ПОСУХИ ӮЗБАКИСТОН БА ТАЗАККУРИ ТОҶИКИСТОН
Давлати Ӯзбакистон мегӯяд ба ёддошти ҷониби Тоҷикистон дар бораи мутаваққиф шудани тронзити қаторҳои борияш дар қаламрави Ӯзбакистон посух додааст. Як манбаъи муътабари вобаста ба давлати Ӯзбакистон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки дар посухи мақомоти ӯзбак ба давлати Тоҷикистон таъкид шудааст, ки қаторҳои бории ин кишвар дар зудтарин фурсат иҷозаи ҳаракат хоҳанд ёфт.
Аммо манобеъи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабари дарёфти посух аз Ӯзбакистонро ҳанӯз таъйид накардаанд. Ин вазоратхона се рӯз пеш дар ёддоште, ки ба Тошканд ирсол кард, аз мутаваққиф шудани ҳаракати беш аз 1000 вогуни бории Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда буд.
Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон, ҳам зимни суханронӣ дар ҳамоиши оби Созмони Милали Мутаҳид дар Ню-Йурк аз давлати Ӯзбакистон барои иҷозаи ҳаракат надодан ба қаторҳои бории Тоҷикистон башиддат интиқод карда буд. Мақомоти Ӯзбакистон мегӯянд, ки мушкили таъвиқ дар ҳаракати қаторҳо ё вогунҳои бории Тоҷикистон ба далоили фаннӣ ва лоҷистикӣ (омоишӣ ё ҳамлу нақлӣ) пеш омадааст.
Дар посухномаи ҷониби Ӯзбакистон аз ҷумла омадааст, ки ҳаракати вогунҳои Тоҷикистон дар натиҷаи "афзоиши чанд баробари ҳамлу нақл ва пурбории роҳҳои оҳани" ин кишвари ҳамсоя "ба хотири интиқоли колоҳои ғайринизомӣ ва башардӯстона (-и Омрико ва НОТУ) ба Афғонистон" мутаваққиф шудааст.
Манобеъи расмӣ дар Тошканд мегӯянд далели дигари ба таъхир уфтодани ҳаракати қаторҳои бории Тоҷикистон "мушкилоти марбут ба обу ҳаво, аз ҷумла тӯда шудани барф дар бархе аз қитаъоти роҳи оҳани Ӯзбакистон" аст, ки аз ҳаракати қаторҳо монеъ шудааст.
Дар пайи дарёфти ёддошти ҷониби Тоҷикистон, давлати Ӯзбакистон ширкати роҳи оҳани ин кишварро муваззаф кардааст, ки барои ҳалли мушкилоти марбут ба тронзити колоҳои барои иқтисоди Тоҷикистон муҳим ҷадвале таҳия карда ва иҷозаи гузари онҳоро дар зудтарин фурсат бидиҳад.
Ҳарчанд ба гуфтаи сухангӯйи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, ҳануз посухи ҷониби Ӯзбакистон ба ин вазоратхона нарасидааст, вале мақомоти Ӯзбакистон мегӯянд, ки вазири хориҷа ва раисҷумҳури Тоҷикистон "дар ҷараёни ин иттилоъ гузошта шудаанд."
Мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистон пештар хабар дода буданд, ки вогунҳои мутаваққифшуда колоҳои мухталиф, аз ҷумла маводди сухти реактивӣ барои ҳавопаймоҳо, гилхок барои корхонаи олуминиюм, таҷҳизот барои тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" ва воҳидҳои кишоварзӣ, дору ва маводди дигари муҳим барои иқтисоди ин кишварро дар бар доштаанд.
Бархе аз мақомоти тоҷик давлати Ӯзбакистонро ба он муттаҳам кардаанд, ки ин кишвар мехоҳад Тоҷикистонро дар "муҳосирае иқтисодӣ" қарор бидиҳад. Нахуствазир Оқилов дар ҷараёни сафараш ба Ню-Йурк гуфтааст, ки далоили фаннӣ доштани таваққуфи вогунҳои бории Тоҷикистон "баҳонае беш нест." Вай афзуда, ки роҳҳои оҳани Ӯзбакистон аз шароити муносибе барои убуру мумури бидуни монеъи вогунҳо бархурдоранд.
Аз суханони оқои Оқилов чунин бармеояд, ки ҷониби Тоҷикистонро таъхир дар расидани маводди кишоварзӣ нигарон кардааст: "Беш аз 70 дарсади мардуми Тоҷикистон ба кишоварзӣ машғуланд ва онҳо наметавонанд дар вақташ маводди сӯхт дарёфт кунанд."
Аммо бархе аз манобеъ ҳамчунин бо ишора ба ин ки теъдоде аз вогунҳои таълиқшуда мавод ва таҷҳизоте барои тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" доранд, муътақиданд, ки Тошканд мехоҳад бо мутаваққиф кардани ин вогунҳо ба тасмими қотеъонаи Тоҷикистон ба бунёди ин нерӯгоҳ бо мушкилофаринӣ посух бидиҳад.
Ин ду кишвар аз оғози замони истиқлоли худ аз Шӯравӣ равобити гарме бо ҳам надоштаанд. Ӯзбакистон мубтакири низоми раводид бо Тоҷикистон шуда ва барои ҷилавгирӣ аз убуру мурури ғайриқонунӣ дар марзҳои худ бо ин кишвар минҳои зиддинафар гузоштааст. Дар натиҷаи таркиши минҳои зидди нафар беш аз 75 табаъаи тоҷик кушта ва ҳудуди 90 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Тошканд ҳамчунин интиқоли барқу гоз ба Тоҷикистонро дар солҳои пешин ҳамвора мутваққиф карда ва бо иҷрои тарҳи нерӯгоҳи "Роғун", ки мақомоти тоҷик онро "ҳаёту мамоти давлатдории тоҷикон" хондаанд, башиддат ибрози мухолифат кардааст.
Мақомоти ӯзбак мегӯянд, ки ин тарҳ бар вазъи муҳити зист ва обёрии мазореъи панбаи онҳо асароти ҷиддие хоҳад гузошт, вале тоҷикон ин иддаъоро бепоя хонда ва мегӯянд, ки кишвари ҳамсоя "сиёсати душманонае" дар пеш гирифта ва "пешрафти Тоҷикистонро намехоҳад."
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1999-2010-03-25-17-50-25.html