10:09:50 04-уми Июни 2025 сол

КАБИРӢ: ИНТИХОБОТ ЗОЛИМОНА БУД

Муҳиддин Кабирӣ гуфт, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки натиҷаҳои эълоншудаи интихоботи порлумониро бипазирад ва вориди порлумон шавад ва ё на. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ки дар ҳамин лаҳзаҳо нишасти матбуотии наваш идома дорад, интихоботи рӯзи якшанбеи порлумониро «интихоботи золимона» унвон кард ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро «мазлум» номид.

 

Бар тибқи маълумоти аввалияи КМИР, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар интихоботи порлумонии кишвар бештар аз 7 дарсади раъйҳоро соҳиб шуд, вале Муҳиддин Кабирӣ гуфт, бино бар маълумоти онҳо, ҲНИТ дар ин интихобот бештар аз 30 дарсади раъйҳоро ба даст овардааст.

 

Раиси ҲНИТ гуфт, фардо, 3-юми март, фаъолони интихоботии ҳизб аз саросари кишвар ҷамъ хоҳанд омад ва бо машварат тасмим хоҳанд гирифт, ки ба ин натиҷаҳо чӣ гуна бархӯрд намоянд. Ӯ гуфт, ин тасмим метавонад гуруснанишинӣ бошад, ё ба додгоҳ шикоят бурдан, ё гирдиҳамоии эътирозӣ, ё роҳпаймоӣ ва ё ҳатто эътироф нашудани натиҷаҳо ва даст кашидан аз курсиҳои порлумонӣ.

 

Ҷаноби Кабирӣ гуфт, ҲНИТ дар ояндаи наздик дар муносибати худ бо ҳукумат ва сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии ҳукумат таҷдиди назар хоҳад кард.

 

М. Кабирӣ гуфт, дар ин интихобот ҲХДТ аслан мағлуб шуд, вале бо роҳи тақаллуб натиҷаҳоро ба нафъи ҳизби президент ҳал карданд. Ӯ гуфт, ваъдаи раисҷумҳур Раҳмон дар мавриди шаффоф доир шудани интихобот комилан иҷро нагардид ва бояд ӯ худаш маълум кунад, ки ваъдаро кӣ нақз кардааст.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1845-2010-03-02-06-44-29.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854