19:45:31 02-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/25_--01-a-aaaaaworld_bank226.jpg'

ПАЁМИ БОНКИ ҶАҲОНӢ БА ДАВЛАТИ ӮЗБАКИСТОН

Расонаҳои Ӯзбакистон матни номаеро чоп кардаанд, ки ба масъули минтақаии Бонки Ҷаҳонӣ нисбат дода мешавад ва дар он тавзеҳоте дар бораи тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" ироа дода шудааст. Вебсойти "Правда Востока", як нашрияи вобаста ба давлати Ӯзбакистон, рӯзи панҷшанбеи 25 март матни ин номаро зери сарфасли "расмӣ" (официально) ва бо унвони "Паёми Бонки Ҷаҳонӣ ба давлати Ӯзбакистон" мунташир кард. Манобеъи Бонки Ҷаҳонӣ ирсоли чунин номаеро ҳануз таъйид накардаанд ва дар сойти интернетии ин бонк ҳам дар ин бора ҳеч гуна иттилоъе ироа нашудааст.

 

Ҳарчанд ин паём, ки аз номи Филип ле Уэйр, ноиб-раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Урупо ва Осиёи Марказӣ, таълиф шуда, зоҳиран 22 март содир шудааст, вале расонаҳои Ӯзбакистон онро тоза мунташир кардаанд. Дар ин нома ба давлати Ӯзбакистон тавзеҳ дода мешавад, ки мутолеъаи фаннию молӣ, зистмуҳитӣ ва иҷтимоъии (тарҳи "Роғун") ба манзури арзёбии вазъияти фаннӣ ва хатароти иҷтимоъию зистмуҳитӣ ва чигунагии фоидаи ин тарҳ сурат мегирад.

 

Аз матни ин нома бармеояд, ки мутолеъаи тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" дар Тоҷикистон бо усул ва меъёрҳои Бонки Ҷаҳонӣ, аз ҷумла тасвиби мароҳили мутолеъа аз сӯйи ин бонк, баррасии натоиҷи он аз сӯйи коршиносони мустақилли байналмилалӣ, мушовара бо давлатҳои зинафъ дар ҳавзаи рӯдхонаҳои фаромарзӣ, созгор хоҳад буд.

 

Дар ин нома аз ҷумла омадааст: "Мо нигарониҳои Шумо дар бораи корҳое, ки дар тарҳи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" то замони ба даст омадани натоиҷи мутолеъаи фаннию иқтисодии ин тарҳ ва мутолеъоти дигар анҷом мешаванд, мепазирем."

 

Ин нома меафзояд: "Дар моҳҳои сентябр ва декабри соли 2009, замоне ки тими Бонки Ҷаҳонӣ аз ин тарҳ дидан кард, корҳои сохтмонии анҷомшуда аз тадобири бозсозӣ ва эҳёи таъсисот, корҳои зерзаминӣ ва роҳҳои вурудие иборат буд, ки дар обхезиҳои соли 1993 ва баъд аз он вайрон шуда буданд."

 

Масъули минтақаии Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчунин навиштааст намояндагони ин бонк бо давлати Тоҷикистон тавофуқ кардаанд, ки корҳои сохтмонии оянда агар аз чаҳорчӯби умури бозсозӣ хориҷ шавад, бояд танҳо бар асоси натоиҷи мутолеъоте анҷом шавад, ки ин бонк ба уҳда гирифтааст.

 

Вай меафзояд: "Бояд таъкид кард, ки мушорикати Бонки Ҷаҳонӣ дар тарҳи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" ба таъйиди натоиҷи мутолеъаи фаннию молӣ, иҷтимоъӣ, зистмуҳитӣ ва судовар будани ин тарҳ бастагӣ дорад ва ҳамчунин ба мушовараҳое, ки дар ин замина анҷом шудаанд. Ин амр дар мавриди ҳамаи тарҳҳое, ки аз ҳимояти Бонки Ҷаҳонӣ бархурдоранд, сидқ дорад."

 

Дар "Паёми Бонки Ҷаҳонӣ ба давлати Ӯзбакистон" ҳамчунин зикр шудааст, ки давлати Тоҷикистон таъаҳҳудоти худро ба ин ки натоиҷи мутолеъа мавриди баррасии коршиносони байналмилалӣ қарор хоҳад гирифт, иброз доштааст.

 

Дар канори ин, давлати Тоҷикистон бо пешниҳоди Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи истихдоми коршиносони шоистаи умури сохтмонӣ ба манзури назорат бар ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва арзёбии мустақилли кайфияти корҳои анҷомшуда, ки салоҳияти онҳоро бонк таъйид мекунад, мувофиқат кардааст.

 

Масъули минтақаии Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчунин хабар додааст, ки ҳайъате аз коршиносони аршади фаннӣ аз 20 то 27 апрел барои арзёбӣ ва мушоҳидаи корҳои анҷомшуда дар тарҳи "Роғун" ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард. Ин гурӯҳ шомили яке аз коршиносони аршади Бонки Ҷаҳонӣ дар умури саддҳои нерӯгоҳӣ ва коршиносони тарҳҳои энержии обӣ хоҳад буд.

 

Филип ле Уэйр навиштааст, ки худи вай ҳам бо Стефан Линтнер, мушовир дар умури меконисмҳои эманӣ дар Бонки Ҷаҳонӣ ба манзури баррасии мушорикати коршиносони байналмилалӣ дар мутолеъаи тарҳи "Роғун" аз кишварҳои ҳавзаи рӯдхонаҳои фаромарзӣ дар Осиёи Миёна боздид хоҳад кард.

 

Дар поён ин масъули Бонки Ҷаҳонӣ давлати Ӯзбакистонро итминон додааст, ки тақозоҳои ин кишвар ва кишварҳои дигари минтақа, бавижа дар мавриди ироаи иттилоъоти бетарафона, айнӣ ва созгор шунида хоҳанд шуд.

 

Вай ҳамчунин мегӯяд: "Тасмими бонк дар мавриди ҳимояти молӣ ё ҳар гуна мушорикат дар тарҳи ("Роғун") дар оянда ба натоиҷи мутолеъа бастагӣ хоҳад дошт. Мо умедворем, ки давлати Ӯзбакистон аз талошҳои мо бо руҳияи эътимод ва ҳамкорӣ ҳимоят кунад."

 

Зимнан, барои нахустин бор нест, ки расонаҳои Ӯзбакистон аз мукотиботи эҳтимолан маҳрамонаи мақомоти Бонки Ҷаҳонӣ бо кишварашон дар бораи тарҳҳои энержии Тоҷикистон гузориш медиҳанд. Дар авохири моҳи апрели соли гузашта расонаҳои Ӯзбакистон номае "аз Роберт Зулик, раиси Бонки Ҷаҳонӣ ба Ислом Каримов, раиси ҷумҳурро" чоп карда буданд, ки дар он низ тавзеҳоти мушобеҳе дар бораи тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" ба ин кишвар, ки бо иҷрои ин тарҳ мухолиф аст, ироа мешуд.

 

Баъдан мақомоти Бонки Ҷаҳонӣ ирсоли чунин номаеро таъйид карда, вале аз давлати Ӯзбакистон барои интишори он интиқод карда буданд. Бо гузашти як сол аз он нома ба назар мерасад, ки давлати Ӯзбакистон ҳамчунон дар мавриди анҷоми мутолеъот перомуни тарҳи "Роғун" мутақоъид нашуда ва шояд ба ҳамин далел тайи як соли ахир борҳо мухолифати худ бо иҷрои ин тарҳро иброз доштааст.

 

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон нигарониҳои кишвари ҳамсояро бепоя хонда ва тайи солҳои ахир маболиғи зиёде аз буҷети давлат барои корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи "Роғун" ихтисос додаанд. Аз оғози соли милодии ҷорӣ давлати Тоҷикистон корзоре ба роҳ андохта ва аз мардум хостааст, ки бо харидории саҳоми нерӯгоҳи "Роғун" дар иҷрои ин тарҳ, ки "ҳаёту мамот ва ифтихори миллат" хонда мешавад, фаъъолона саҳм гузоранд.

 

Коршиносон мегӯянд, ки агар "паёми Бонки Ҷаҳонӣ ба давлати Ӯзбакистон" таъйид шавад, пас ин нишонае аз талошҳои ин бонк барои коҳиши таниш миёни кишварҳои минтақа бар сари ин тарҳ аст. Аз сӯйи дигар, ин паём нишон медиҳад Бонки Ҷаҳонӣ, ки аз мубтакирони тарҳи интиқоли барқ аз Осиёи Миёна ба кишварҳои Осиёи Ҷанубист, ба мушорикат дар сохтмони ин нерӯгоҳ ва касби даромад дар дарозмуддат алоқаманд аст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1998-2010-03-25-17-43-40.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854