд ба таблиғи барномаҳои аҳзоб ва номзадҳои ҷудогона бипардозанд. Яъне, номзадҳо ё аҳзоб имкон дорад барои матолиби таблиғотӣ дар родиюҳо, телевизиюнҳо ва нашрияҳои мустақил маболиғе пардохт кунанд.

 

Масалан, нашрияи мустақили “Пайкон” дар шумораи ин ҳафтаи худ барномаи қабл аз интихоботии Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон ва паёми ин ҳизб ба раъйдиҳандагонро чоп кардааст. Ҷумъаи Толиб, сардабири ин нашрия гуфт, ки ҳизби сусиёл-демукрот ба навбаи худ бахши аслии тирожи “Пайкон”-ро харидорӣ ва ба тарафдорони худ тавзеъ кардааст.

 

Аз сӯйи дигар, Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи мустақили “Озодагон”, гуфт, ки барои чопи матолиби таблиғотӣ аз аҳзоб ва номзадҳои инфиродӣ барои ҳар сонтиметри саҳифаи нашрия ду сомонӣ музд ситонда хоҳад шуд. Аммо ба гуфтаи оқои Сӯфӣ, мусоҳибаҳо бо масъулони аҳзоб ё номзадҳои мустақил ё матолиби иттилоъотӣ дар бораи онҳо ба таври ройгон мунташир хоҳанд шуд.

 

Мӯсо Асозода, раиси Анҷумани расонаҳои электрунии мустақили Тоҷикистон, низ таъкид кард, ки родиюҳо ва телевизиюнҳои мустақил на ба таври ройгон, балки бар асоси қарордод ва бо пардохти маболиғи муайян метавонанд матолиби таблиғотии аҳзоб ва номзадҳои инфиродиро пахш кунанд.

 

Оқои Асозода гуфт, ки бахши аслии 22 шабакаи родию ва телевизиюнҳои мустақили Тоҷикистон дар шаҳрҳову навоҳии ин кишвар фаъолият мекунанд ва мизони пардохти пул барои матолиби таблиғотӣ дар ин шабакаҳо дар муқоиса бо шабакаҳои Душанбе, пойтахт, бамаротиб камтар аст.

 

Мушорикати хабарнигорон дар шумориши оро

Раҷабмурод Ашӯров, корманди масъули Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 15 январ дар як ҳамоиш гуфт, ки хабарнигорони расонаҳои давлатӣ ва мустақил метавонанд бидуни ҳеч мушкилу мавонеъ дар ҷаласоти кумисиюнҳои интихоботӣ, дар раванди раъйдиҳӣ ва ҳатто дар ҷараёни шумориши оро дар марказҳо ё участкаҳои интихоботӣ ширкат кунанд.

 

Дар ҳамин ҳол, бархе аз хабарнигорони нашрияву расонаҳо гуфтанд, ки дар интихоботи қаблӣ низ масъулони КМИҲТ фаъолияти озоди хабарнигорон дар пӯшиши таҳаввулоти интихоботиро ваъда дода буданд, аммо ба ҳангоми таҳияи гузориш аз ҷараёни интихобот онҳо бо мушкилоти зиёде мувоҷеҳ шуданд.

 

Ба гуфтаи Салимахон Ваҳҳобзода, хабарнигори “Народная газета”, нашрияи русизабони чопи Душанбе, дар интихоботи қаблӣ хабарнигорон ба ҷаласоти Кумисиюни Марказӣ ё кумисиюнҳои ҳавзаҳои интихоботӣ бар асоси феҳристи қаблан омодашудае аз журнолистон даъват шуда ва дар бештари маворид ба намояндагони расонаҳои мустақил иҷозаи ширкат дар ин тадобир дода намешуд.

 

Аммо оқои Ашӯров гуфт, ки мумкин аст ин ҳодиса ба далели зиёд будани теъдоди хабарнигорон ва маҳдуд будани ҷой дар маҳалли кори кумисиюнҳо иттифоқ афтода бошад. Масъулони КМИҲТ гуфтанд, ки дар интихоботи қарибулвуқӯъи порлумонӣ ва шӯроҳои маҳаллии Тоҷикистон дар 28 феврали соли ҷорӣ, хабарнигорон танҳо бо доштани санади хабарнигорӣ дар ҳамаи тадобири интихоботӣ ширкат хоҳанд кард.

 

Афзун бар ин, ба гуфтаи Алишер Сафаров, ҳуқуқудони КМИҲТ, хабарнигорон метавонанд дар канори нозирони миллӣ дар шумориши оро дар участкаҳо ё марказҳои раъйдиҳӣ ширкат кунанд. Дар ҳамин ҳол, Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон ва узви Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон, хабар дод, ки ба манзури дарёфти сареъ ва содаи иттилоъ аз раванди интихобот ин ду ниҳод дар сададанд дар ҳафтаи оянда як сойти муштараки интернетиро таъсис диҳанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1551-2010-01-15-15-41-31.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854