19:28:06 02-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/27_--01-a-aaaaajanobon_22.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/27_--01-a-aaaaajanobon_22.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/27_--01-a-aaaaajanobon_22.jpg'

МУЛОҚОТИ РАҲМОН БО АҲМАДИНАЖОД ДАР ШАҲРИ МЕҲРОБОД

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар тантанаҳои таҷлили байналмилалии иди «Наврўз» ва баррасии масоили ҳамкории дуҷониба бо сафари корӣ вориди Ҷумҳурии Исломии Эрон шуд. Дар фурўдгоҳи байналмилалии Меҳрободи шаҳри Теҳрон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқбол гирифтанд.

 

Худи ҳамин рўз дар шаҳри Теҳрон музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари дўсту ҳамзабон баргузор гардид. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон барои дастгирӣ ва пуштибонӣ аз нахустин иҷлоси Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ дар минтақаи Осиёи Миёна, ки моҳи майи соли равон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, арзи сипос намуд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин даъват намуд, ки дар ҳамоиши байналмилалии «Об барои ҳаёт – солҳои 2005-2015», ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштироки фаъол дошта бошад.

 

Аз вусъат ёфтани ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамлу нақли транзитӣ ва саноат изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Қаноатмандӣ, аз ҷумла, аз рафти сохтмони нерўгоҳи обии Сангтўда-2, ҷудо гаштани 5 миллион доллари амрикоӣ барои анҷоми комили корҳои сохтмонии нақби «Истиқлол» ва аз оғози раванди омодасозии асноди асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаҳои бунёди нерўгоҳҳои обии Шўроб ва Айнӣ зоҳир карда шуд.

 

Гуфтугўйи судманд оид ба густариши минбаъдаи ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ оид истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, коркарди пахта ва пашму пўст, меваю сабзавот, истеҳсоли хўрокворӣ ва дигар маводи ниёзи ҳаррўза ва ҳамчунин дар бахшҳои растанипарварӣ, парандапарварӣ сурат гирифт.

 

Таваҷҷўҳи зиёд ҳамчунин ба ҳамкориҳои сеҷонибаи Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Афғонистон зоҳир карда шуд. Гуфтугўйи судбахш доир ба суръат бахшидан ба масъалаҳои тарҳрезӣ ва омода намудани лоиҳаҳои сохтмони роҳи заминӣ дар масири «Панҷи Поён (ҶТ) – Қундуз – Пули Хумрӣ – Мазори Шариф – Шибирғон – Маймана – Ҳирот (ҶИА) – Машҳад (ҶИЭ)», бунёди роҳи оҳани «Румӣ – Панҷи Поён – Қундуз – Мазори Шариф – Ҳирот – Машҳад», хатти интиқоли барқи «Роғун – Сангтўда – Мазори Шариф – Ҳирот – Машҳад» сурат гирифт.

 

Ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ – техникӣ «аз бахшҳои муҳими робитаҳои бародаронаи Тоҷикистону Эрон» маънидод гардид. Бо истифода аз фурсати муносиб Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод ҳамдигар ва мардумони Тоҷикистону Эронро бо иди Наврўз ва ҷашни умумиҷаҳонӣ эълон гаштани он табрику шодбош гуфтанд.

 

Мубодилаи андешаҳо ҳамчунин оид ба ҳамгироӣ дар чаҳорчўби Созмони Конфронси Исломӣ ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҷараён гирифт. Хотиррасон бояд кард, ки тантанаҳои таҷлили байналмилалии иди «Наврўз» имрўз дар шаҳри Теҳрон баргузор мегарданд. Интизор меравад, ки дар ин тантанаҳо, дар баробари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин сарони давлатҳои Афғонистон, Ироқ ва Туркманистон иштирок намоянд.

 

Худи ҳамин рўз ҳамчунин мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари муаззами Ҷумҳурии Исломии Эрон Алии Хоманеӣ ва роҳбарони дигар давлатҳои ширкаткунандаи ин ҳамоиши байналмилалии наврўзӣ дар назар аст.

 

АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2007-2010-03-27-06-51-39.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854