МАРОСИМИ ВИДОЪ БО УСТОД ҲИММАТЗОДА
Субҳи чоршанбеи 17-уми марти соли 2010 устод Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, роҳбари маънавии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, яке аз муассисон ва аз нахустин роҳбарони ин ҳизб, собиқ раиси зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи Оштии Миллӣ, собиқ вакил дар Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии кишвар, сиёсатмадор, олими пажӯҳишгари масоили исломӣ, муаллифи чандин китоб ва рисолаҳои илмиву тадқиқотӣ бар асари бемории саратон, ки тӯли 6 сол ӯро бистарӣ нигоҳ медошт, дар синни 59 солагӣ доии аҷалро лаббайк гуфт ва ба ҷавори раҳмати Ҳақ пайваст.
Устод Муҳаммадшарифи Ҳимматзода 6-уми июли соли 1951 дар деҳаи Ғундараи ноҳияи Тавилдара таваллуд шудааст. Соли 1968 мактаби миёнаро хатм карда, муддате дар назди олимони сарфу наҳв, таъриху фалсафаи исломии кишвар ба таври инфиродӣ машғули дарсомӯзӣ будааст. Ҳамзамон дар муассисаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи Ваҳдат (собиқ ноҳияи Кофарниҳон) бо меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ машғул мешавад. Солҳои 1990-1999 масъулияти раисии ҲНИТ бар дӯши ӯ гузошта мешавад. Соли 1992 бар асари ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳиҷрат намуда, дар сохторҳои роҳбарикунандаи Ҳаракати Наҳзатии Исломии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Нирӯҳои Оппозитсияи Тоҷик, ки акнун дар хориҷ аз кишвар амал мекарданд, фаъолияти сиёсӣ намудааст.
Ҳамзамон солҳои 1993-1997 дар яке аз Донишгоҳҳои бонуфузи Покистон- Донишгоҳи Байналмиллалии Исломобод таҳсил намуда, баъди хатми он ихтисоси ҳуқуқшиносро ба ӯ лоиқ донистаанд. Солҳои 1994-1997 иштирокчии фаъоли музокироти сулҳи байни тоҷикон буд.
Аз моҳи июли соли 1997 то моҳи октябри соли 1998 узви зеркомиссияи сиёсии КОМ ва аз моҳи октябри ҳамон сол то 1-уми апрели соли 2000 раиси зеркомиссияи ҳуқуқии КОМ буд. Устод Ҳимматзода аз 19-и январи соли 2000-ум то 20 марти соли 2000-ум сафир оид ба супоришҳои махсуси вазорати корҳои хориҷаи ҶТ шуда кор кардааст. Сипас ду маротиба солҳои 2000 ва 2005-ум вакили Маҷлиси Намояндагони МОТ интихоб мешавад.
Устод Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ҳамчун олими шариатмадор ва файласуф дар доираи уламо ва фузалои ҷаҳони ислом маълуму маъруф аст. Китобу рисолаҳои ӯ «Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат» (соли 2001 нашр шудааст), «Зиндагӣ ва осори Имом Абӯҳанифа» (2004), «Дидгоҳ ва масоил» (2006), «Ақидаи Имом Абӯҳанифа» (2008)-ро сиёсатмадорону файласуфон, уламои дини мубини ислом азҷумлаи китобҳои рӯйимизии худ эътироф кардаанд. Устод Ҳимматзода барои хизматҳои шоистааш дар роҳи истиқрори сулҳу субот дар кишвар бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардонда шудааст.
Намози бомдоди 17-уми март масҷиди Имом Бухорӣ, ки дар шафати манзили устод Ҳимматзода қарор дорад, бар хилофи рӯзҳои дигар серодамтар шуда буд. Хабари ҷонгудози реҳлати яке аз саршиностарин олими исломӣ ва сиёсатмадори муосири тоҷик барқосо ба гӯшаву канорҳои мухталифи кишвар паҳн шуд ва мардум аз дуру наздик барои видоъ гуфтан бо ин абармарди миллат ба манзили ӯ мешитофтанд.
Ҷасади поки ӯ дар ҳамон хонае, ки шаш соли ахир кору зиндагӣ мекард, гузошта шуда наздикону шогирдонаш болои сари ӯ пайваста сураи Ёсин мехонданд. Қабл аз намози зӯҳр дар масҷид ва атрофи он, ба қавле, дигар ҷойи сӯзанпартоӣ намонда буд. Агарчӣ аксарияти ин одамонро аъзои ҲНИТ ва тарафдорону алоқамандони он ташкил дода бошанд ҳам, вале дар байни онҳо роҳбарони аҳзоби сиёсии кишвар, олимону адибон, журналистон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ низ кам набуданд.
Тахминан соатҳои 11-и қабл аз зӯҳр Шукурҷон Зуҳуров Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба манзили марҳум ташриф оварда, аз номи Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, аз номи худ ва аз номи дигар роҳбарони кишвар вафоти устод Ҳимматзодаро ба аҳли хонавода ва хешу ақрабои эшон тасаллият арз кард. Шукурҷон Зуҳуров аз марҳум Ҳимматзода ба унвони як марди ватандӯст, олими файласуф, сиёсатмадор ва муборизи роҳи сулҳу субот дар кишвар ном бурд.
Қабл аз баргузории намози ҷаноза дар ҳамоише, ки дар масҷиди Имом Бухорӣ ба вуқӯъ пайваст, саршиностарин уламои исломии кишвар аз қабили Ҳоҷӣ Саъдуддини Рустам, эшони домулло Аллома аз Регар, эшони домулло Маҳмудҷон аз ноҳияи Ваҳдат, Ҳоҷӣ Мирзо ва домулло Холмурод аз шаҳри Кӯлоб, раиси ҲНИТ дар вилояти Хатлон Садриддини Қаландарзода, домулло Абдуқаҳҳор аз Душанбе, муфтии мусулмонони кишвар эшони Амонуллоҳ Неъматзода, домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ ва
Эшони Нуриддинҷони Тӯраҷонзода ширкат карда, аксарияти онҳо суханронӣ намуданд. Дар суханрониҳои худ ин асоситарин чеҳраҳои дини мубини ислом дар кишвар устод Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро аз ҷумлаи уламое донистанд, ки дар мушкилтарин давраҳои таърихи мардуми мусалмони тоҷик тамоми талошҳои худро баҳри барқарори ҳуқуқҳои аз дастрафтаи аҳли ислом бо вуҷуди мавонеи зиёд равона кардаанд.
Дар суханронии худ Муҳиддин Кабирӣ раиси ҲНИТ, вакили Маҷлиси Намояндагон иброз дошт, ки баъди марги устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бунёдгузори фақиди ҲНИТ, аъзои ҳизб ва шахсан худи ӯ чунин эҳсоси танҳоӣ ва ятимиро накарда буданд, ки ҳоло пас аз марги устод Ҳимматзода эҳсос кардаанд. Агарчӣ онҳо дигар роҳбари маънавиеро болои сари худ надоранд, вале мутмаин ҳастанд, ки миёни мардуми кишвар такягоҳи қавӣ пайдо намудаанд.
Ба қавли Кабирӣ инро интихоботи сипаришудаи парлумонӣ бараъло нишон дод. Намози ҷанозаи устод Ҳимматзода бо имоматии домулло Муҳаммадии қумсангирӣ гузошта шуд. Ҷасади устод Ҳимматзодаро тибқи васияти худи ӯ ва хоҳиши роҳбарияти кунунии ҲНИТ дар қабристони Сари Осиё, дар паҳлӯи оромгоҳи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба хок супурданд. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун.
(ЧАНДРАСОНАӢ: ЁДАТ БА ХАЙР, УСТОД!)
Ҷаҳонгири Султон, Аҳмадшоҳи Султон барои «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1951-2010-03-18-04-46-20.html