15:07:28 23-уми Июни 2025 сол

КАБИРӢ: "ҲИЗБИ ҲОКИМ ИНТИХОБОТРО БОХТ"

Раҳбари ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон, аз аҳзоби умдаи мухолиф, зимни интиқод аз натоиҷи интихоботи рӯзи якшанбе гуфт, ки ҳизби ҳокими халқи демукрот "ин интихоботро бохт". Муҳиддин Кабирӣ гуфт: "Ҳизби халқи демукротик интихоботро бохт, аз аввал то охири ин раванд. Онҳо натавонистанд қалби мардумро тасхир кунанд. Мо ҳизби бохтае дорем, ки дар порлумон аксариятро хоҳанд дошт."

 

Оқои Кабирӣ рӯзи сешанбеи 2 март дар ин бора ба хабарнигорон дар ҳоле сухан мегуфт, ки тибқи иттилоъи Кумисиюни марказии интихобот, ҳизби ӯ дар раъйгирӣ 7,74 дарсади орои умумиро ба даст овардааст. Аммо фаъолони ин ҳизб бо ин арқом мувофиқ нестанд ва орои воқеъии тарафдорони худро бамаротиб бештар медонанд.

 

Оқои Кабирӣ мегӯяд, ки дар интихоботи порлумонии соли 2005 ҲНИТ бо 16 ҳазор узв тақрибан даҳ дарсад аз орои умумиро ба даст оварда буд, ҳарчанд корзори таблиғотии чандон фаъоле ба роҳ наандохта буд. Вале ин бор мебоист бо ҳудуди 40 ҳазор узв орои бештаре ба даст оварад.

 

Вай аз ҷумла гуфт: "Интихоботи қаблӣ дар марҳилаи пасоҷангӣ сурат гирифт ва ваъдаи шаффофият ҳам надода буданд. Интихоботи соли 2010 дар фазои амну субот баргузор шуд, Тоҷикистон дар марҳилаи хуби рушд қарор дорад ва ваъдаи шаффофияти ин интихобот аз тарафи раиси ҷумҳурӣ ва қонунгузорӣ дода шуд. Қонуншиканиҳо (дар интихобот) дар сояи ваъдаи раиси ҷумҳур анҷом шуд. "

 

Оқои Кабирӣ афзуд: "Ҳоло суол ин аст, ки оё раиси ҷумҳур аз ваъдаи худ пушаймолн шуда бошад ва ё дастандаркорони баргузории интихобот дар охирин лаҳзаҳои интихобот ва баъди дидани алоқаи мардум ба ҳизби мо ваъдаҳои раиси ҷумҳуррро фаромӯш карданд?"

 

Раҳбари ҲНИТ, ки танҳо ҳизби расмии мазҳабӣ дар Тоҷикистон ва дар тамоми минтақаи Осиёи Миёна маҳсуб мешавад, наҳваи баргузории интихоботи рӯзи якшанберо "бисёр золимона" хонд ва гуфт, ки нисбат ба ҳизби ӯ "зулм" шудааст. Вай ҳамчунин гуфт, ки ҲНИТ муносибати худ бо давлат ва аҳзоби сиёсиро минбаъд тағйир хоҳад дод.

 

Оқои Кабирӣ гуфт: "Интихоботи порлумонии соли 2015 барои ҳизби мо аз якуми марти соли 2010, яъне аз рӯзи эъломи натоиҷи аввалияи интихоботи рӯзи якшанбе, шурӯъ шуд. Моро бо фишор наметавоанд сари ҷо шинонанд. Мо нерӯҳои нав кашф кардем ва ҳазорон нафар ба ҳизби мо пайвастанд."

 

Вай афзуд, ки аснод ва мадорики ҲНИТ дар бораи тақаллубот ва таноқузот дар ҷараёни раъйгирӣ ба додгоҳ ироа мешавад. Интизор меравад вокуниши расмии ҳизб ба натоиҷи интихобот дар ҷаласаи фаъолони ҲНИТ, ки рӯзи чаҳоршанбе баргузор хоҳад шуд, эълом шавад. Ҳамчунин, қарор аст дар ин ҷаласа номзадҳои ҲНИТ ба порлумон, маҷолиси маҳаллӣ, аъзои марокизи раъйгирӣ ва нозирони ин ҳизб дар марокизи раъйгирӣ дар ин ҷаласа ширкат кунанд.

 

Масъулони ҲНИТ мегӯянд, ки имкон дорад тарафдорони ин ҳизб ба нишони эътироз ба натоиҷи интихобот ё ба роҳпаймоии эътирозӣ, ё ба гуруснанишинӣ ва ё ба худдорӣ аз ширкат дар ҷаласоти порлумонӣ даст бизананд.

 

Оқои Кабирӣ дар ин бора гуфт: "Мо бидуни асабоният ва қотеъона пеш меравем. Асноди зиёде дорем, ки ба додгоҳ пешниҳод хоҳем кард. Мувофиқи муқаррароти қонунгузорӣ шаклу анвоъи эътироз ба натоиҷи интихоботро муъайян мекунем: гуруснанишинӣ, эътироз ва нарафтан ба маҷлис."

 

Пештар оқои Кабирӣ гуфта буд, ки ҳизби ӯ барои дифоъ аз орои тарафдоронаш аз ҳама гуна роҳҳои қонунии эътироз ё нофармонии маданӣ истифода хоҳад кард. Аммо ҲНИТ танҳо ҳизби сиёсие нест, ки нисбат ба натоиҷи интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллӣ дар Тоҷикистон ибрози норизоятӣ мекунад.

 

Пештар раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот, аз аҳзоби умдаи дигари мухолиф, низ зимни интиқод аз наҳваи баргузории интихобот, иброз дошт, ки интихоботи кунунӣ нисбат ба интихоботи порлумонии соли 2005 "бадтар" баргузор шудааст.

 

Раҳматилло Зойиров интихоботи рӯзи якшанберо ғайриозод ва ғайридемукротик хонд ва гуфт, ки "аз ҷиҳати ташкил кардани тақаллубкорӣ интихобот бисёр муташаккил буд." Намояндагони ҳизби ҳокими халқи демукрот аз шеваи баргузории интихобот тамҷид кардаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1849--q-q.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ