05:14:20 03-уми Декабри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Декабр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

РАДДИЯИ ДОДСИТОНИ КУЛ ДАР МАВРИДИ СОЛЕҲОВ

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, Муҳаммадназар Солеҳов, собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон худкушӣ кардааст.

Бобоҷон Бобохонов зимни як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе хабари бархе аз расонаҳои хориҷиро, ки Солеҳов ҳангоми боздошт кушта шудааст, бепоя хонд. Вай гуфт, ҳолати сархушии Солеҳов худкуширо дар ӯ ангехтааст: "Ҳамин ҳолати мастӣ худкуширо тезонд. Ин ҷо ягон ҷои баҳсноке нест. Вақте ки шаш-ҳафт эпизод қатӣ дар назди қонун ҷавоб гуфтан даркор, шахси масъули давлатӣ, вазири корҳои дохилӣ, албатта, тарсу ҳаросу ҷавобгарӣ ҳис мешавад. Локин дар ҳолати мастӣ будан ин ҳолатро тезондааст."

Вай ба ҳайси шоҳиди ин ҳодиса Абдураҳмон Бузмаков, сарвари гурӯҳи маъмур дар боздошти Муҳаммадназар Солеҳовро, ки дар ин нишасти хабарӣ ҳузур дошт, хоҳиш кард, то ҷараёни ин иттифоқотро ба хабарнигорон шарҳ диҳад. 

Бузмаков гуфт, ҳангоме аз собиқ вазири худ хоҳиш кардааст, ки тибқи дастури боздошт бояд ҳамроҳи ӯ ба додситонӣ равад, марҳум Солеҳов гуфтааст, аз ин дарак дорад.

Абдураҳмон Бузмаков гуфт: "Ман ҳамсӯҳбат шуда гуфтам, ки Маҳмадназар Соҳибович, шумо ҳамроҳи мо бояд ба прокуратураи генералӣ равем. Ва ҷонишинма, ки Нирумадов, қатии ман буд, санктсияи прокурор дар дасти ман буд, ман гуфтам, ки папкара биёред наздик, он касо гуфтанд, ки агар дар бораи ба ҳабс гирифтани ман бошад, аллакай ман дарак дорам. Локин дар баданаш либосҳои варзишӣ, одмиёна буд, аз ман ҳамин қадар хоҳиш кард, ки Абдураҳмон, ман Раҳматуллода як гап дорам ва либосҳоямро иваз мекунам, бо ҳамроҳии Шумо куҷое ки гӯед, меравам. Шахсан бо ҳамроҳии худат меравам. Ва ба ҳамон хонае, ки ман гуфтам, дараш кушода буд, ҳамон ҷо даромаду Раҳматуллоро ба наздаш даъват кард, ман дар пеши дар истодагӣ будам. Раҳматулло хост, дарро пӯшад, ман гуфтам, ки не, дарро намепӯшем, мо меистем ва нигоҳ мекунем. Ва гузашта рафта, дар кресло-диван шиштанд, пистолетро аз тарафи дасти чапаш гирифта, ба парраи сари худаш зад. Мо ду корманди дигар ҳам қатӣ давида рафтем, хостем ёрии аввалина расонем, ки аллакай вайо дигар на нафас мегирифтанд, на вай мекарданд."

Оқои Бузмаков гуфт, дар дастархони яке аз хонаҳои вазири собиқи умури дохила машруботро дидааст. Бобоҷон Бобохонов ҳам гуфт, шояд фикри худкушӣ дар сари марҳум Солиев дар пайи зиёд нӯшидани машрубот омадааст.

Додситони кулли Тоҷикистон пас аз оқои Бузмаков, Раҳматулло Асадулоев, собиқ сарвари Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистонро минҳайси хешованд ва шоҳиди ҳодиса даъват кард. Оқои Асадуллоев тамоми гуфтаҳои оқои Бузмаковро тасдиқ кард, аммо гуфт, аз мавҷудияти машрубот дар дастархони марҳум Солеҳов хабар надорад. 

Додситони кулли Тоҷикистон ахбор дар расонаҳои хориҷӣ дар мавриди сурат гирифтан тирпаронӣ дар хонаи М. Солеҳов, вазири собиқи дохилаи Тоҷикистонро ва ҳамчунин шаҳодати ҳамсар ва фарзанди марҳум дар бораи кушта шудани ӯ аз сӯйи афроди маъмури ҳукуматро такзиб кард. 

Қаблан ҳамсар ва фарзанди М. Солеҳов ба расонаҳо гуфта буданд, ки падари хонадони онҳо аз сӯйи гурӯҳи маъмур ба ҳангоми боздошт кушта шудааст.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ додситони кулли Тоҷикистон, Бобоҷон Бобохонов, расонаҳои дохиливу хориҷии Тоҷикистонро ба воқеӣ баррасӣ кардани ин қазия даъват кард ва афзуд, ин ахбор обрӯйи Тоҷикистонро дар сатҳи байнулмилал халалдор мекунанд.

Фарҳоди Милод, «Озодӣ» 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi