МАҶЛИСИ МИЛЛИИ НАВ ИНТИХОБ МЕШАВАД
25-уми март интихоботи Маҷлиси миллӣ – палатаи болоии парлумони Тоҷикистон баргузор мешавад. Аз 27 номзади пешбаришуда ҳама намояндагони ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва аксар мансабдорони баландпояи вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишваранд. Маҷлиси миллӣ - палатаи болоии парлумон на ба тариқи раъйдиҳии мардум, балки аз сӯи маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб мешавад.
Ин палатаи парлумонро 5-вакилӣ аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон ва ҳамчунин ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагӣ хоҳанд кард. Дар охирин нишасти ин ниҳоди қонунгузор, ки 4-уми март баргузор шуд, намояндагони он натоиҷи панҷ соли кори худро пурсамар хонданд. Кори палатаи болоии парлумон аз баррасӣ, такмил ва тасвиби қонунҳоест, ки Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии парлумон таҳия ва қабул мекунад.
Вале аксари таҳлилгарон фаъолияти Маҷлиси миллии Тоҷикистонро камранг ва нақши ин ниҳод дар бахши қонунгузории кишварро норавшан медонанд. Онҳо мегӯянд, бо сабаби якҳизбӣ будани аъзои Маҷлис аксари қонунҳо бидуни баҳсу баррасӣ ва бо хомӯшии вакилон қабул мешавад.
Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки танҳо дар сурати роҳ ёфтани намояндагони аҳзоби мухолиф ба Маҷлиси нави миллӣ фаъолияти ин ниҳод муассиртар хоҳад шуд. Маҷлиси миллӣ дар канори Маҷлиси намояндагон пас аз баргузории референдуми Сарқонуни кишвар дар соли 1999 мелодӣ таъсис шудааст.
Дар тӯли фаъолияти палатаи болоии парлумон раёсати онро Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, бар ӯҳда дошт. Маҷлиси миллии парлумони Тоҷикистон аз 33 курсӣ иборат аст ва 25 вакили он аз вилоятҳо ва шаҳрҳову ноҳияҳо интихоб мешавад. Тибқи қонун, 8 нафар аз аъзои Маҷлиси миллиро раисиҷумҳур таъин мекунад.
Президентони собиқи Тоҷикистон низ аз ҳаққи умрбоди узвият дар Маҷлиси миллӣ баҳраманд ҳастанд ва Қаҳҳор Маҳкамов ду давр инҷониб яке аз курсиҳои Маҷлиси миллиро дар ихтиёр дорад. Дар даври охирини Маҷлис Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, аз раҳбарони собиқ Иттиҳоди мухолифин ва рӯҳонии саршинос, бо фармони раисиҷумҳур ба узвияти он таъин гардида буд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1996-2010-03-25-06-09-04.html