19:29:53 02-уми Июни 2025 сол

БАҲСИ НОМЗАДҲОИ ҲХДТ ВА ҲНИТ ДАР ҶИРГАТОЛ

Номзади Ҳизби халқӣ-демократӣ дар Ҷиргатол бо эътироз аз пирӯзии намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ хостори баргузории интихоботи такрорӣ дар ин ноҳия шудааст. Мирзовалӣ Рӯзиев, номзади ҲХДТ ба вакилии маҷлиси ноҳияи Ҷиргатол, мегӯяд, овозҳое, ки рақиби ӯ аз Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳаммаддовуд Ҳасанов ба даст овардааст, «тақаллубӣ аст».

 

Вай афзуд, натиҷаи расмии интихобот ҳамагӣ бо бартарии 13 овоз бар нафъи рақиби ӯ будааст ва ин дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, бисёре аз ҷонибдорони номзади ҲНИТ аз номи аҳли хонаводаи худ раъй додаанд. Аммо Муҳаммадовуд Ҳасанов, раиси бахши ноҳивии ҲНИТ ва номзад ин ҳизб дар интихобот, иддаоҳои ҷаноби Рӯзиевро «бепоя ва беасос» медонад. Вай мегӯяд, баръакс рақибаш аз ҳама имконоти мавҷуда истифода кардааст.

 

Вале бо ин ҳама, Муҳаммадовуд Ҳасанов мегӯяд, дар сурати баргузор шудани интихоботи такрорӣ ба пирӯзии дубораи худ бовар дорад.

 

Дар ҳамин ҳол Аъзамҷон Аброров, раиси комиссиюни ноҳиявии интихобот дар Ҷиргатол ба радиои Озодӣ гуфт, Мирзовалӣ Рӯзиев ба комиссиюн аризаи шикоятӣ ирсол кардааст, вале шикоятҳои тасдиқ нашудаанд.

 

Ин барои авалин бор аст, ки як намояндаи ҳизби ҳоким дар минтақа бо нишони эътироз аз пирӯзии номзади Ҳизби наҳзати исломӣ ба комиссиюни интихоботӣ шикоят мебарад.

 

Маҳмуди Шодӣ, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854