ТОҶИКИСТОН “ВОКСИНИ” ЗИДДИ ИНҚИЛОБ ДОРАД
Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, ки таъсири нооромиҳои Қирғизистон ба вазъият дар Тоҷикистон чандон амиқ нахоҳад буд. Вай рӯзи ҷумъа, 9 апрел, баъд аз мулоқоташ бо масъулони сафорати Омрико дар мақарри ин ҳизб ба хабарнигорон гуфт, ки бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаи ҷанги шаҳрвандии худ дар солҳои 1990 Тоҷикистон “алайҳи инқилобҳо воксин гирифтаст.”
Ҳарчанд Ҷарлз Мартин, масъули бахши сиёсии сафорати Омрико, баъд аз мулоқоташ бо масъулони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, дар ин мулоқот вазъияти кунунӣ дар Қирғизистон матраҳ шуд, вай ҷузъиёти сӯҳбатро ошкор накард. Вале оқои Кабирӣ гуфт, ки ба ҷуз аз масоили Қирғизистон дар ин мулоқот бо масъулони сафорати Омрико дар шаҳри Душанбе мавзӯъи “тақаллуб дар натиҷагирӣ аз интихоботи порлумонии Тоҷикистон ва авоқиби он” низ дар миён гузошта шуд.
“Тақдири низомҳои худкома
мушобеҳ ба Боқиев хоҳад буд”
Муҳиддин Кабирӣ гуфт, масоили аслӣ дар мулоқот нооромиҳо дар Қирғизистон ва эҳтимоли таъсири он ба вазъияти кишварҳои дигари минтақа буд. Оқои Кабирӣ бо изҳори таассуф аз талафоти ҷонӣ дар миёни сокинони ғайринизмии Қирғизистон мегӯяд, ки таъсири ҳаводиси ахири Қирғизистон ҳатман ба вазъи сиёсӣ ва иҷтимоъии кишварҳои ҳамсоя эҳсос хоҳад шуд.
Вай афзуд: “Билохира мардум дар кишварҳои минтақа низ ба натиҷае хоҳанд расид, ки дер ё зуд низомҳои худкома ва фасодзада бояд иштибоҳоташонро ислоҳ кунанд ва ё оқибати ҳамаашон мушобеҳ ба тақдири президентҳо - Оқоев ва Боқиев хоҳад буд. Аз сӯйи дигар барои мақомоти кишварҳои минтақа шояд ин вазъият як дарсе бишавад, то онҳо ба ҳарфҳои мардум гӯш бидиҳанд.”
Вале раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, умед дорад мардуми кишварҳои минтақа аз даст задан ба қонуншиканӣ худдорӣ мекунанд.
Оқои Кабирӣ афзуд: “Вазъият дар Қирғизистон бояд ибрате ба мақомоти кишварҳои минтақа шавад, то вазоифи аслии худ, яъне хизмат ба мардум ва беҳбудии зиндагии онҳоро иҷро кунанд ва донанд, ки фасоди молӣ, хешовандсолорӣ ва ҷамъоварии сармояи як кишвар дар дасти як хонавода ва ё як гурӯҳи муъайян авоқиби хубе нахоҳад дошт.”
Оқои Кабирӣ мегӯяд, ки дар мулоқот бо Ҷарлз Мартин, масъули бахши сиёсии сафорати Омрико, ҳамчунин вазъияти баъд аз интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла боздошт шудани Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов, яке аз аъзои ин ҳизб дар ноҳияи Вахши устони Хатлонро матраҳ кардааст. Вай гуфт, таъқиби аъзои ҳизб ва боздошти узви он "охирин умеди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба фаъолияти шаффофи мақомот аз миён бурдааст."
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, талошҳои худро барои ба додгоҳ кашидани он идда аз масъулони ҳавзаҳои интихоботӣ, ки дар ҷараёни шумориши орои раъйдиҳандагон ба тақаллуб даст заданд, идома медиҳад. Вай таъкид кард, ки ҳизб барои расидан ба ин ҳадаф аз роҳи фаъолияти ду намояндааш дар порлумон низ истифода хоҳад кард.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2087-2010-04-09-20-41-09.html