19:33:11 02-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/24_--01-a-aaaaaakilov_222.jpg'

ИНТИҚОДИ ОҚИЛ ОҚИЛОВ АЗ "БАҲОНАСОЗИ"-И КИШВАРИ ҲАМСОЯ

Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк мақомоти Узбакистонро дар робита ба қазияи дар қаламрави он кишвар банд шудани то 1000 вагони Тоҷикистон ба "баҳонасозӣ" айбдор кард.

 

Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон, дар чаҳорчӯби боздиди панҷрӯзааш аз қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк дар муколамаи сатҳи олии Маҷмаъи умумии СММ бо номи “Маблағгузорӣ барои рушд” ширкат ва суханронӣ кард. Баъд аз суханронӣ дар нишаст, Оқил Оқилов дар мулоқот бо дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ниҳодҳои СММ, вазъи минтақа ва дигар масоилро баррасӣ кард.

 

Баъд аз мулоқот бо раҳбари СММ дар мақарри ин созмон расми супоридани ҷоизаиРасидан ба ҳадафҳои ҳазорсолаи СММсурат гирифт. Имсол ин ҷоиза ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супорида шуд. Ин ҷоиза ҳар сол барои кӯшишҳои қобили таваҷҷӯҳ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои ҳазорсолаи СММ ба созмонҳо, корхонаҳои ғайридавлатӣ, донишгоҳҳо, бунёдҳо ва ба шахсиятҳои алоҳида тақдим мешавад. Ҷоизаро аз номи Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов гирифт.

 

Ба дунбол Оқил Оқилов ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб дод. Дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки оё ҳукумати Тоҷикистон ба иддаои ҷониби Узбакистон дар бораи он ки беш аз 1000 вагон бо борҳои Тоҷикистон танҳо бо иллати фаннӣ наметавонанд аз қаламрави Узбакистон убур кунанд, гуфт, ки ба ин иддао бовар надорад. Вай гуфт:

 

Вазъи кунунии роҳҳои оҳани Узбакистон имкон медиҳад, ки интиқоли борҳо ба таври муназзам сурат бигирад, бидуни ҳеҷ монеъа. Ба ҳама маълум аст, ки қаблан мо ин борҳоро ба таври муназзам дарёфт мекардем. Аммо ду моҳ пеш Узбакистон убури вагонҳо, махсусан бо сӯзишвориро мутаваққиф кард. Чунки мавсими киштукор фаро расидааст. Беш аз 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот ба сар мебарад ва онҳо наметавонанд саривақт ин сӯзишвориро дарёфт кунанд.”

 

Оқил Оқилов афзуд, бо иллати ин монеъаҳо норасоии сӯзишвории махсуси ҳавопаймоҳо, техникаи сохтмонӣ, гилхок барои корхонаи арзизи Тоҷикистон ва ғайра ба амал омадааст. Дар аввал ҷониби Узбакистон гуфтааст, ки бо сабаби фаромадани сел баъзе бахшҳои роҳи оҳан осеб дидааст, аммо ба гуфтаи сарвазири Тоҷикистон, баъд аз таҳқиқ маълум шуд, ки роҳи оҳан зарар надидааст ва имкони идомаи транзит вуҷуд дошт:

 

“Ин танҳо як баҳона аст. Манзурам, гӯё, ки ягон мушкилиҳои фаннӣ ба интиқоли борҳо ба сӯи Тоҷикистон халал мерасонад. Шумо дуруст гуфтед, ки ин мушкилиҳо ба масъалаҳои обу энергетика вобастагӣ доранд. Ҳар сол бо фарорасии тирамоҳу зимистон дар Тоҷикистон норасоии нерӯи барқ мушоҳида мешавад. Агар ин мушкилотро дар Осиёи Марказӣ аз роҳи маданӣ ҳал мекарданд, роҳи ҳаллаш бидуни ҳеҷ мушкил пайдо мешуд. Мо ҳар сол бо Туркманистон дар бораи таъмини нерӯи барқ қарордод мебандем. Қаблан, ин табодули нерӯи барқ сурат мегирифт ва он чизи наве нест. Аммо Узбакистон соли ҷорӣ чунин интиқоли нерӯи барқро аз Туркманистон ба Тоҷикистон иҷозат надод. Ва гӯё ки иллаташ имконнопазир будани интиқоли нерӯи барқ аз тариқи системаи энергетикии Узбакистон бошад. Яъне дар тӯли чанд даҳсолаи қаблӣ ин имкон дошту ҳоло не?”

 

Сарвазири Тоҷикистон гуфт, захираҳои обу энергетикии кишвараш бениҳоят бузург аст ва беш аз 527 миллиард киловаттро ташкил медиҳад. Аз ин захираҳои бузург Тоҷикистон ҳамагӣ 5 фоизашро истифода мебарад ва ягона роҳи баромадан аз бӯҳрони энергетикӣ барои Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ мебошад. Вай афзуд, Тоҷикистон феълан танҳо он нерӯгоҳҳоро месозад, ки бунёдашон дар солҳои 80-уми асри гузашта шурӯъ шуда буд ва бунёди нерӯгоҳи Роғун метавонад натанҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои минтақа ва ба вижа Афғонистонро бо барқ таъмин кунад.

 

Оқил Оқилов гуфт, ҷониби Узбакистон метарсад, ки баъд аз бунёди Роғун тақсимоти об нохолисона мешавад ва Тоҷикистон обро ба нафъи худ истифода хоҳад бурд. Аммо, дар айни замон, гуфт ӯ, кишвараш ҳамагӣ 15 дарсади тамоми оби дарёҳояшро истифода мекунад: “Ғунҷоиши обанбори нерӯгоҳи Роғун 13 миллиард метри мукааби об хоҳад буд. Оби обанбор на дар тӯли як ё ду сол, балки дар тӯли чанд даҳсола ҷамъ хоҳад шуд. Мо ба онҳо мегӯем, ки раванди ҷамъшавии об дар тӯли чандин даҳсола давом хоҳад кард. Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, ки агар мо аз роҳи маданӣ ҳамкорӣ кунем, мушкилоти обро мешавад ба нафъи мардуми Осиёи Марказӣ ҳал кард.”

 

Дар поёни нишаст Оқил Оқилов гуфт, СММ метавонад дар ҳалли вазъи баамаломада ва масъалаҳои марбут ба тақсимоти манобеъи обу энержии минтақа нақши муҳим бозад. Вай гуфт, раванди гуфтушунид миёни Тоҷикистону Узбакистон барои пайдо кардани роҳи ҳалли масъала бояд аз сар гирифта шавад.

 

Аммо ин барои бори нахустин аст, ки баҳси Узбакистону Тоҷикистон ба саҳнаи СММ кашонида мешавад. Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, Оқил Оқилов зимни мулоқотҳояш бо мақомоти СММ ҷиҳати кӯмак ба бӯҳрони, ба гуфтаи ин манобеъ, “муҳосира”-и Тоҷикистон аз ҷониби Узбакистон аз ин созмони мӯътабари ҷаҳонӣ кумак хостааст.

 

Латифи Латифӣ, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1994--qq-.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854